Санъати меъморӣ муаррифгари тамаддуни халқи тоҷик

 23.01.2023

       Санъати меъморӣ дар ҳама асру замон, яке аз ҷабҳаҳои муҳимтарини муаррифгари тамаддун, маърифат ва тафаккури таърихиву ҷамъиятии ҳар як халқу миллат ба ҳисоб меравад.  Пӯшида нест, ки дар таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол, аз оғози Истиқлолияти давлатии мамлакат инҷониб, ба  ин масъалаи ниҳояти мубраму назарраси рушди ҷамъият, пешравии бемайлони санъати меъмориву шаҳрсозӣ, ки таъриху анъанаҳои миллии ҳазорсола дорад, аз ҷониби роҳбарияти олии мамлакат, алалхусус Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти хосаву эҷодкоронае дода мешавад.

        Натиҷаи ҳамин ғамхориву фидокориҳо буд, ки ҳоло бо сайъу кӯшиш ва талоши меҳанпарастонаи меъморону мутахассисони соҳа, дар давраи на чандон калони таърихӣ, санъати меъмориву шаҳрсозии таърихан куҳану мазмунан муосири  тоҷик ба дастовардҳои назаррасу муҳим соҳиб гашта, дар арсаи байналмилӣ як мавқеъи муайянеро ишғол менамояд.

        Меъросиҳои таърихии меъмории чандинасра ва биноҳову иншооту муосиру ҳозиразамони дар ҳудуди мамлакат бунёдшуда маҳз дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз назари ҷаҳониёнро ҳарчи бештару бештар ба худ ҷалб менамоянд.

        Дар тӯли 30 соли истиқлолияти давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳазорҳо иншооти гуногунтаъйинотаи муосир бунёд гардидаанд, ки чанде аз онҳо на танҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ, балки дар сатҳи ҷаҳонӣ, аз нуқтаи назари меъмориву шаҳрсозӣ ниҳоят ҷолибу нодир ба ҳисоб мераванд. Чунончи, маҷмаъаи меъмории Исмоили Сомонӣ, боғи Парчам ва Нишони миллӣ, Қасри миллат, Кохи Наврӯз, боғҳои ба номи Рӯдакию Айнӣ, Навоию Куруши Кабир, Боғи Наврӯзгоҳ ва  Боғи Ирам, силсилаи биноҳои баландошёнаи истиқомативу маъмурӣ дар хиёбони А. Рӯдакӣ ва С. Айнии Душанбешаҳр ва даҳҳо дигарон таҷассумгари навгониҳои илмиву амалии соҳаи меъмории миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол буда, онҳо ҷиҳати иҷрои дастуру ҳидоятҳои бунёдгаронаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи рушди меъмориву  шаҳрсозии миллии тоҷик бунёду роҳандозӣ гардидаанд. Солҳои охир бошад, бахшида ба ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, ки моҳи сентябри соли 2021 баргузор гардид, дар сарораси мамлакат садҳо бинову иншооти замонавию тозабунёд мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта истодаанд.

        Бояд зикр намуд, ки дар ин фаъолияти пурмасъулу самараноки меъморону бинокорони кишвар, ҳиссаи хоксоронаи устодону хатмкардагони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ низ назаррас мебошад.

        Маҳз Истиқлолияти давлатӣ ба меъморони ҷумҳурӣ  имкон додаст, ки онҳо ғояҳои шаклан ва мазмунан миллии тоҷиконаи худро дар асарҳои меъмории ҷавобгӯ ба талаботи сиёсати оқилона ва бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат дар соҳаи меъмориву шаҳрсозӣ роҳандозӣ намоянд.

        Яке аз дастовардҳои назарраси санъати меъмории даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон, бунёд гардидани бузургтарин маҷмааи ҳукуматии  Кохи Миллат дар шаҳри Душанбе ба ҳисоб меравад.  Дар тарҳрезӣ ва бунёди он беҳтарин анъанаҳои меъморӣ-бадеӣ ва таърихии санъати меъмории тоҷикон бо дарназардошти талаботи муосири раванди шаҳрсозӣ гирд оварда шудааст. Қасри Миллат аз ҷиҳати аниқии бастакории меъмориву бадеӣ, таносуби ҳаҷму андозаҳо, мавҷудияти толорҳои хурду калони барҳаво, осорхонаву китобхона ва дигар ҳуҷраҳои гуногунтаъинота  аз нуқтаи назари меъмориву шаҳрсозӣ ва функсионалӣ воқеан, ҷолибу фарқкунанда мебошад.

Ксри

 

        Қасри Миллат маркази бастакории маҷмааи бузурги меъмории шаҳри Душанбе буда, қароргоҳи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Маҷмааи меъмории мазкур аз Боғи Устод Рӯдакӣ, Боғи Парчами Миллӣ, Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва чанде дигар биноҳое иборат мебошанд, ки симои меъмории пойтахти Тоҷикистонро боз ҳам зебову дилрабо гардонидаанд.

          Бе сабаб нест, ки  бинои Қасри Миллат дар рӯйхати "10 қасри бошукӯҳи Президентӣ" дар веб-сайти англисизабони "TheeStle" ворид гардида, аз нуқтаи назари нафосати меъморӣ дар ҷойи дуюм, танҳо баъд аз Қасри Сафеди шаҳри Вашингтон меистад.

         Бояд қайд намуд, ки дар симои меъморӣ-бадеии Қасри Миллат ғояи ягонагии анъанаҳои меъмориву шаҳрсозии Шарқу Ғарб моҳирона мавриди амал қарор дода шудааст. Аз ин ҷо, ҳар як шаҳрванди ватандусти  Тоҷикистони соҳибистиқлол метавонад дар симои Қасри Миллат, шахсан хусусиятҳои маданияти волои меъмориву шаҳрсозии миллати тоҷик ва дастоварҳои назарраси соҳаро дар асри 21 эҳсос намояд.

Моҳи сентябри соли 2018 дар пойтахти ватани маҳбубамон шаҳри Душанбе вохӯрии сарони давлатҳо, аъзоёни Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ) баргузор гардид, ки раиси онро Раиси Шӯрои сарварони давлатҳои ИДМ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дӯш доштанд.

Дар қатори  17 қарори дар ҷаласа қабулгардида, оиди 2 лоиҳаи гуманитарӣ, яке оиди дар соли 2021 амалисозии Барномаи байнидавлатии “Пойтахти маърифатии Иттиҳод” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигаре эълон гардидани соли 2021 “Соли меъморӣ ва шаҳрсозӣ дар ИДМ”  қарорҳои ҷаласа ба имзо расиданд. Дар натиҷа соли 2021 “Соли меъморӣ ва шаҳрсозӣ дар ИДМ”  ва Маркази маърифатии Иттиҳод дар соли 2021, шаҳри Душанбе  эълон карда шуда, ба ҳукуматҳои давлатҳои иштирокчиёни ИДМ баҳри амалисозии онҳо дастур пешниҳод гардид.

Қабул гардидани ин  қарорҳои ниҳоят мубраму саривақтӣ дар арафаи ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ мо меъморони Тоҷикистонро бетараф нагузоштааст. Меъморони ҷумҳурӣ ва бояд қайд намуд, ки кулли онҳо маҳз дастпарварони факултети “Сохтмон ва меъморӣ”-и донишгоҳ буда,  саъйю кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки баҳри дар сатҳи зарурӣ гузаронидани чорабинҳои пешниҳодшуда, тамоми чораҳои дахлдорро андешида, саҳми назаррасу арзандаи худро гузоранд.

Коллективи устодону кормандон ва донишҷӯёни факултети “Сохтмон ва меъморӣ” кулли дастуру ҳидоят ва иқдомҳои бунёдкоронаи аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳодшударо, ки баҳри рушду нумуъи тамоми соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти кишвар, аз ҷумла меъмориву шаҳрсозӣ равона гардидааст, ҳамаҷониба ва якдилона дастгирӣ намуда, ҷиҳати пешравии санъати меъмории милли Тоҷикистони соҳибистиқлолу азиз, тамоми имконияту нерӯ ва малакаи эҷодии бисёрсолаи худро равона месозад.

Дар асоси нуқтаҳои болозикр, мо устодону донишҷӯён ва мутахассисони соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ кӯшиш ба харҷ дода, баҳри суръатбахшии сохтмон ва омодагиҳо ҷиҳати тайёрӣ ба чашни 100-солагии пойтахт ҷумҳурии азизмон шаҳри Душанбе (соли 2024) азму талош намоем.

 

 Маҳмадизода Меъроҷиддин донишҷӯи курси 3-юми гурӯҳи 700201-05 факултети Сохтмон ва меъморӣ


Back to list