Бо мақсади ҷорӣ намудани истеҳсолоти воридотивазкунанда ва қонеъ намудани талаботи макотиби олии кишвар ба таҷҳизоти гуногуни озмоишӣ Парки технологии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ аз соли 2014 ба истеҳсоли таҷҳизоти озмоишӣ оғоз намуда буд. Таҷҳизотҳои озмоишии омодашуда аз нархи таҷҳизоти аз хориҷи кишвар воридшаванда ба маротиб арзонтар ва босифаттар мебошанд.

То ҳол Технопарки ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ барои макотиби олии зерини кишвар таҷҳизоти озмоишӣ аз фанни физика сохта ба истифода додааст.

р/т

Соли

иҷроиш

Фармоишгар

1

2014

Донишкадаи  омўзгории Тоҷикистон дар н. Рашт

2

2015

Донишгоҳи Давлатии Кўлоб ба номи Абуабдуллои Рудакӣ

3

2015

Филиали Донишгоҳи давлатии ба номи Ломоносов дар шаҳри Душанбе

4

2016

Донишгоҳи Давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав

5

2016

Донишкадаи  омӯзгории Тоҷикистон дар н. Рашт

6

2016

Донишгоҳи Давлатии шаҳри Қурғонтеппа ба номи Носири Хисрав

7

2017

Донишкадаи политехникии ДТТ ба номи акад. М.С.Осимӣ дар ш. Хуҷанд

8

2017

Коллеҷи техникии ДТТ ба номи акад. М.С.Осимӣ

9

2018

Донишгоҳи давлатии омўзгории  Тоҷикистон  ба номи  Садриддин Айнӣ

10

2019

Литсейи инноватсионии “Душанбе”

11

2020

Донишгоҳи технологии Тоҷикистон

12

2021

Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия

Таҷҳизот ва дигар воситаҳои техникии паркро асосан озмоишгоҳои кафедраи “Технологияи мошинсозӣ, дастгоҳҳои металбурӣ ва олотҳо” Маркази муҳандисию техникӣ дар бинои асосии донишгоҳ, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҳиндустон сохта шудааст ташкил медиҳад.

Озмоишгоҳи таълимӣ-истеҳсоли ба номи Исмоил Ҷазерӣ (Cezeri Lab) ин маҷмӯи дастгоҳ ва таҷҳизотҳои рақамӣ барои тарҳрезӣ ва тайёр намудани робот, инчунин дигар таҷҳизотҳои худидорашаванда (мехатроника) пешбинӣ гардидааст. Дар озмоишгоҳ зиёда аз 60 номгӯй дастгоҳ ва таҷҳизотҳои муосир ҷойгир аст, ки имкони амалӣ намудани раванди технологии истеҳсол аз тарҳрезӣ то маҳсулоти тайёрро дорад. Ин аввалин озмоишгоҳи типи мазкур дар Осиёи Миёна мебошад. Озмоишгоҳи мазкур имконият медиҳад, ки дар Тоҷикистон таълимоти комилан нави инноватсионӣ мавриди омӯзиш қарор дода шавад. Акнун, дар шароити кишвар имконияти омӯзиши пурраи технологияҳои 3D-нашр фароҳам оварда шудааст.

Бо истифода аз имкониятҳои озмоишгоҳи навтаъсис мутахассисони донишгоҳ малакаҳои худро дар тарҳрезии 3D (PartModeling) дар муҳити барномаи Solidworks, эҷоди кодҳои GK дар принтерҳои 3D бо истифода аз нармафзори буридан (Cura, 3D Simplify ва ғ.), танзимоти Принтери FDM 3D ва DLP 3D мукаммал карданд.

НАМУНАИ ТАҶҲИЗОТ ВА СИНФХОНАҲОИ ОМОДАШУДА

изображение_viber_2022-01-14_15-59-17-817

изображение_viber_2022-01-14_15-59-19-670изображение_viber_2022-01-14_15-59-19-814изображение_viber_2022-01-14_15-59-22-500