Самти дигари фаъолияти корҳои тарбиявӣ солимгардонии мардум ба воситаи кафедраи тарбияи ҷисмонии донишгоҳ ба ҳисоб рафта, дар ин раванд аз тарафи раёсати донишгоҳ мувофиқи имкон шароити зарурӣ, аз ҷумла се майдончаи варзишӣ ва се толори варзишӣ бо таҷҳизоти ҳозиразамон муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Бояд қайд намуд, ки раёсати донишгоҳ, устодон, кормандон ва донишҷӯён дар мусобиқаҳои варзишии сатҳи донишгоҳӣ, ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ иштирок мекунанд. Муваффақиятҳои варзишии донишгоҳ солҳои охир нисбат ба солҳои гузашта назаррас мебошанд. Варзиш василаи ҳифзи солимии ҷомеа маҳсуб мешавад. Ин масъала ба таври ҳамешагӣ дар мадди назари шуъбаҳои сохтори тарбия қарор дорад.

Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ тӯли фаъолияти 65-сола ҳар сол Спартакиада – мусобиқаҳои варзишии умумидонишгоҳӣ байни омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯён гузаронида мешавад. Дар Спартакиадаҳо мусобиқаҳо бахшида ба ҷашнҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намудҳои варзиши гуногун дар назар дошта шудааст.

Ғайр аз ин дастаи варзишии донишгоҳ дар мусобиқаи байни кормандони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, мусобиқаҳо бахшида ба иди Наврӯзи аҷам фаъолона иштирок менамояд.