Қисми таркибии ҷараёни кори тарбиявии донишгоҳро кор бо донишҷӯёне, ки аз ноҳияҳои гуногун ва дурдасти ҷумҳурӣ буда, дар хобгоҳҳои донишгоҳ зиндагӣ мекунанд, ташкил менамояд. Дар хобгоҳҳо шароити беҳтарин барои фароғати донишҷӯён муҳайё карда шудааст: хонаҳои барҳаво, ошхона, хона барои хизмати маишӣ ва истироҳати донишҷӯён.
Ҷанбаи муҳими кори донишҷӯён дар хобгоҳ дар давраи имрӯзаи рушд истифода аз шаклҳои гуногуни демократияи донишҷӯӣ ва худидораи онҳо мебошад. Дар ҳар бинои хобгоҳҳои донишгоҳ истиқоматкунандагон худашон шӯрои донишҷӯёни хобгоҳро интихоб мекунанд, ки бо мувофиқат ва мусоидати маъмурияти донишгоҳ масъалаҳои иҷтимоӣ ва шароити зиндагӣ дар хобгоҳро баррасӣ ва ҳал менамоянд. Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти шӯрои мазкур ҳимояи манфиатҳои донишҷӯёни маскуни хобгоҳ ва роҳандозии барномаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ дар хобгоҳ мебошад.
Ҳар донишҷӯ ё аспиранти сокини хобгоҳ ҳуқуқи интихоби ҳайати идораи хобгоҳ ё интихоб шудан ба онро дорад. Барномаҳои тарбиявӣ бо донишҷӯён гузаронида ва онҳо ба корҳои ободонии хобгоҳ ҷалб карда мешаванд. Таваҷҷуҳи асосӣ ба таъмини амнияти донишҷӯён равона шудааст. Ба хотири амнияти бештари донишҷӯёни сокини хобгоҳ аз тарафи Хадамоти амнияти донишгоҳ низоми гузарномавӣ ҷорӣ карда шудааст.
Барои риояи қоидаҳои бехатарии зидди сӯхтор ва дар ҳолати рух додани вазъи фавқулода дар хобгоҳ бо истиқоматкунандагон ва кормандони масъули он мунтазам машғулиятҳо доир мегарданд. Маъмурияти донишгоҳ барои ҳалли саривақтии мушкилоти хобгоҳҳои донишҷӯён тамоми кӯшиши худро ба харҷ медиҳанд ва барои ба вуҷуд овардани шароити зисти беҳтари онҳо мусоидат менамояд ва шароити хуби истироҳату фароғати онҳоро фароҳам меорад, зеро муҳити орому осудаи зист ба хондану фаъолияти донишшҷӯён ва билохира ташаккули шахсияти онҳо таъсири мусбат дорад.
Дар хобгоҳҳо ба таври мунтазам машқи пагоҳирӯзӣ гузаронида мешавад, ки ба ин гуна машқҳо устодони навбатдори хобгоҳҳо мусоидат ва роҳбарӣ менамоянд.