КОРРУПСИЯ ҲАМЧУН ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ

 11.12.2021

Коррупсия яке аз зуҳуроти мураккаби ҷамъиятӣ буда, дар замонҳои қадим пайдо шуда, то имрӯз қариб дар ҳамаи давлатҳои ҷаҳон вуҷуд дорад. Ба андешаи олимон нишонаҳои аввалин дар бораи коррупсияи амалдорон дар бойгониҳои Бобулистони қадим (нимаи дуюми асри XXIV то давраи мо), дертар дар қонунҳои машҳури Хаммурапи дучор омадан мумкин аст. Дар замонҳои қадим «коррупсия» ба истилоҳи фасод, вайронкунанда, зараррасонанда ва фурӯхтани мансаб маънидод шуда, ҳамчун рафтори истифода намудани имкониятҳои мансаб ба манфиатҳои шахсӣ фаҳмида мешуд ва афроди ба чунин амал дастзада дар ҳамаи давру замонҳо аз ҷониби аҳли ҷомеа маҳкум мегардиданд.

Имрӯзҳо яке аз проблемаҳои замони муосир ин мубориза бо коррупсия мебошад. Оид ба ин масъала солҳои охир дар матбуоти даврии Ҷумҳурии Точикистон ва берун аз он бисёр фикру ақидаҳо пешкаш шудаанд. Аз нигоҳи луѓавӣ истилоҳи «коррупсия» аз калимаи лотинӣ «corruptio», ки бо маъноҳои «харидан, вайронкунӣ ва ришвадиҳӣ» фаҳмида мешавад. Дар Кодекси рафтори шахсони мансабдори мақомотҳои тартиботи ҷамъиятиро таъминкунанда (соли 1978) қайд шудааст, ки мафҳуми коррупсияро қонунгузории ҳар як давлат алоҳида муқаррар мекунад. Инчунин дар яке аз ҳуҷҷатҳои Созмони Миллали Муттаҳид (минбаъд СММ) оид ба мубориза бо коррупсияи байналхалқӣ қайд шудааст, ки коррупсия ин сўйистеъмол аз ҳокимияти давлатӣ бо мақсади ѓаразнок ба манфиати шахсӣ аз тарафи шахси мансабдор аст. Мафҳуми коррупсия дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин оварда шудааст: “Коррупсия — кирдоре (ҳаракат ё беҳаракатие), ки шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба онҳо баробаркардашуда бо истифода аз мақоми худ ва имкониятҳои он барои ба манфиати худ ё шахсони дигар ғайриқонунӣ ба даст овардани неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарият ва имтиёзҳои дигар содир менамоянд, инчунин ба ин шахсон ваъда додан, таклиф ё пешкаш намудани ин гуна неъмату бартарият ва имтиёзҳои дигар бо мақсади моилкунӣ ё қадр кардани онҳо барои содир намудани чунин кирдорҳо (ҳаракат ё беҳаракатӣ) ба манфиати шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ”.

СММ дар ин самт ба муваффақияти зиёд ноил гардида, ҳамаи давлатҳои ҷаҳони муосирро гирди ақидаи муқовимат ба коррупсия, чун монеаи рушд, муттаҳид гардонидааст. Барои пешгирӣ аз ҳама гуна ҷинояту ҷинояткорӣ ва муборизаи беамон бо коррупсия соли 2003 Конвенсияи СММ зидди коррупсия қабул карда шуд. Бо назардошти аҳамиятнокии масъалаи мазкур соли 2003 бо ташаббуси Маҷмааи кулли СММ — 9 декабр ҳамчун рӯзи мубориза бо коррупсия дар тамоми ҷаҳон эълон гардид. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳуҷҷати мазкур 25 сентябри соли 2006 имзо гузошт ва он аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар 16 апрели соли 2008 тасдиқ гардид. Аз ин рӯ, тибқи муқаррароти моддаи 10 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи мазкур, ки аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф гардидааст, қисми таркибии низоми ҳуқуқии кишвар буда, қонунҳои амалкунанда бояд мутобиқи талаботи он мувофиқ гардонида шаванд.

Баъд аз соҳибистиқлол гаштан Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар душвориҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодию фарҳангӣ ба проблемаҳои коррупсия рӯ ба рӯ гардид. Сабабҳо ва омили асосии густариши корупсия дар ҷомеаи мо аз як тараф паст будани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва сатҳи зиндагии мардум, аз тарафи дигар омода набудани мардум ба иқтисодиёти бозоргонӣ ва дарк накардани қоидаҳои он буд. Албатта, паҳн гаштани коррупсия дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа Ҳукумати кишварро ба ташвиш оварда буд, зеро раванди демократикунонии ҷомеа дар рӯ ба рӯи коррупсия дар ҳолати осебпазирӣ қарор дошт. Аз ин рӯ, бо ибтикори Сарвари давлат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор ислоҳотҳои ҳуқуқӣ дар самти танзими сохтори қонунҳо рӯйи кор омад ва барои мубориза бо коррупсия чораҳои зарурӣ андешида шуданд.

Баъди бомуваффақият имзо гардидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, 8 сентябри соли 1997 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амнияти иқтисодии миллиро ҳамчун моҳият ва ҳадафи мубориза бар зидди коррупсия дарк намуда, ақидаи муҳими сиёсати зиддикоррупсионии давлатро иброз намуд: «Барои мо муҳим аст, ки барои хотима ёфтан ба порахурӣ, талаву тороҷ кардани амволи давлатӣ, амвол ва саҳмияҳои халқ ва дигар ҷиноятҳои вазнин ба ягон кас, ба ягон мансабдор, сарфи назар аз обуруй ва заҳматҳои қаблӣ сустқавлӣ нанамоем. Вақте омад, ки аз бахшишҳои нодаркор ва саривақтӣ набуда, ки баъзе мансабдорон аз ҳадди вазифаҳои худ берун мебароянд, рад намоем, пурқувватӣ, абарқудратии давлат ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқро нишон диҳем. Ин ақидаро бо масъулияти бузург изҳор намуда, кушода мегӯям: давлат барои хиёнати иқтисодӣ, амалҳои зиддиконститутсионӣ, поймолкунии манфиатҳои халқ ва миллат ягон касро намебахшад». Дар партави ин иқдом, ба тасвиб расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июли соли 1999 № 1262 «Дар бораи тадбирҳои иловагии пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисод ва коррупсия (ришвахӯрӣ)», қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» аз 10 декабри соли 1999 заминаи марҳилаи сифатан нави мубориза ба ин падидаи номатлуб ибтидо гузошт.

Дар таҳкурсии чунин иродаи устувори сиёсати зиддикоррупсионии роҳбарияти олии кишвар як қатор қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ баҳри пешгирии коррупсия ва мубориза бар зидди он қабул гардидаанд. Аз ҷумла, соли 2005 Қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» мутобиқ ба стандартҳои байналмилалии зиддикоррупсионӣ, Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 ва дигар санадҳо.

Дар асоси Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020, бояд дар тамоми вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барномаҳои идоравии мубориза бо коррупсия бо назардошти соҳаи фаъолияти худ таҳия ва мавриди татбиқ қарор гиранд. Дар онҳо бояд тадбирҳои пешгирӣ намудани ҳодисаҳои сӯйистеъмол аз мансаб, тасарруфи моликияти давлатӣ, ришваситонӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб тавассути таҳлили хавфҳои коррупсия ва пешгирии бархӯрди манфиатҳо пешбинӣ ва амалӣ карда шаванд.

Агар садди роҳи инро нагиранд коррупсия ба проблемаи ба амнияти миллӣ таҳдидкунанда мубаддал гашта, дар натиҷа иқтисодиёти ниҳонӣ вусъат ёфта, қисми даромаднокии буҷет аз ҳисоби кам ворид гардидани андозҳо ва самаранокии фишангҳои давлатии идоракунӣ коҳиш меёбад, ки ин ба тезутунд гаштани проблемаҳои иҷтимоӣ, бинобар иҷро нагардидани уҳдадориҳои буҷавӣ, оварда мерасонад. Маблағҳои буҷетӣ самаранок истифода бурда намешаванд, бахусус ҳангоми тақсимоти давлатии қарзҳо ва фармоишҳо, хариди мол ва хизматрасониҳо, ки дар ниҳояти кор проблемаҳои буҷавии кишварро афзун менамояд. Нархҳои фурӯши чакана ва яклухт аз ҳисоби хароҷотҳои иловагии коррупсионӣ, яъне санҷишҳои назоратии беасос гарон мегарданд, ки ин ба бадшавии ҳолати моддии истеъмолкунандагон, иқлими сармоягузорӣ ва пастравии истеҳсолот сабаб шуда, ба болоравии сатҳи камбизоатии қисми зиёди аҳолӣ мусоидат намуда, ба тақсимоти дороиҳо ба манфиати гурӯҳҳои алоҳида оварда мерасонад. Инчунин дар шуури ҷамъиятӣ тасаввурот дар бораи беҳимоягии шаҳрвандон дар назди ҷинояткорӣ ва мақомоти давлатӣ ташаккул меёбад, ки ин ба косташавии минбаъдаи қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ мегардад.

Чуноне Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карда буданд: “Коррупсия зуҳуроте номатлубест, ки эътимоди мардумро ба давлат коста гардонида, обрӯву эътибори онро коҳиш медиҳад, барои рушди иқтисодиёти пинҳонӣ ва истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои давлативу ҷамъиятӣ шароит фароҳам меорад ва дар маҷмӯъ, боиси поймолшавии ҳуқуқи инсон ва заиф шудани пояҳои ахлоқии ҷомеа мегардад”.

Дар ин асос ба хулоса омадан мумкин аст:

  1. Коррупсия — яке аз монеаҳои асосӣ дар роҳи рушди умумумиллӣ, пешрафти иқтисод, беҳбудии иҷтимоӣ, татбиқи муваффақонаи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон маҳсуб мешавад;
  2. Коррупсия — боварии шаҳрвандонро ба давлат, ояндаи нек коста месозад;
  3. Коррупсия — табақаҳои камбизоати аҳолиро аз имкони комёб шудан ба сатҳи шоистаи зиндагӣ маҳрум мекунад ва ғайра;

Моҳияти коррупсия дар он ифода мегардад, ки вай тартиби муқарраршудаи фаъолияти дастгоҳи давлатиро вайрон месозад, ки дар натиҷа дигаргуншавии (деформатсияи) ҳокимият ба амал меояд, яъне:

  1. Коррупсия маблағҳои калонҳаҷмро аз тараққиёти иҷтимоӣ дур карда, буҳрони буҷаро афзун менамояд ва иҷроиши барномаҳои давлатиро мушкил месозад. Аз ин лиҳоз дар ҷамъият ченаки ҳама чиз пул мешавад, аҳамияти инсон бо андозаи дороии шахсии вай, новобаста аз шаклҳои ба даст овардани он баҳо дода мешавад, ин бошад боиси девалватсияи қоидаҳои ахлоҳ, ҳуқуқҳои динӣ, афкори ҷамъиятӣ ва ғайра мегардад;
  2. Оқибатҳои манфии коррупсия: — қонун беқудрат ва беамал мегардад, дар шуури ҷамъиятӣ таассурот оид ба ҳимоянашаванда будани шаҳрванд ҳам дар назди ҳокимият ва ҳам дар назди ҷинояткорӣ ташаккул меёбад;
  3. Коррупсия — ба тақсимоти ноодилонаи сарватҳои ҷамъиятӣ ба манфиати гурӯҳҳои хурд аз ҳисоби табақаҳои таҳқиршудаи аҳолӣ, бошиддат шудани ҷудошавии иҷтимоӣ ва нобаробарии иқтисодии аҳолӣ, қашшок гаштани қисми зиёди аҳолӣ ва баланд гаштани шиддатнокии иҷтимои дар давлат мусоидат мекунад;
  4. Ҳуқуқҳои баробар барои гирифтани маълумот, бахусус маълумоти олӣ бинобар паҳн шудани ҳодисаҳои ришвахӯрӣ, бартарияти шаклҳои пулакии таҳсил дар муассисаҳои олии таълимӣ, ки дар натиҷа гирифтани чунин маълумот барои табақаҳои камбизоати аҳолӣ ғайриимкон гаштааст, вайрон карда мешавад;
  5. Ба имконияти ҳуқуқӣ ҳамаи одамон ба адолати судӣ нигоҳ накарда, дар баъзе ҳолатҳо коррупсия ба баробарии ҳамаи шаҳрвандон дар назди суд, баррасии беғаразона ва одилонаи парвандаҳо дар судҳо мамониат мекунад;

Ҳамин тариқ, бо мақсади аз байн бурдани коррупсия дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаклҳои зерини ҳамкории ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба муқовимат бо коррупсия, аз ҷумла ташаккули мафкураи зиддикоррупсионӣ дар байни табақаҳои гуногуни ҷомеа ва баланд бардоштани сатҳи фаъолнокии шаҳрвандон дар ҷараёни мубориза ва муқовимат ба коррупсия, гузаронидани таҳқиқотҳои иҷтимоӣ, ташкил намудани курсҳои таълимии зиддикоррупсионӣ, ташаккули фазои оштинопазирӣ ва фарҳанги зиддикоррупсионӣ дар ҷомеа ба василаи ба роҳ мондани ҳамкории густардаи мақомоти давлатӣ бо ВАО, баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионӣ дар ҷомеа бо василаи ҷалби мутахассисони соҳавӣ, олимони ҳуқуқшинос, равоншиносону иқтисодчиён, сиёсатшиносон, рӯзноманигорон, кормандони мақомоти бар зидди коррупсия муборизабаранда, инчунин муҳаққиқони таъриху адабиёт, собиқадорони мақомотҳои давлатӣ, ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва байналмилалӣ ба василаи табъу нашри адабиёти илмию оммавӣ дар мавзӯҳои зиддикоррупсионӣ; нависандагон, рассомон, ходимони театр, радиову телевизион ва зиёиёни кишвар ба василаи таҳия ва басаҳнагузории асарҳо оид ба оқибатҳои зараровари коррупсия, таҳия намудани видеороликҳо, асарҳои рассомӣ ва ғайра ба нақша гирифта шудаанд.

Давлатзода Гулнора, Қурбонов Зайналобиддн кормандони Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон

Бознашр аз http://ddstdt.tj/


Back to list