ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ ВА РӮЗИ ОМӮЗГОР ДАР ДОНИШГОҲ

 06.10.2021

Ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи омӯзгор 5-уми октябри соли равон дар факултети муштараки муҳандисӣ-техникии ДМТБ-ДТТ чорабинии бошукӯҳ баргузор гардид.

Чорабинӣ фарогири таманниёти нек нисбат ба забони тоҷикӣ ва омӯзгорон буда, бо садо додани Суруди миллӣ оғоз шуд. Аз номи ректори донишгоҳ - Давлатзода Қ.Қ. сухани табрикотии ректори донишгоҳро бахшида ба ин санаҳои фараҳбахш муовини ректор оид ба тарбия - Аҳмадзода Б.С. қироат намуд.

Баъдан ба як қатор устодони фаъол ифтихорномаи донишгоҳ супорида шуд.

Дар идомаи чорабинӣ мудири кафедраи забонҳо - Темурова М., устоди ҳамин кафедра Ҳикматов Ҷ. доир ба мақому мартабаи забони давлатӣ ва омӯзгорон суханронӣ намуданд.

Дар охир дастаи фарҳангии "Муҳандиси ҷавон" бо барномаи фарҳангӣ хотири иштирокдоронро шод намуданд.

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.


Назад к списку