Тавсеаи ҳамкориҳо бо ширкати «ЛИРА софт»

 08.10.2021

Истифодаи барномаҳои ширкати «ЛИРА софт» аз ҷониби омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ ҳангоми моделсозӣ васеъ истифода мешавад. Аз ин рӯй, барои қонеъ кардани талабот ва дастрас кардани барномаҳои муосири моделсозӣ миёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ ва ширкати «ЛИРА софт» дар самти фаъолияти илмӣ-техникӣ шартнома ба имзо расид.

Шартномаи мазкур самтҳои гуногуни фаъолиятро дар бар гирифта, барои беҳтар гардонидани сатҳи таълим дар донишгоҳ мусоидат менамояд. Боиси зикр аст, ки барномаҳои ширкати болозикр дар нақшаи таълимӣ ҷой дода шуда, муҳассилини равияҳои сохтмон ва меъморӣ дар раванди таълим онҳоро зиёд истифода менамоянд.

Зимнан, ҷиҳати ба сатҳи нав баровардани ҳамкориҳо миёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ ва ширкати «ЛИРА софт» ҷонибҳо омодагии худро барои татбиқи як қатор чорабиниҳо, аз ҷумла баргузории «Рӯзи мутахассис» (День специалиста), ташкил ва баргузории чорабиниҳои илмӣ-техникӣ, баргузории машваратҳои дуҷониба доир ба омода кардани пешниҳодҳои мушаххас вобаста ба санадҳои меъёрӣ, муомилоти судманди иттилооти зарурӣ ва дигар чорабиниҳои мавриди назари ҷонибҳоро изҳор намуданд.

Ҳамчун рамзи дӯстӣ роҳбарияти ширкати «ЛИРА софт» 20 адад барномаро бо калидҳои махсус барои пешбурди корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ба донишгоҳ тақдим намуд.


Back to list