|
Содиқов Хуршед Соибович Мудири шуъба |
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар заминаи шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва кор бо хатмкунандагон маркази рушди касбият таъсис дода шуд, ки баъдан ба шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва рушди касбият табдили ном кард.
Яке аз нишондоди асосии ихтисоснокии мутахассисони ҷавони дар мактабҳои олӣ таҳсилкунанда баъди хатм ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ будани онҳо ва зина ба зина рушди ихтисоснокӣ, мартабаи касбии онҳо ба ҳисоб меравад.
Донишгоҳ бо воситаи шуъба бо беҳтарин корхонаҳои соҳаҳои гуногуни кишвар ҳамкорӣ дорад, ки Вазорати энергетика ва захираҳои об, Вазорати нақлиёт, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, ҶСК «НБО-и Норак», «НБО-и Роғун», «НБО-и Сангтӯда-1», ҶСК “Маркази барқу гармидиҳӣ”, ҶСК «Сементи тоҷик», ҶСК “Тоҷиктелеком”, ҶСК «Тоҷик-нақбсоз», Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, КВД “Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии сохтмон ва меъморӣ”, ШСХК “Барқи тоҷик”, КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”, ҶДММ “Ганҷ-нашриёт”, КВД “Комбинати полиграфӣ”, Комплекси табъу нашри “Шарқи озод”, ҶДММ “Ноқили ТАЛКО», КВД “Лоиҳакаш”, ҶДММ «ИИ Нассоҷии тоҷик», КВД «Коргоҳи мошинасозӣ», КВД “Ширкати алюмини тоҷик”, «Сомонтаҷҳизот» ва ғайраҳо аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
Шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва рушди касбият ташкил ва гузаронидани машварат, тренинг, лексияҳоо бо корфармоён, корхонаҳо ба роҳ монда, ба донишҷӯёни донишгоҳ имкон медиҳад, ки бо бозори меҳнат шинос шуда, самти фаъолияти ояндаи худро муайян намоянд.
Шуъба инчунин тартиб ва ташкили гузаронидани таҷрибаомӯзиҳо, тақсимоти хатмкунандагони аз ҳисоби буҷаи давлат таҳсилкунанда ба ҷойи кор, имтиёзҳо, масъулияти тарафҳо ва баргардондани маблағҳои сарфшударо аз ҳисоби мутахассисони ҷавоне, ки тибқи ихтисос дар асоси роҳхат ба ҷойҳои кориашон ҳозир намешаванд, ба танзим медарорад.
Мақсади асосии фаъолияти шуъба рушди рақобатпазирии донишҷӯён ва хатмкунандагони донишгоҳ дар бозори меҳнат мебошад.
Вазифаҳои асосии шуъба аз бокортаъминкунӣ ва мусоидат дар рушди касбияти донишҷӯён ва хатмкунандагон, ташаккули ҳавасмандии хатмкунандагон, ҳамкорӣ бо хатмкунандагон дар донишгоҳ ва минбаъд дар корхона, мадад дар мутобиқшавӣ ба бозори муосир ва баамалории қобилияти пурраи касбии худ, ташкил ва мусоидат намудани рушди мартаба дар касбу ҳунар ва монанди инҳо иборат аст.
Дар давоми солҳо шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва рушди касбиятро Тауров И.Ш., Ашуров И.М. роҳбарӣ намудаанд. Айни ҳол роҳбарии шуъба ба зиммаи Содиқов Х.С. гузошта шудааст. Ба ҳайси нозири шуъба Зайниддинов Т.Н. фаъолият дорад.