Шурои таълимию методии донишгоҳ дар асоси қарори Шурои олимон бо фармоиши ректор оид ба такмили корҳои таълимӣ, таълимию методӣ, ташкилию тарбиявӣ ва илмӣ-тадқиқотӣ дар донишгоҳ таъсис дода шудааст.
Шурои таълимию методӣ мақоми коллективи машваратӣ мебошад, ки қарорҳои он пас аз қабул дар Шурои олимон ва тасдиқи фармоиши ректори донишгоҳ эътибор пайдо мекунанд. Ба ҳайати Шурои таълимию методӣ муовини аввал, муовини ректор оид ба таълим, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ, муовини ректор оид ба тарбия, раёсати таълим, мудири шуъбаи таълим, деканони факултетҳо ва мутахассиси пешбар аз ҳар як факултет ва мудирони кафедраҳои донишгоҳ шомиланд. Шурои таълимию методӣ аз чор комиссия (комиссияи таълимию методӣ, комиссияи илмӣ-тадқиқотӣ, комиссияи ташкилию тарбиявӣ, комиссияи табъу нашри мавод) ва як гурӯҳи кории доимоамалкунада (гурӯҳи танзим ва истилоҳоти забони тоҷикӣ) иборат аст, ки ҳар сол дар ҷаласаи аввал раис ҳайати онро аниқ мекунад ва бо фармоиши ректори донишгоҳ тасдиқ карда мешавад. Фаъолияти Шурои таълимию методиро раиси он дар шахсияти муовини аввал, муовини ректор оид ба таълим, ки раванди таълимро дар донишгоҳ аз рӯйи барномаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва иловагии касбӣ назорат мекунад, ташкил менамояд.
Вазифаҳои асосии Шурои таълимию методӣ аз таҳлили ҳолати кунунӣ ва муайян намудани самтҳои ояндадори фаъолияти донишгоҳ дар соҳаи корҳои таълимию методӣ, инчунин ҳамоҳангсозии фаъолияти факултетҳо, кафедраҳо ва дигар воҳидҳои сохторӣ оид ба таҳия ва такмили барномаҳои таълимӣ иборат аст.
Шурои таълимию методӣ барои иҷрои таҳлили ҳолати ҷории таълимию методии факултетҳо ва кафедраҳо, пешбинӣ ва таҳияи стратегияи рушди таълимию методии донишгоҳ, таҳлили барномаи таълимии самтҳои таълими бакалавр ва магистр, барномаҳои таълими иловагӣ ва баъд аз таҳсил, такмили шаклҳои аттестатсияи ҷорӣ, фосилавӣ ва ниҳоии донишҷӯёни ҳама шаклҳои таълим, ҷорисозӣ ва такмили системаи рейтингӣ, назорат аз рафти таҷрибаҳои таълимӣ, истеҳсолӣ ва пешаздипломии донишҷӯён, ташаккул додани инфрасохтори инноватсионии иттилоотӣ, ҷорӣ кардани технологияҳои нави иттилоотӣ дар донишгоҳ, рушди системаи идоракунии сифати таҳсилот дар донишгоҳ, омодасозии донишгоҳ барои иҷозатномадиҳӣ ва аккредитатсия, аз ҷумла иҷозатномадиҳӣ ва аккредитатсияи барномаҳои нави таълимӣ, фароҳам овардани шароит барои рушди системаи аккредитатсияи ҷамъиятии корфармоён, ворид намудани таҷрибаи пешқадами хориҷӣ ва ватанӣ дар соҳаи маориф, ташкили конференсияҳои методӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар оид ба мушкилоти таҳсилоти донишгоҳӣ, ба роҳ мондан ва рушди равобит бо шӯроҳои шабеҳи дигар донишгоҳҳои ҷумҳурӣ даъват карда мешавад.
Шурои таълимию методӣ фаъолияти худро дар ҳамкории зич бо Шурои олимон, ректорат, деканатҳо, шурои илмӣ-методии факултетҳо ва кафедраҳо ба роҳ мемонад. Инчунин фаъолияти комиссияҳои таълимию методӣ барои гурӯҳҳои васеи соҳаҳои омӯзишро ҳамоҳанг месозад ва стратегияву тактикаи маҷмӯавии рушди таълимию методии донишгоҳро таҳия менамояд. Шурои таълимию методӣ аз ҳисоби аъзои худ метавонад гурӯҳҳои ташаббускори доимӣ ва муваққатӣ, комиссияҳо оид ба самтҳои фаъолияти худро таъсис диҳад. Натиҷаҳои Комиссияи аттестатсионии давлатӣ, ҳисоботи деканони факултетҳоро оид ба корҳои таълимию ташкилӣ-методӣ, таълимию методӣ ва илмию методӣ бо мақсади такмили минбаъдаи онҳо баррасӣ карда, метавонад чопи дастурҳои таълимӣ ва таълимию методиеро, ки кормандони донишгоҳ омода кардаанд, пешниҳод намояд.
Роҳбарони Шурои таълимию методӣ тӯли солҳо Нигматов И.И., Додхудоев М.Д., Амонзода И.Т., Одиназода Б.Н., Гадоев С.А., Саидзода Р.Ҳ., Саъдуллозода Ш.С., Маҳмадизода М.М. буда, айни замон раисии Шурои таълимию методӣ ба зиммаи Маҷидзода Т.С. гузошта шуда, котиби шуро Назиров Я.Г мебошад.
Методический совет университета (МСУ) является постоянно действующим коллективным органом при проректоре по учебной работе. МСУ вырабатывает основные направления методической работы в университете, координирует взаимодействие факультетов, кафедр и других структурных подразделений университета, участвующих в учебном процессе, в области методической работы, а также способствует внедрению перспективных направлений научно-методического обеспечения учебного процесса в целях повышения уровня подготовки специалистов.
В своей деятельности МСУ руководствуется нормативными документами Министерства образования и науки Республики Таджикистан для высшего и послевузовского образования по развитию и совершенствованию образования, а также Уставом университета, настоящим Положением, решениями Ученого совета, приказами и распоряжениями ректора. В сферу полномочий МСУ входит подготовка решений в области учебно-методической деятельности.
Основными направлениями деятельности МСУ являются:
Решения заседаний МСУ оформляются в виде методических и информационных писем, решений, распоряжений, проектов решений Ученого совета и проектов приказов ректора.