Исмонов Рустам Довудович

мудири шуъбаи таълим,
номзади илмҳои техникӣ, и.в.дотсент

тел: +(992) 918-78-68-98
e-mail: rustam@ttu.tj

   

Вазифа ва ҳадафҳои шуъбаи таълим ба ташкили мақсадноки ҷараёни таълим дар донишгоҳ бо муайян кардани самтҳо, зинаҳои асосӣ, муаммоҳои таълим ва барои ноил шудан ба сатҳи баланди сифати таълим нигаронида шудаанд.

Самтҳои асосии фаъолияти Шуъбаи таълим:

  • дар якҷоягӣ бо кафедраҳои тахассусӣ стандарт ва нақшаҳои таълимии навро бо назардошти тақозои замон коркард менамояд
  • иқтибос аз нақшаҳои таълимиро тафтиш намуда ба системаи барномавии таълим ворид месозад ва тақсимоти онро дар кафедраҳо зери назорат қарор медиҳад
  • ҳаҷми сарбории таълимии аз тарафи кафедра тартиб додашударо дида баромада ба низомномаи сарборӣ мувофиқ будани онро назорат менамояд
  • корҳои хатми бакалаврӣ ва рисолаҳои магистриро барои бо солҳои қабли такрор нашудан тафтиш намуда онҳоро зери назорат қарор медиҳад
  •  оиди тартиб додани комиссияҳои атестатсионии давлатӣ корҳои заруриро ташкил менамояд
  • давомоти донишҷӯён ва дарсазхудкунии онҳоро зери назорат қарор дода баҳри бартараф намудани камбудиҳо саъю кӯшиш ба харҷ медиҳад

Дар шуъба ҳисоби миқдори соат, тақсимоти сарборӣ, ҷадвали дарсӣ, қайди давомот ва журнали электронӣ, ҳисоботи оморӣ бо барномаҳои махсуси таҳияи барномасозони донишгоҳ, автоматонӣ карда шудааст.