ТАШРИФИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲИ ИНДУСИ ПОКИСТОН БА ДОНИШГОҲ


Санаи 17-уми сентябри соли равон дар доираи баргузории нишасти сарони давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай ректори Донишгоҳи Индуси Покистон муҳтарам Халид Амин Шайх ба Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ ташриф овард.

Зимни ташрифи меҳмони олиқадр мулоқоти ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ, профессор Давлатзода Қудрат Қамбар бо ректори Донишгоҳи Индуси Покистон Халид Амин Шайх баргузор гардид.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамкории дуҷонибаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ ва Донишгоҳи Индус мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҷонибҳо аз сатҳи қонеъкунандаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии худро барои татбиқи минбаъдаи муқаррароти Созишномаи ҳамкории академӣ миёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ ва Донишгоҳи Индуси Покистон, ки санаи 2-юми июни соли ҷорӣ дар доираи сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Исломии Покистон ба имзо расид, тасдиқ карданд.

Зимнан, дар рафти мулоқот вобаста ба масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо табодули муфиди афкор ба миён омад.

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.


Назад к списку