ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ХАТМКУНАНДА ДАР ДОНИШГОҲ

 06.07.2021

Имрӯз дар Рӯзи хатмкунанда, ки ҳамасола чун анъана дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ баргузор мегардад, дар вазъияти тантанавӣ ба 58 нафар (31 нафар бакалавр ва 27 нафар магистрон) хатмкунандагони донишгоҳ дипломи аъло супорида шуд.

ибтидо Давлатзода Қ.Қ. - ректори донишгоҳ хатмкунандагонро бо хатми пурраи таҳсил табрик намуда, онҳоро барои соҳиби касб гардидан таҳният гуфт. Баъдан якнафарӣ аз бакалаврон ва магистрони хатмкунанда аз номи ҳамкурсони худ баромад намуда, ба раёсати донишгоҳ ва устодон изҳори миннатдорӣ намуданд. Пас аз он фармоиши ректор оид ба супоридани дипломи аъло ва сипосномаи донишгоҳ ба ҳар як хатмкунанда - гирандагони дипломи аъло қироат шуда, диплому сипосномаҳо тақдим гардиданд.

Анъанаи неки дигаре ки дар ин рӯз роиҷ аст, ёд кардани Савганди муҳандиси ҷавон аст. Хатмкунандагон бо як овоз савганди садоқат ба касби худро хонданд.

Дар охир дастаи фарҳангии Муҳандиси ҷавон бо барномаи фарҳангию ҳунарии худ хотири иштирокдоронро шод намуданд.

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.


Назад к списку