КОНФЕРЕНСИЯИ ҲИСОБОТИЮ ИНТИХОБОТИИ КУМИТАИ ИТТИФОҚИ КАСАБАИ УСТОДОН ВА КОРМАНДОНИ ДОНИШГОҲ


Имрӯз дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ конференсияи ҳисоботию интихоботии Кумитаи иттифоқи касабаи устодон ва кормандони донишгоҳ баргузор гардид.

Ҷаласаро ректори донишгоҳ Давлатзода Қ.Қ. ифтитоҳ бахшид.

Дар кори конференсия доир ба фаъолияти Иттифоқи касабаи устодон ва кормандони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар давраи ҳисоботӣ (солҳои 2015-2021) раиси кумита Аминов Ш.А. ҳисобот дод. Баъдан ҳисоботи Комиссияи назоратию тафтишотии Иттифоқи касабаи устодон ва кормандони ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ дар давраи ҳисоботӣ (ҳисоботи раиси комиссия Тӯйчиев Н.Т.) шунида шуд. Пас аз он ҳайати нави Иттифоқи касабаи устодон ва кормандон ва раиси Иттифоқи касабаи устодон ва кормандони ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ, Комиссияи назоратию тафтишотии Иттифоқи касабаи устодон ва кормандон, комиссияҳои доимии назди Иттифоқи касабаи устодон ва кормандон, вакилон ба Анҷумани Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи меъёри пешбинигардида интихоб гардиданд.

Дар кори конференсия сардори шуъбаи робита бо ҷомеа ва муносибатҳои байналмилалии Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбоналӣ Раҳмонов ва вакилони конференсия иштирок намуданд.

Дар охир ба фаъолон ифтихорномаву сипосномаҳои иттифоқи касаба супорида шуд.

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.


Назад к списку