WhatsApp Image 2026-05-15 at 15.04.39

Мудири шуъба

номзади илмҳои техникӣ, и.в., дотсент

Бердизода Миргул Бердӣ

БАХШИ МАГИСТРАТУРА ВА КОРҲОИ ИЛМӢ-ТАДҚИҚОТӢ

        Бахши магистратура ва корҳои илмӣ-тадқиқотии донишҷӯён (БМ ва КИТД) ҷузъи муҳими сохтории Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ ба ҳисоб рафта, фаъолияти он ба танзимдарорӣ, ҳамоҳангсозӣ ва рушди низоми таҳсилоти магистратура ва корҳои илмӣ-тадқиқотии донишҷӯён равона гардидааст. Бахш татбиқи самараноки барномаҳои магистриро дар ҳамаи самтҳои омодасозии магистрантон таъмин намуда, ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълим, таҳкими иқтидори илмӣ, рақобатпазирии дохилӣ ва байналмилалии магистратураи донишгоҳ, инчунин густариши фаъолияти илмӣ-тадқиқотии донишҷӯён тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.

        Аз рӯзи таъсиси роҳбарии онро мутахассисони соҳибтаҷриба ва донишманд ба уҳда доштаанд. Аз ҷумла, номзади илмҳои техникӣ, дотсент Хуҷаев П.С., номзади илмҳои техникӣ, дотсент Бозоров Ш.А. ва номзади илмҳои меъморӣ Эмомова Ф.Ё. дар рушду ташаккули фаъолияти бахш саҳми арзанда гузоштаанд. Айни замон роҳбарии онро номзади илмҳои техникӣ, иҷрокунандаи вазифаи дотсент Бердизода Миргул Бердӣ ба зимма дорад.

        Дар айни ҳол дар донишгоҳ аз рӯйи 20 ихтисос таҳсил дар зинаи магистратура ба роҳ монда шуда, шумораи умумии магистрантон 240 нафарро ташкил медиҳад. Аз ин шумора 29 нафарро духтарон ва 5 нафарро шаҳрвандони хориҷӣ ташкил медиҳанд. Ин нишондиҳандаҳо аз афзоиши таваҷҷуҳ ба таҳсилоти баъдидипломӣ ва густариши ҳамкориҳои байналмилалии донишгоҳ шаҳодат медиҳанд.

       Таҳсил дар зинаи магистратура ду солро дар бар гирифта, раванди таълим мутобиқи нақшаҳои таълимии тасдиқгардида амалӣ карда мешавад. Дар ин давра магистрантон на танҳо донишҳои назариявии худро такмил медиҳанд, балки ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ низ фаъолона ҷалб мегарданд. Барномаҳои магистрӣ фарогири гузаштани таҷрибаомӯзиҳои илмӣ-педагогӣ ва илмӣ-тадқиқотӣ буда, барои рушди маҳорати касбӣ, омӯзгорӣ ва таҳқиқотии магистрантон мусоидат менамоянд. Ҳамзамон, магистрантон дар ҷараёни таҳсил аз аттестатсияҳои навбатӣ гузашта, натиҷаҳои фаъолияти таълимӣ ва илмии онҳо мунтазам баҳогузорӣ карда мешаванд.

       Магистрантон дар баробари фаъолияти таълимӣ ва илмӣ дар озмуну конференсияҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ низ иштироки фаъолона менамоянд. Аз ҷумла, онҳо дар озмунҳои «Магистранти сол», «Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон», форумҳои илмӣ, семинарҳо ва дигар чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ иштирок намуда, натиҷаҳои корҳои илмӣ-тадқиқотии худро муаррифӣ менамоянд. Иштироки фаъолонаи магистрантон дар чунин чорабиниҳо барои рушди қобилияти илмӣ-таҳқиқотӣ, такмили малакаҳои касбӣ ва баланд бардоштани нуфузу сатҳи илмии донишгоҳ саҳми назаррас мегузорад.

Бахши магистратура ва корҳои илмӣ-тадқиқотии донишҷӯён ҷиҳати омода намудани мутахассисони баландихтисос, рушди тафаккури илмӣ, ҷалби ҷавонон ба корҳои таҳқиқотӣ ва муаррифии дастовардҳои илмии донишгоҳ дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ нақши муҳим дорад.

САНАДҲОИ МЕЪЁРИИ ҲУҚУҚИИ СОҲАИ МАОРИФ ВА ҲУҶҶАТҲОИ ТАНЗИМКУНАНДАИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБӢ ДАР  ЗИНАИ МАГИСТРАТУРАИ ДОНИШГОҲ

Донишгоҳ фаъолияти худро дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф ва ҳуҷҷатҳои танзимкунандаи таҳсилоти олии касбӣ ба роҳ монда, раванди таълим, корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, таҷрибаомӯзӣ ва аттестатсияи хатмро мутобиқи талаботи амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд. Дар ин замина, фаъолияти зинаи магистратураи донишгоҳ тибқи ҳуҷҷатҳои зерини меъёрӣ ва ҳуқуқӣ ба роҳ монда мешавад:

¾ Низомномаи таҷрибаомӯзӣ дар магистратураи МТОК (қарори мушовараи ВМ ва ИҶТ аз санаи 30.10.2025 №16/4)
¾ Низомномаи рисолаи магистрӣ (қарори мушовараи ВМ ва ИҶТ аз санаи 30.10.2025 №16/5)
¾ Низомномаи корҳои илмӣ-тадқиқотӣ (қарори мушовараи ВМ ва ИҶТ аз санаи 30.10.2025 №16/6)
¾ Низомномаи ташкили раванди таълим дар магистратураи МТОК (қарори мушовараи ВМ ва ИҶТ аз санаи 30.10.2025 №16/7)
¾ Низомномаи аттестатсияи хатм (қарори мушовараи ВМ ва ИҶТ аз санаи 30.10.2025 №16/9)
¾ Қоидаҳои қабул ба зинаи магистратура (қарори мушовараи ВМ ва ИҶТ аз санаи 30.10.2025 №16/10)

НАҚШАИ РАВАНДИ ТАЪЛИМ ДАР ЗИНАИ МАГИСТРАТУРА

Нақшаи раванди таълим дар зинаи магистратура ҳар соли таҳсил аз ҷониби роҳбарияти донишгоҳ бо дарназардошти талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф ва стандартҳои давлатии таҳсилоти олии касбӣ таҳия ва тасдиқ карда мешавад. Раванди таълим аз аввали моҳи сентябр оғоз гардида, дар асоси низоми кредитии таҳсилот дар ду нимсолаи таълимӣ ба роҳ монда мешавад. Нақшаи таълимӣ ҳамаи самтҳои асосии фаъолияти таълимӣ, илмӣ ва амалии магистрантонро дар бар гирифта, барои ташкили босамари раванди омӯзиш замина фароҳам меорад.

Дар доираи нақшаи таълимӣ баргузории имтиҳонҳои фосилавии якум ва дуюм (рейтинги якум ва дуюм), имтиҳонҳои ҷамъбастӣ, инчунин триместрҳо мутобиқи ҷадвали таълимӣ пешбинӣ шудааст. Натиҷаҳои рейтингӣ ва имтиҳонҳои ҷамъбастӣ барои муайян намудани сатҳи азхудкунии фанҳо, рушди малакаҳои таҳлилӣ ва омодагии касбии магистрантон мусоидат менамоянд. Ҳамзамон, барои магистрантони хатмкунанда аттестатсияи давлатӣ ва ҳимояи рисолаи магистрӣ тибқи муҳлатҳои муайянгардида ташкил ва баргузор карда мешавад.

Бо мақсади таҳкими донишҳои назариявӣ ва омодасозии магистрантон ба фаъолияти касбӣ ва илмӣ, барои донишҷӯёни курсҳои якум ва дуюм таҷрибаомӯзии илмӣ-педагогӣ ва таҷрибаомӯзии илмӣ-тадқиқотӣ ба роҳ монда мешавад. Дар ҷараёни таҷрибаомӯзӣ магистрантон малакаҳои таълимдиҳӣ, таҳияи маводи илмӣ, гузаронидани таҳқиқот ва истифодаи усулҳои муосири омӯзишу пажӯҳишро аз худ менамоянд.

Ҳамзамон, корҳои илмӣ-тадқиқотии магистрантон дар ҳар ду нимсолаи таҳсил пайваста амалӣ гардида, ба рушди ҷаҳонбинии илмӣ, тақвияти қобилияти таҳлилӣ, омодасозии мақолаҳои илмӣ ва таҳияи рисолаи магистрӣ мусоидат мекунанд. Ин раванд дар маҷмуъ барои омода намудани мутахассисони баландихтисос, рақобатпазир ва дорои маҳорати илмӣ-пажӯҳишӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

ДАРАҶАИ ТАҲСИЛОТ ВА ТАХАССУСИ КАСБӢ ДАР ЗИНАИ МАГИСТРАТУРА

Дар зинаи магистратура ба хатмкунандагон вобаста ба самт ва ихтисоси интихобнамуда дараҷаи таҳсилот ва тахассуси касбӣ дода мешавад. Магистрантон пас аз азхуд намудани барномаи таълимӣ, иҷрои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва ҳимояи бомуваффақияти рисолаи магистрӣ соҳиби дараҷаи “магистр” гардида, мутобиқи ихтисос тахассуси касбӣ мегиранд.

Аз ҷумла, вобаста ба самти таҳсил ба хатмкунандагон чунин тахассусҳо дода мешаванд: дараҷаи меъмор, муҳандис-сохтмончӣ, муҳандис-энергетик, муҳандис-технолог, муҳандис-иқтисодчӣ ва дигар ихтисосҳои муҳандисиву техникӣ, ки ба соҳаҳои фаъолияти касбӣ мувофиқ мебошанд.

Дараҷаи мазкур ба хатмкунандагон имконият медиҳад, ки фаъолияти касбиро дар муассисаҳои давлатӣ ва хусусӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, ташкилотҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ идома дода, инчунин корҳои илмӣ ва омӯзгориро амалӣ намоянд.

ДИГАР ЧОРАБИНИҲОИ ИЛМӢ ВА АМАЛӢ ДАР ЗИНАИ МАГИСТРАТУРА

Дар зинаи магистратураи донишгоҳ дар баробари раванди таълим, мунтазам чорабиниҳои илмӣ ва амалӣ баргузор карда мешаванд, ки ба баланд бардоштани сатҳи дониш, рушди фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ ва такмили малакаҳои касбии магистрантон равона гардидаанд. Ин чорабиниҳо тибқи нақшаи раванди таълим ва ҷадвали тасдиқшудаи донишгоҳ амалӣ карда мешаванд.

Аз ҷумла, тибқи нақшаи раванди таълим барои соли таҳсили  гузаронидани аттестатсияи навбатии магистрантони курсҳои якум ва дуюми Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ пешбинӣ карда мешавад. Аттестатсия бо мақсади муайян намудани сатҳи азхудкунии барномаҳои таълимӣ, баҳогузории донишҳои назариявӣ ва малакаҳои амалии магистрантон баргузор мегардад.

Ҳамзамон, дар зинаи магистратура семинарҳои илмӣ-назариявӣ, конференсияҳои илмӣ-амалӣ, мизҳои мудаввар, машғулиятҳои методӣ ва вохӯриҳо бо олимону мутахассисони соҳа ташкил карда мешаванд. Магистрантон дар чунин чорабиниҳо бо маърӯза ва натиҷаҳои корҳои илмӣ-тадқиқотии худ иштирок намуда, таҷрибаи илмӣ ва малакаҳои таҳлилӣ ба даст меоранд.

Инчунин, ҷиҳати таҳкими фаъолияти илмӣ ва омодагӣ ба ҳимояи рисолаи магистрӣ, машваратҳои илмӣ бо роҳбарони илмӣ, баррасии натиҷаҳои таҳқиқот дар кафедраҳо ва нашри мақолаҳои илмӣ ба роҳ монда мешаванд. Гузаронидани чунин чорабиниҳо барои рушди қобилияти илмӣ-пажӯҳишӣ, такмили маҳорати касбӣ ва омода намудани мутахассисони баландихтисос мусоидат менамояд.

ИХТИСОСҲОИ ЗИНАИ МАГИСТРАТУРАИ ДОНИШГОҲ

Рамзи ихтисос

Номгӯи ихтисос

1.       

1-020601-02

Технология (меҳнати техникӣ, нақшакашӣ)

2.        

1-080101-07

Таълими касбӣ (информатика)

3.        

1-190101-0504

Дизайни нассоҷӣ

4.        

1-25010204

Иқтисодиётӣ рақамӣ

5.        

1-250108-08

Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дар сохтмон

6.        

1-260101-01

Идоракунии мақомоти маҳаллӣ

7.        

1-260202-07

Менеҷменти истеҳсолӣ

8.        

1-260203-23

Логистика

9.        

1-270101-01

Иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот (мошинсозӣ)

10.    

1-270101-02

Иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот (нақлиёти автомобилӣ)

11.    

1-270101-10

Иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот (энергетика)

12.    

1-270101-12

Иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот (алоқа)

13.    

1-270101-17

Иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот (сохтмон)

14.    

1-33010105

Ҳифзи муҳандисии муҳити зист

15.    

1-330104

Мониторинги экологӣ, менеҷмент ва аудит

16.    

1-360101

Технологияи мошинсозӣ

17.    

1-360102

Масолеҳшиносӣ дар мошинсозӣ

18.    

1-360102 – 03

Масолеҳшиносӣ ва экспертизаи сифати маҳсулотти нассоҷӣ ва саноати сабук

19.    

1-36020105

Мошинҳо ва дастгоҳҳои металлургӣ

20.    

1-36060101

Мошинҳои полиграфӣ ва комплекси автоматонидашуда

21.    

1-361101

Таҷҳизот ва наклиёти роҳ, сохтмонӣ ва борбардорӣ (аз рӯи соҳаҳо)

22.    

1-370107

Хизматрасонии автомобилӣ

23.    

1-370110

Автомобилҳои барқӣ ва гибридӣ

24.    

1-370202-01

Истифодабарии техникии локомотивҳо ва вагонҳо

25.    

1-370401

Истифодабарии техникии муҳарикҳо ва киштиҳои ҳавоӣ

26.    

1-370403

Истифодабарии техникии дастгоҳҳои бесарнишини парвозкунанда

27.    

1-380202

Дастгоҳҳо ва системаҳои биотехникӣ ва тиббӣ

28.    

1-390101

Радиотехника

29.    

1-400102-04

Низом ва технологияи иттилоотӣ (дар коркард ва пешниҳоди иттилоот)

30.    

1-420101-0104

Металлургияи металлҳои ранга

31.    

1-430101

Неругоҳҳои барқӣ

32.    

1-430103

Электротаъминкунӣ (аз рўи соҳаҳо)

33.    

1-430102

Системаҳо ва шабакаҳои энергетикаи электрикӣ

34.    

1-430105

Энергетикаи ҳароратии саноатӣ

35.    

1-430105-05

Манбаҳои барқароршавандаи энергия

36.    

1-440101

Ташкили ҳамлу нақл ва идоракунии нақлиёти автомобилӣ ва шаҳрӣ

37.    

1-440102

Ташкили ҳаракат дар роҳ

38.    

1-440102-01

Идораи ҳаракат дар роҳ

39.    

1-440103

Ташкили ҳамлу нақл ва идоракунии нақлиёти роҳи оҳан

40.    

1-440105-02

Ташкили ҳамлу нақл ва идоракунии нақлиёти ҳавоӣ

41.    

1-45010302

Шабакаҳои алоқа ва тақсими иттилоот

42.    

1-45010304

Таъминоти барномавии шабакаҳои телекоммуникатсионӣ

43.    

1-450107

Технологияҳои ҳушманд (Smart технология)

44.    

1-47020106

Дизайн ва технологияи борҷомасозӣ

45.    

1-480101

Технологияи саноати химиявӣ

46.    

1-480104

Технологияи саноати электрохимиявӣ

47.    

1-480135

Коркарди нафту газ

48.    

1-50010108

Технология ва таҷҳизоти истеҳсоли нахҳои табиӣ

49.    

1-50010110

Технология ва менеҷменти саноати сабук (аз рӯйи соҳаҳо)

50.    

1-520201

Технология ва таҷҳизоти саноати заргарӣ

51.    

1-530101

Автоматонии равандҳои технологӣ ва истеҳсолот (аз рӯи самтҳо)

52.    

1-530102

Автоматонии системаҳои коркарди иттилоот

53.    

1-53010403

Автоматикунонӣ ва ҳифзи релеии системаҳои энергетикӣ

54.    

1-530105

Автоматонии ҳаракатоварҳои электрикӣ

55.    

1-5401010103

Сертификатсия ва идоракунии сифат

56.    

1-560202

Геодезия ва харитасозӣ

57.    

1-690101

Меъморӣ

58.    

1-690101 01

Шаҳрсозӣ

59.    

1-690101-09

Дизайни муҳити меъморӣ

60.    

1-700101

Истеҳсоли масолеҳ, маснуот ва конструксияҳои сохтмонӣ

61.    

1-700201

Сохтмони саноатӣ ва шаҳрвандӣ

62.    

1-700201-05

Лоиҳакашии биноҳо ва иншоот

63.    

1-700201-06

Сохтмони иншооти зеризаминӣ

64.    

1-700202

Экспертиза ва идоракунии амволи ғайриманқул

65.    

1-700301-01

Сохтмони роҳҳо ва фурудгоҳҳо

66.    

1-700302-04

Кӯпрукҳо ва нақбҳои нақлиётӣ

67.    

1-700400-01

Лоиҳакашии системаҳои муҳандисии биноҳо ва иншоот

68.    

1-700401-03

Сохтмон ва истифодабарии неругоҳҳои барқи обӣ

69.    

1-700402-01

Системаҳои таъмини газугармӣ ва вентилятсия

70.    

1-700403-01

Лоиҳакашии системаи обтаъминкунӣ ва обихроҷӣ

71.    

1-700403-04

Идоракунӣ ва ҳифзи захираҳои обӣ

72.    

1-74060301

Ташкил ва технологияи хизматрасонии техникӣ

73.    

1-96010103

Бехатарии иқтисодӣ

74.    

1-9801010103

Системаҳои иттилоотии ҳифзшуда

75.    

1-9801010105

Амнияти системаҳои автоматонидашудаи коркарди иттилоот ва идоракунӣ

76.    

1-980103

Амнияти киберӣ

 

 ДАЪВАТ БАРОИ ТАҲСИЛ ДАР ЗИНАИ МАГИСТРАТУРА

Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ довталабон ва мутахассисони ҷавонро барои идомаи таҳсил ба зинаи магистратура даъват менамояд. Магистратура имконияти мусоид барои такмили донишҳои касбӣ, рушди фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ ва омодагӣ ба фаъолияти баландихтисоси муҳандисӣ, иқтисодӣ ва илмӣ мебошад.

Таҳсил дар зинаи магистратура бо ҷалби устодони соҳибтаҷриба, истифодаи усулҳои муосири таълим ва иштироки фаъолона дар корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ба роҳ монда шуда, барои омода намудани мутахассисони рақобатпазир заминаи мусоид фароҳам меорад.

Довталабон метавонанд вобаста ба самти интихобшуда соҳиби ихтисосҳои гуногун, аз ҷумла муҳандис-сохтмончӣ, муҳандис-энергетик, муҳандис-технолог, муҳандис-иқтисодчӣ ва дигар тахассусҳои муҳандисиву техникӣ гарданд.

 Агар шумо хоҳиши амиқтар намудани дониш, рушди қобилияти илмӣ ва расидан ба дастовардҳои навро доред, зинаи магистратура интихоби беҳтарин барои ояндаи шумост!

 

Маълумотнома ба довталабоне, ки барои идомаи таҳсил зинаи магистратураи  донишгоҳи техникии тоҷикистон ба номи м.с. осимиро интихоб кардан мехоханд:

Номгӯи ҳуҷҷатҳо барои магистратура

Диплом ва замимаи он (асл).

Шиноснома (бо 1 дона нусха).

Шаҳодатномаи ҳарбӣ (бо 1 дона нусха) – барои писарон.

Маълумотномаи тиббӣ – шакли 038.

Расми андозаи 3х4 – 6 дона.

Ариза ба номи ректори донишгоҳ (дар комиссияи қабули донишгоҳ дода мешавад).

Шартнома бо расиди пардохти маблағи таҳсил (дар комиссияи қабули донишгоҳ дода мешавад) – барои донишҷўёне, ки ба гурўҳҳои шартномавӣ ҳуҷҷат месупоранд.

Реферат (дар мавзўе, ки ба ихтисоси интихобкарда мувофиқ бошад).