ОМОДАГИИ ДОНИШГОҲ БА ЧОРАБИНИИ ТЕАТРИКУНОНИДАШУДАИ ПОЙТАХТ

 21.05.2021

Имрӯз таҳти роҳбарии Давлатзода Қ.Қ. - ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар майдончаи варзишии факултети Сохтмон ва меъморӣ раёсати донишгоҳ бо донишҷӯёне, ки дар чорабинии театрикунонидашуда бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок мекунанд, вохӯрӣ доир намуд.

Дар ин чорабинӣ раёсати донишгоҳ донишҷӯёнро барои дар сатҳи зарурӣ гузаронидани омодагиҳо, иштироки ифтихормандона дар ин чорабинии фарҳангию сиёсӣ даъват намуда, ҳамагонро бовар кунонд, ки аз ҷониби донишгоҳ низ иштирокдорони ин маърака - ҳам устодон ва ҳам донишҷӯён дастгирӣ хоҳанд ёфт.

Шахси масъули ин чорабинӣ аз донишгоҳ - Ашӯрзода А.Н. - муовини ректор оид ба тарбия тамоми нозукиҳо, шартҳо ва талаботи мавҷударо ба ҳамгон фаҳмонида, эълон дошт, ки ҳоло донишҷӯён ин ҳафта аз паси супоридани санҷиши фосилавӣ (рейтинг)-и дуюм бошанд. Рӯзи 21-уми июни соли 2021 дар ҳамин майдонча вохӯрии навбатӣ соати 7-00-и саҳар таъйин карда шуд.

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.


Назад к списку