РАВАНДИ АМАЛИСОЗИИ ҲАДАФИ СТРАТЕГӢ – САНОАТИКУНОНИИ БОСУРЪАТИ КИШВАР

 11.09.2021

Пас аз соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарияти олии кишвар роҳи зина ба зина барқарор кардани иқтидори иқтисодии кишварро пеш гирифта барои ноил шудан ба ин ҳадаф тамоми малакаю заҳмату кушиши худро равона намуда истодааст. Аз таърихи мавҷудияти давлатҳои мутараққии ҷаҳон аён  аст, ки устувории давлат ҳамонвақт бардавом нигоҳ дошта мешвад, ки агар аз иқтисодиёти саноатӣ самаранок истифода бурда тавонад. Бо дарки ин мафҳум дар қатори ҳадафҳои нахустини стратегӣ - саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ эълон карда шуд. Дар Паёми худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар (аз 26  декабри соли 2018) қайд карданд: “.......Бо дарназардошти аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ пешниҳод менамоям, ки саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ эълон карда шавад”.

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо корхонаҳои соҳавӣ дар семоҳаи аввали соли равон ҷиҳати тадбиқи амалии ҳадафи чоруми стратегии давлат - яъне гузориши иқтисодиёти мамлакат аз самти аграрӣ-саноатӣ ба индустриалӣ–аграрӣ, инчунин иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 анвари соли 2019 «Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 ва вазифаҳо барои соли 2019» корҳои муайянеро ба анҷом расонид.

Дар давраи ҳисоботӣ (дар ҳолати 18 январ) ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ҷумҳурӣ ба 5 млрд 721 млн сомонӣ расонида шуда, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 ба 115,9% баробар шуда, афзоиш 792,9 млн сомониро ташкил дод.

Ҳиссаи соҳаҳо дар ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ тариқи зайл ба назар мерасад: электроэнергетика 31,3%, саноати маъдан 25,6%, саноати хӯрокворӣ 19,0%, саноати масолеҳи сохтумон 8,7%, саноати сабук 7,1%, саноати мошинсозӣ 6,1%, табъу нашр 0,9%, саноати ангишт 0,7% ва газ 0,5%.

Афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар саноати ангишт 152,4%, саноати маъдани кӯҳӣ 115,0%, саноати масолеҳи сохтумон 111,1%, саноати сабук 113,5%, саноати мошинсозӣ 110,6%, саноати табъу нашр 169,8%, саноати хӯрокворӣ 118,4% корхонаҳои пахтатозакунӣ 67,9%, нафт ва газ 124,5% ва электроэнергетика 123,3%-ро ташкил дод.

Рушди саноат дар ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ таъмин гардида, дар ВМКБ 105,0%, вилояти Суғд 116,4%, вилояти Хатлон 107,3%, щаҳри Душанбе 122,3% ва НТҶ 149,4%-ро ташкил дод.

Дар ин давра (то моҳи январи соли 2021) ҳаҷми муҳимтарини маҳсулоти саноатии дар ҷумҳурӣ истеҳсолшаванда, аз 103,0 то 169,4 фоиз нисбат ба ҳамин давраи соли гузаашта афзоиш ёфт.

Бо истифода аз технологияиҳои муосир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда зиёд шуда, талаботи бозор бо маҳсулоти саноатии ватанӣ қисман таъмин гардида истодааст.

Дар ин давра маҳсулотҳои нави саноатии воридотивазкунанда, ба монанди халта, риштаи полипропиленӣ, ротбанд, хишти сабук, гаҷкартон, халтаҳои полиэтиленӣ, собуни мушкин, гӯшти мурғ, сачоқчаҳои хушк, эмулсия, бозичаҳои кӯдакона, трактор, ядак (прицеп), автобус, фойтунчаҳои кӯдакона, аробачаҳои кӯдакона, пахтаи тиббӣ, гирдакҳои пахтагин ва чӯбчаҳои пахтагини нафис истеҳсол карда шуданд.

Хушбахтона солҳои охир як қатор корхонаҳои саноатии пуриқтидор ба фаъолият шуруъ намуданд, ки дар рафти саноаткунонии кишварамон саҳми беандозаи худро гузоштаанд.

Вазифаҳои аз ҷониби Пешвои миллат гузошта шуда, аз мутахассисон, доираҳои илмӣ ва пажуҳишгоҳҳои тадқиқотӣ муносибати ҳушмандона барои коркарди технологияҳои инноватсионӣ дар соҳаи саноатро талаб менамояд.  

Бо мақсади коркарди пурра ва кампартови ашёи хом аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои бисёрсамта ва калонмиқёс амалӣ гардида истодааст, ки тадқиқотҳои илмӣ ва истеҳсолии васеъро дар бар мегирад. Аз ҷумла, “Барномаи давлатии коркарди пурраи нахи пахта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Барномаи давлатии коркарди пурраи ашёи хоми чорво (пашм ва пӯст) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Барномаи давлатии рушди саноати сабук дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва ғайраҳо қабул ва татбиқ шуда истодаанд.

Амалисозии ин барномаҳо истифодабарии ашёи хоми ватанӣ, бо нархи дастрас таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулоти тайёр, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва дар натиҷа баланд бардоштани некӯаҳволии молиявии давлатро дар назар дорад. Дар баробари ин, барнома ба таври назаррас баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот аз ҳисоби мукаммалгардонии технология, сарфаи ашёи хом ва маҳсулотҳо, беҳтарсозии истифодабарии захираҳои истеҳсолӣ, иваз намудани техникаи фарсудашуда, сохтани таҷҳизоти маҳсулнокии баланддошта, истифодабарии низомҳои автоматию электронии идоракунии равандҳои истеҳсолиро талаб менамояд. 

Таҳия ва татбиқи техникаву технологияҳои  нав дар равандаҳои технологии корхонаҳои саноатӣ ҷанбаи пешқадам дар рушди иқтидори истеҳсолӣ ва пешрафти кишвар мебошад. Барои ноил шудан ба ин мақсад аз тарафи доираҳои илмӣ, олимон ва мутахассисони кишвар як қатор лоиҳаҳо коркард ва чорабиниҳои илмӣ таҷрибавии васеъ гузаронида мешавад. Мақсади асосии гузаронидани чорабиниҳои мазкур афзун кардани номгӯи маҳсулот, баланд бардоштани сифат, кам кардани ҳиссаи меҳнати дастӣ мебошад.

Тараққиёти ҷамъият ва давлат дар тамоми давру замон аз таҳаввулоти илмӣ сарчашма мегирад. Барои тасдиқи ин гуфтаҳо дастовардҳои бузурги илмию техникии олимону мутахассиони ҷумҳурӣ ва ҷаҳониро ба таври намуна гуфтан мумкин аст.

Имрузҳо мо дар давраи татбиқи натиҷаҳои технологияҳои инноватсионӣ дар соҳаҳои гуногун қарор дорем, ки зинаи 3-юми мукаммалгардонии низоми истеҳсолот ва равандҳои технологӣ ба шумор меравад. Зеро ду зинаи аввал ин механикунонӣ ва автоматикунонии равандҳову амалиётҳои ҷараёнҳои истеҳсолӣ буда, алакай дар замони мо қариб, ки мавқеи худро аз даст дода истодаанд. Натиҷаи равшани дастовардҳои инноватсионӣ асосан дар ҷараёнҳои истеҳсолоти саноатӣ ба назар мерасанд. Аз ҷумлаи татбиқи муассири технологияҳои инноватсионӣ дар равандҳои истеҳсолоти маҳсулот қобили таваҷҷуҳанд.

Саноати сабук соҳаи афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар дар самти нассоҷӣ, қолинбофӣ, дӯзандагӣ, истеҳсоли мебел, коркарди пӯст ва ҷуроббофӣ иқтидорҳои нав ба фаъолият пардохта, як қатор корхонаҳои дигар аз нав таҷдид гардиданд. Афзалиятнокии саноати сабук ба дастрас будани ашёи хоми маҳаллӣ, вобастагӣ надоштан аз воридоти ашёи хом аз хориҷи кишвар, таъсиси шумораи зиёди ҷойҳои корӣ ва имконияти васеи бо маҳсулоти тайёр таъмин намудани аҳолӣ асоснок шудааст.

Дар натиҷаи татбиқи ҳадафҳои якуму дуюми старатегии миллӣ- раҳои аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини истиқлолияти энергетикӣ имконоти зиёд барои рушди иқтисодиёти саноатӣ ба миён омад. Барои самаранок истифода бурдани имкониятҳои фароҳам гардида, зарураст, ки минбаъд низ рушди саноати миллиро тавсеа бахшем.

 

Гадоев Сафаралӣ – декани факултети технологияшҳои инноватсионӣ, номзади илмшои техникӣ, дотсент.

Аҳрорӣ Муҳаммадҷон – ассистент, номзади илмҳои техникӣ.


Back to list