“Мо бояд дар замири ҷавонон ҳисси хештаншиносию худогоҳӣ ва ватандӯстиро бедор намоем”.

 17.03.2023

 Ба қадри неъматҳои бузург чун Ватан, Истиқлолият, Ваҳдат, давлатдории миллӣ, расидан, дарк намудан ва пос доштани онҳо барои ҳар як шахс қарз, масъулият, шараф, нанг, номуси ватандорӣ, ифтихор аз давлату миллати хеш мебошад. Бинобар ин ҷавононро зарур аст, ки дастгириҳои доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро масъулияти бузурги қарзи пурифтихори фарзандии худ ҳисобида, ба хотири рушди рӯзафзуни кишвари ободу биҳиштосоямон ҳамчун созандагони фардои Ватан, хизмати арзанда  ва сарбаландона намоянд.

Тарбияи ватандӯстии насли ҷавон яке аз вазифаҳои муҳими пурмаҳсули бузурги аҳли башар ба шумор меравад. Муҳаббат ба Ватан  далериву садоқат ва исботи меҳру самимият ба Модар-Ватани азизи худ мебошад. Ватан қиматтарин тӯҳфаи тақдир барои ҳар инсон аст, зеро кас танҳо дар Ватани азизи хеш ба ҳама орзуву омоли наҷиби худ мерасад. Аз ватани ободу зебо, осудаву рӯ ба рушд, шукргузор бошем, баҳри расидан ба қуллаҳои мурод барои ҷавонон шароити мусоид муҳайё сохта, онҳоро ба роҳи дуруст тарғиб намоем.

      Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун фарзанди содиқу вафодори миллат пайваста ҳам бо сухан ва ҳам бо амалҳои ҷавонмардонаи хеш собит месозанд, ки Ватанро чун гавҳари ноёб ҳифз намуда, барои рушду тараққиёт, баланд бардоштани нуфузу эътибори он тамоми қувваю иродаи худро равона намудан лозим аст.
      Вазифаи муқаддас ва рисолати мо, насли собиқадори кишвар дар назди давлат, Ватан ва ҷомеа ин аст, ки бо нерӯи ақлу заковат ва тадбирҳои самарабахш дар дили насли ҷавони имрӯза ҳамин эҳсоси гарми ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, садоқат ба Ватан, муҳаббат ба сарзамини аҷдодии худ, ҷасорат, шуҷоату далерӣ ва дарки воқеии шарафу нангу номусро, ки дар симои Сарвари давлатамон пайваста мушоҳида менамоем, бедор намоем. Зеро, ҷавонони мо дар чунин як замоне умр ба сар мебаранд, ки ҳар рӯз, ҳар лаҳза олами сиёсат, илму техника, тамаддун, фарҳангҳо дар тағйироту таҳаввулот аст. Ҳар лаҳза метавонанд тавассути шабакҳои иттилоотӣ ва дигар манбаъҳо гурӯҳҳои ғайр ва ифротгаро афкору андешаҳои ҷавононро тағйир дода, ба хотири манфиатҳо ва ғаразҳои хеш онҳоро гумроҳ ва ба доми худ кашанд. Дар таблиғи ақидаҳои ифротӣ ташкилотҳои махсуси хориҷӣ дар минтақаҳо манфиат доранд ва ин андешаҳоро миёни ҷавонон таблиғ ва интишор мекунанд. Маҳз дар чунин лаҳзаҳои ҳассос ҳамон ҳисси баланди ватандӯстӣ, шинохти миллӣ, ифтихор аз Ватану гузаштаи хеш лозим аст, то тавонад, монеи чунин бадбахтиҳо гардад. Баҳри пешгирии ҳар гуна омилҳои номатлуб ба суханони Пешвои миллат, муҳтарам Эмомали Раҳмон пайравӣ намуда, терроризм ва экстремизмро шадидан маҳкум менамоем. Ҳисси хештаншиносию худогоҳӣ ва ватандӯстиро дар замири ҷавонон бедор намоем, чунки тарбияи ватандӯстӣ ҳадаф аз дӯст доштани арзишҳо, эътиқодҳои ватандӯстӣ, баланд бардоштан, эҳтиром ба гузаштаи фарҳангӣ ва таърихии Тоҷикистон, анъанаҳои ватани худ, мебошад.

      Насли ҷавони имрӯза, ки дар айёми созандагиву бунёдкорӣ, оромиву амният ва гулгулшукуфии Ватан ба дунё омадаанд, камол ёфта истодаанд, бояд ба қадри ин ҳадяи гаронбаҳои сарнавишт: мамлакати тинҷу осуда, сарвари мамлакати худ, ки пайваста дар пайи ғамхории насли ҷавон аст, бирасанд. Ватани маҳбуби худро дӯст доранд, ҳамеша аз пайи ободию осудагии кишвар камари ҳиммат бубанданд ва ба Ватани азизи худ вафодор бошанд. Ояндаи мамлакат, ки ба онҳо вобастагӣ дорад, умед бар он мебандем, ободкори давлату ҷамъият шуда, чун фарзандони диловари Ватан, фидокорони тоҷик Айнию Бобоҷон Ғафур, қаҳрамонони халқ - Спитамен, Темурмалик, Деваштич, Муқаннаъ, Восеи диловар ва садҳо дигар, тани хешро сипари Ватани азизи хеш месозанд. Фаҳмиши ватандӯстӣ аз замонҳои қадим то замони нав оғоз шуда, дар осорҳои ниёгонамон то ба имрӯзу фардо тавсифу тасвир ёфтааст. Дар замони қадим донишманди бузурги Юнон, Афлотун чунин ақида дошт: “Ватан аз падар ва модар гаронтар аст”. Дар осори гаронбаҳои Рӯдакию Фирдавсӣ, Саъдию Ҷомӣ бошад, мафҳуми Ватан, хеле боло дониста, ниҳоят ҷолиб васф гардидааст, ахлоқи ҳамидаи инсон ба монанди ватандӯстӣ адлу инсоф, хушодобӣ, дӯстиву рафоқат, покдилию поктинатӣ, ростқавлӣ, парҳезкорӣ ва  меҳрубонӣ, илму донишро миёни мардум тақозо мекарданд. Мо насли калонсол, ки ҳаётдида ҳастем, бояд дар дили ҷавонон муҳаббат ба меҳнат, ба марзу буми кишвар ва таълиму тарбияи ҳарбию ватандӯстиро бедор намоем. Кӯшиш ба харҷ диҳем, ки ҷавонон чун Сарвари мамлакат оқилу доно, ҳалиму меҳрубон ба воя расида, як нерӯи қавии пешбарандаи ҷамъият ба шумор раванд.

                   Мутахссиси Шуъбаи ташкилӣ-тарбиявӣ Амонатова Ф.Қ.


Back to list