|
Зоиров Ҳусейн Абдураҳмонович Раиси иттифоқи касабаи донишҷӯён |
“Дар роҳи ноил шудан ба дастовардҳо дар баробари сохторҳои ҳокимияти давлатӣ иттифоқҳои касаба низ саҳмгузор буда, онҳо ба ҳайси созмони оммавии мардумӣ масъулияти ширкат дар идоракунии ҷомеа, тарбияи кадрҳо, ҳалли масъалаҳои мубрами ҳаёт ва таъмини адолати иҷтимоӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти кормандон дар соҳаҳои иқтисоди миллиро ба уҳда доранд ва ҷиҳати ба амал баровардани вазифа ва салоҳиятҳои қонунии худ бояд тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намоянд”.
Эмомалӣ Раҳмон.
То солҳои 90-уми асри гузашта Кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯёни донишгоҳ дар якҷоягӣ бо Кумитаи иттифоқи касабаи устодон ва кормандони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ фаъолият менамуданд. Назорати риояи қоидаҳои тартиботи дохилии донишгоҳ дар раванди таълим, тарбия, иштироки донишҷӯён дар чорабиниҳои оммавӣ – шанбегиҳо, чорабиниҳои фарҳангӣ, сиёсӣ, варзишӣ ва ҳимояи ҳуқуқҳои донишҷӯён аз ҷумлаи вазифаҳои асосии Кумитаи иттифоқҳои касабаи донишҷӯён ба шумор меравад.
Мутаасифона, вобаста ба буҳрони шадиди сиёсию иқтисодӣ ва маънавию фарҳангии солҳои 90-ум мундариҷаи кори Кумитаи иттифоқҳои касабаи донишҷӯёни донишгоҳ низ дигар шуд. Дар ҳолати корӣ нигоҳ дошта тавонистани биноҳҳои таълимию хобгоҳҳои донишгоҳ нишондиҳандаи мусбати фаъолияти раёсат, Кумитаи иттифоқҳои касабаи устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ дар чунин давраи пурошӯб буда метавонад.
Хушбахтона, дар натиҷаи талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳуриамон сулҳу субот барқарор шуда, барои кору эҷод шароити мусоид фароҳам омад.
Аз оғози фаъолият ҳамчун сохтори мустақил роҳбарии Кумитаи иттифоқҳои касабаи донишҷӯёни донишгоҳро Саидов Ҷ.Ҳ. ба уҳда дошт. Аз соли 1995 то соли 2005, дар давоми 10-соли давраи истиқлол роҳбарии Кумитаи иттифоқҳои касабаи донишҷӯёни донишгоҳро Ҷӯрақулов М.Р. ба уҳда дошт ва ҳоло вазифаи раиси Кумитаи иттифоқҳои касабаи донишҷӯёни донишгоҳро Зоиров Ҳ.А. ба зима дорад. Ҳайати кумита аз 11 нафар иборат буда, дар чор самт фаъолият менамояд ва шумораи аъзоёни иттифоқи касабаи донишҷӯён беш аз 1250 нафарро ташкил менамояд.
Кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯёни донишгоҳ ба шароиту вазифаҳои нави замони истиқлолият кору фаъолияташро ба роҳ монда, барнома ва нақшаи кориашро ба иҷрои вазифаҳои дар назди донишгоҳ гузошташуда ҳамоҳанг менамояд.
Ҳамасола Кумитаи иттифоқҳои касаба барои дар сатҳи баланд гузаронидани иду ҷашнҳои умумидавлатию суннатӣ, махсусан иди Наврӯз диққати ҷиддӣ медиҳад. Кумита дар якҷоягӣ бо раёсати донишгоҳ кӯшиш менамоянд, ки баргузории ҳар як иду тантанаи умумихалқӣ хотирмон бошад, барои баланд шудани худшиносию масъулияти донишҷӯён мусоидат намояд. Бо ин мақсад дар баробари чорабиниҳои тарғиботию фарҳангӣ дар арафаи иду ҷашнвораҳо донишҷӯёни донишгоҳ, махсусан донишҷӯёни ятиму камбизоат бо мукофотҳои гуногун сарфароз гардонида мешаванд.