Осорхонаи донишгоҳ фаъолияти худро дар асоси низомнома, нақшаи солона ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба роҳ мондааст, ки таърихи фаъолияти олимону муҳаққиқон ва донишҷӯёни донишгоҳ дар он гирд оварда шудаанд.

Мақсади асосии осорхона бозёфт, ҷамъоварӣ, бақайдгирии таҳқиқ, ҳуҷҷатнигорӣ, ҳифз, нигоҳдорӣ, истифода, ташкил, такмили фонди осорхонаи донишгоҳ, масъалагузории мушкилоти осорхонавӣ, таҳияи барномаҳои соҳавӣ, ба тамошо муҳайё сохтани дастовардҳои донишгоҳ ба меҳмонони дохиливу хориҷӣ ва таблиғи фаъолияти имрӯзу дирӯзи донишгоҳ аст.

Осорхонаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ аз гӯшаҳои “Ҳунарҳои мардумӣ”, тӯҳфаҳои роҳбарияти ниҳодҳои гуногуни давлатҳои ҷаҳон ба донишгоҳ, дастовардҳои варзишгарон, дастовардҳои “65 соли таъсисёбии донишгоҳ”, “Табрикнома”-ҳо, “Ифтихорнома”-ҳо, “Сипоснома”-ҳо, лавҳаҳои таърихи донишгоҳ ва дигар қисматҳои осорхонавӣ иборат аст.

Осорхона барои ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ дар донишгоҳ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи донишазхудкунии аспирантону магистрон, донишҷӯёну хонандагон ва ташаккул додани ҳисси худшиносию ифтихори миллӣ мусоидат менамояд.

Дар осорхона бештар кори идеологӣ ва тарбиявӣ мушоҳида шуда, донишҷӯён ба он барои ошно гардидан бо таърихи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ ҷалб карда мешаванд.

Роҳбари осорхона ба зиммаи Амонатова Ф.Қ. гузошта шудааст.