ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ ДАР ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ТОҶИКИСТОН – ВАТАНИ АЗИЗИ МАН»

 09.06.2021

Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5-уми феврали соли 2020, №АП-1335 ва қарори марбутаи Раиси шаҳри Душанбе аз 13-уми апрели соли 2020, №-252 озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» доир гардид, ки рӯзи 08.06.2021 аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ панҷ нафар дониҷшӯён дар даври ноҳиявӣ иштирок намуданд.

 

Иштироккунандагон Назаров Шерзод Илҳомуддинович, донишҷӯйи курси 2, ихтисоси 500101-01А (ресидани нахҳои табиӣ) дар жанри эстрада, Вафои Шуҳратёр, донишҷӯйи курси 3, ихтисоси 70040103 (сохтмон ва истифодабарии неругоҳҳои барқи обӣ) дар жанри навозандагӣ, Содиқов Далер Нарзуллоевич, донишҷӯйи курси 2, ихтисоси 270101-12 (иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот) дар жанри эстрада, Муродзода Шоҳиддин Меҳроҷиддин, донишҷӯйи курси 2, ихтисоси 270101-17 (иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот дар сохтмон) дар жанри шашмақом ва Ҳофизи Қиёбекзода, донишҷӯйи курси 2, ихтисоси 690101-А2 (меъморӣ ва дизайн) дар жанри эстрада мебошанд.

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.


Назад к списку