КОНСТИТУТСИЯ – ҚОМУСИ МИЛЛАТИ ТОҶИК

 25.11.2021

Дар баробари соҳибистиқлол гаштани Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати қабули Конститутсия пеш омад. Ҷомеа ва давлати Тоҷикистон ба марҳалаи сифатан нави таърихи инкишофи худ ворид шуд ва дар кишвар давраи дигаргуниҳои куллӣ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа оғоз гардид. Мардуми Тоҷикистон марҳилаи давлатдории ҳуқуқбунёди демократӣ, эъмори ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ривоҷи муносибатҳои нави иқтисодиро дар заминаи моликияти хусусӣ ва соҳибкории хусусӣ шуруъ намуд. Давраи мустақили рушди иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар робита бо эҳёи суннатҳои давлатдории ниёгон, истифодаи васеи анъанаҳои миллӣ, мероси ғании фарҳангӣ ва дар заминаи густариши равобити дутарафаву бисёртарафа бо давлатҳои хориҷӣ ва ташкилоти бонуфузи байналмилалӣ оғоз шуд. Дар ҷомеа зарурати таърихии интихоби шакли нави давлатдорӣ, низоми мақомоти нави ҳокимияти давлатӣ, таъмини арзишҳои дар воқеъ олии инсон ва ҳуқуқу озодиҳои он, танзими муносибатҳои нави ҷамъиятӣ эҳсос мегардид.

Таърих гувоҳ аст, ки Конститутсияи имрӯзаи давлати соҳибихтиёри Тоҷикистон дар вазъияти муташанниҷи сиёсӣ қабул шудааст. Агар ба таърихи Конститутсияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон назар афканем, ба мо маълум мегардад, ки дар Тоҷикистон то ба имрӯз 5 маротиба Конститутсия қабул карда шудааст. Аммо дар таърихи тоҷикон Конститутсияи имрӯз амалкунанда Конститутсияе мебошад, ки Тоҷикистонро давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ эълон карда, бо роҳи овоздиҳии умумихалқӣ қабул гардидааст.

Муносибатҳои ҷамъиятӣ хусусияти догма (шахшуда) нестанд ва онҳо доимо дар инкишофанд. Баробари инкишофи муносибатҳои ҷамъиятӣ меъёрҳои ҳуқуқие, ки он муносибатҳоро ба танзим медароранд, бояд инкишоф ёбанд. Инро ба назар гирифта, ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон то ба ин рӯз се маротиба – санаҳои 26-уми сентябри соли 1999, 22-юми июни соли 2003 ва 22-юми майи соли 2016 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ тағйироту иловаҳо ворид карда шуд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги мардуми Тоҷикистон буда, заминаи ҳуқуқии бунёди давлати тозабунёд ва соҳибистиқлоли тоҷикон, шакли ифодаи ҳуқуқии ормонҳои давлатдории миллӣ, ҳимояи ҳадафҳо ва манфиатҳои миллӣ, осори таърихӣ ва фарҳанги миллӣ мебошад. Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии Тоҷикистон, дахлнопазирии ҳудуди кишвар, моҳият ва вазифаҳои давлат, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, забони давлатӣ, рамзҳои давлатӣ ва шаклҳои давлатдории Тоҷикистон, ҳадафҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат, асосҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии давлат ва ҷомеаи Тоҷикистон эълон шудаанд.

Ба андешаи инҷониб тамоми дастовардҳоеро, ки тӯли 27 соли амали Конститутсияи Тоҷикистон насиби халқу давлати мо гардидаанд, натиҷаи хираду фитрат ва заковати азими халқи Тоҷикистон мебошад, зеро маҳз бо иродаи аксари мутлақи мардуми ин сарзамини куҳанбунёд имрӯз кишвари моро дар ҷаҳони муосир ҳамчун давлати соҳибихтиёру ҳуқуқбунёд ва демокративу иҷтимоӣ эътироф мекунанд ва мавқеи онро ҳангоми ҳаллу фасли масоили умдаи байналмилалӣ ба инобат мегиранд. Воқеан, зиндагӣ дар чунин ҷомеае, ки асосҳои бунёдии онро таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва адлу масъулияти баланди ҳокимиятдорӣ ташкил медиҳад, орзуи ҳамешагии халқи мо дар масири асрҳо буд ва бояд гуфт, ки дар ин роҳ кӯшишҳое низ амалӣ карда мешуданд.

“Конститутсия шаҳодатномаи миллат аст” – гуфтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беасос нест. Зеро маҳз Конститутсия тарзи давлату давлатдорӣ, сохторҳои асосии давлатӣ, низоми идоракунии давлатӣ ва дигар масъалаҳои муҳими давлативу сиёсиро ба танзим медарорад. Таввассути Конститутсия тамоми муносибатҳои ҷамъятӣ танзим гардида, ҳуқуқ ва озодиҳои инсону шаҳрванд кафолат дода мешаванд. Доштани Конститутсия яке аз аломатҳои давлати ягона ба шумор меравад. Чунки дар қаламрави давлат аз Конститутсия дида ягон санади ҳуқуқии дигари баробарэътибор вуҷуд надорад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар давраи барои миллати тоҷик ҳассос ва сарнавиштсоз таҳия ва қабул гардид, имрӯз яке аз беҳтарин Конститутсияҳои дунё эътироф шудааст.

Ин аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намудаанд: «Конститутсия ҳамчун қонуни олии кишвар азму иродаи мардуми Тоҷикистонро оид ба тағйирнопазир будани шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат эълон намуд».

Воқеан, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ояндаи давлату миллати моро муқаррар мекунад. Тибқи моддаи 6-уми он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад. Намунаи олии он ин аст, ки имрӯз халқ бевосита сарвари давлатро интихоб менамояд ва дар мақомоти олии қонунгузор ва намояндагӣ вакилони худро интихоб намуда, дар идоракунии давлат бевосита ё бавосита иштирок менамояд.

Конститутсия давлати Тоҷикистонро чун давлати иҷтимоӣ эълон намудааст, ки дар он барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона таъмин карда мешавад. Бояд гуфт, ки андеша ва назарияи давлати иҷтимоӣ ҷузъи таҷрибаи давлатдории ҷаҳони мутамаддин буда, дар конститутсияҳои давлатҳои Аврупо ва кишварҳои дигар барои таъмини шароити зиндагии арзандаи ҳар фарди ҷомеа нигаронида шудааст. Ифодаи меъёри мазкур дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини доираи васеи ҳуқуқҳои шахсӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии шаҳрвандони Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванди сокини кишвар, аз ҷумла таъминоти моддиву иҷтимоии нафақахӯрон, ятимон, маъюбон, гирифтани пеши роҳи нобаробарии иқтисодии байни гурӯҳҳои алоҳидаи аҳолӣ, таъмини инкишофи озодонаи ҳар шахс хизмат мекунад. Дар заминаи ин меъёри конститутсионӣ ҳадафҳо, мазмун ва самтҳои сиёсати иҷтимоии давлати Тоҷикистон муайян шудаанд, миқдори зарурии қонунҳо, барномаҳо ва дигар чорабиниҳои давлатӣ амалӣ шуда истодаанд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад. Дар заминаи он гузариши ҷомеа аз низоми сиёсии якҳизбӣ ба низоми сиёсии нави бисёрҳизбӣ таъмин гардид. Конститутсия имкон доштани инкишофи ҳаёти ҷамъиятиро дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ эълон намуд. Дар асоси ин меъёри конститутсионӣ дар кишвар таъсис ва фаъолияти озоди ҳизбҳои сиёсӣ оғоз гардид. Ҳоло ҳизбҳои сиёсии гуногун намояндагони худро дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон доранд. Бо такмили фаъолияти ҳизбӣ ва ғанӣ гаштани таҷрибаи сиёсии онҳо солҳои минбаъда сатҳи фаъолияти ҳизбӣ, бешубҳа, баланд мешавад.

Тӯраев Ф.Р. – н.и.ф., муаллими калони кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ.


Back to list