|
Раиси Ассотсиатсияи хатмкунандагони ДТТ – ДПТ |
Ассотсиатсияи хатмкунандагони донишгоҳ иттиҳодияи муҳандисии ҷамъиятӣ (ОМҶ) мебошад, ки мувофиқи қонун дар вазоратӣ Адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст ва аз моҳи июни соли 2003 чун иттиҳодияи ихтиёрӣ фаъолият карда, муассис хатмкунандагони ДТТ ва ДПТ мебошанд.
Мақсади асосии ассотсиатсия ҳама гуна ҳамкориро, ки бо ДТТ ба роҳ монда шудааст, дар бар гирифта, ҳамчун маркази таълимӣ ва илмӣ омода намудани мутахассисони ботаҷрибаро ба уҳда дорад ва барои ба амал баровардани тадқиқоти илмӣ дар шохаҳои гуногуни иқтисодиёти Тоҷикистон заминаи асосӣ мегузорад.
Ба амал баровардани мақсадҳои гузошташуда бо роҳи ҳалли масоили гуногун барои ҳамкорӣ ба хотири ба амал баровардани ҳама гуна масъалаҳои ҳалталаби тахассусӣ ва омода намудани мутахассисон бо назардошти талаботи имрӯзаи байналмилалӣ ба даст меояд. Ба ин мақсад дар сохтори ассотсиатсия Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба аккредитатсияи маълумоти муҳандисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст, ки барномаҳои таълимиро дар соҳаи техника ва технологияи муосир бо назардошти талаботе, ки давлатҳои мутараққии Аврупо қабул кардаанд, фаъолият менамоянд. Барои дар амал татбиқ намудани технологияҳои информатсионӣ-коммуникатсионӣ дар раванди таълим, ҳамчунин дохил намудани таълимоти фосилавӣ ба хотири алоқаи доимӣ байни устодон, аспирантон ва донишҷӯёни донишгоҳ бо ҳамкорони бурунмарзии дуру наздик ҳамкорӣ менамояд. Барои алоқаи доимӣ байни хатмкунандагони ДТТ – ДПТ суроғаи электронии ассотсиатсия бо номи grad.ttu.tj кушода шудааст, ки вохӯриҳо, фаъолияти ҳамарӯзаи ассотсиатсия ва ғайраҳо ҷой дода мешавад.
Ассотсиатсияи хатмкунандагон ба ҳамаи хатмкунандагон муроҷиат менамояд, ки дар амали намудани вазифаҳои гузошташуда, ки ба хотири беҳтару хубтар омода намудани мутахасисони гуногуни муҳандисӣ ҳамкорӣ намоянд.
Айни ҳол раиси Ассотсиатсияи хатмкунандагони ДТТ – ДПТ академики академияҳои муҳандисии байналхалқӣ ва Тоҷикистон, академики академияи байналхалқии маълумотӣ олӣ (шуъбаи тоҷикистонӣ), Корманди шоистаи Тоҷикистон, н.и.т., профессор Х.Р. Содиқов аст.