Шурои ветеранҳои ҷангу меҳнат ё худ Шурои собиқадорони донишгоҳ ҳамеша такягоҳи боэътимоди донишгоҳ мебошад. Раёсати донишгоҳ баҳри беҳтар кардани шароити иҷтимоии собиқадорон ғамхории пайваста зоҳир менамояд, ки ташкили истироҳати хуб, муолиҷа, кумакпулӣ аз зумраи онҳост.

Имрӯз ин ташкилот бо сарварии ректори донишгоҳ корҳои наҷиберо анҷом медиҳад ва дар ташаккули ватанпарастӣ, меҳнатдӯстӣ, садоқат ба Ватан дар ниҳоди насли наврас ва ҷавонон саҳми шоиста мегузорад.

Зарурати таъсис додани ин шӯрои ҷамъиятӣ гузарондани корҳои тарғиботӣ, ҳифзу ҳимояи собиқадорони донишгоҳ мебошад. Инчунин, Шурои собиқадорон чун шӯрои доимоамалкунанда сиёсати имрӯзаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро тарғиб карда, дар чорабиниҳои сиёсӣ ва фарҳангӣ иштирок менамояд. Корҳои тарбиявӣ, ватанпарастӣ ва меҳнатдӯстӣ аз ҷониби онҳо миёни донишҷӯёни донишгоҳ хуб ба роҳ монда шудааст.