ВАЗЪИ ИҶТИМОӢ-СИЁСИИ ҶУМҲУРИИ АФҒОНИСТОН ВА ТАЪСИРИ ОН БА МАСОИЛИ ФАРОМИЛЛӢ ДАР ОСИЁИ МИЁНА

 05.02.2022

Яке аз масъалаҳои муҳим ва ҳамеша дар маркази диққати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордошта масоили Афғонистон мебошад. Зикр кардан бамаврид аст, ки иқдоми пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи истиқрори сулҳ дар минтақаи ҳамҷавори мо нақши муҳим дорад.

Кишвари мо яке аз аввалин давлатҳое мебошад, ки масъалаи барқарории сулҳу оромиро дар кишвари мусибатзада – Ҷумҳурии Афғонистон аз минбари Созмони Милали Муттаҳид ва созмонҳои дигари ҷаҳонӣ ҳамчун мушкилоти байналмилалӣ шумурда, дар тамоми нишастҳои ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ ин масъаларо дар баробари дигар масъалаҳои муҳими сиёсии хориҷии худ дар маддӣ аввал гузоштаанд. Пешвои миллат борҳо аз аъзои ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал овардаанд, ки кумаки худро барои Афғонистон дареғ надоранд, зеро буҳрони ин кишвар як мушкилоти байналмилалист. Мардуми шарифи ин кишвари бародар бо мо ҳамзабону ҳамфарҳанг буда, решаҳои муштараки таърихии мо ба умқи ҳазорсолаҳо мерасанд. Аз ин рӯ, табиист, ки сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мо ба сарнавишити бародарони афғони худ бетафовут нест.

Мавқеъгирии Пешвои миллат дар баробари буҳрони кунунии Афғонистон мувофиқ ба конвенсиони байналмилалӣ аст. Яке аз хостаҳои Сарвари давлати мо ин аст, ки ҷиҳати ворид кардани намояндагони ҳама қавму миллатҳои Афғонистон, аз ҷумла тоҷикон, ки 46 дарсади аҳолии ин кишварро ташкил мекунанд, ба ҳукумат дар оянда на танҳо мувофиқ ба ахлоқу инсоф аст, балки бар асоси қонуну қоидаҳои байналмилалӣ низ мебошад. Паёми Пешвои миллат ба башарият чунин садо дод, ки инсоният дар тӯлӣ мавҷудияти хеш кӯшиш намудааст, то мушкилоти хешро аз роҳи ақлу дониш ҳал намояд. Тамоми офаридаҳои башарӣ маҳсули андеша ва ақлу хиради ӯ ба ҳисоб меравад. Дар шебу фарози таърих инсоният ҳар мушкилеро, ки чӣ асли он табиӣ бошад ё иҷтимоӣ, фақат аз роҳи чораандешиву хирадгароӣ барои он чораҷӯӣ намуда, роҳи ҳаллеро пешниҳод намудааст. Яъне бар асоси ин бунёди ҳамаи пешрафт ва созандагиҳои инсонӣ марбут ба ақлу хиради инсонанд. Танҳо ҳалли мушкилот дар минтақа бо назардошти манофеи фаромиллӣ мебошад. Ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд аввалан ба манофеи миллии қавмҳо ва миллатҳое, ки дар ин кишвар тӯлӣ қарнҳо барои ба даст овардани истиқлолият ҷоннисориҳо намудаанд, таваҷҷуҳ намоянд. Кишвари Афғонистон танҳо мансубият ба як қавм надорад.

Боиси таассуф аст, ки баъд аз барҳам хӯрдани пояҳои низомии кишварҳои Ғарб ин кишвари ҳамсояи мо ба майдони ҷанги муқовимати кишварҳои манфиатовар ва паноҳгоҳи гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ мубаддал гашт. Ин воқеаҳо сабаби сарсону саргардон гаштани мардуми шарифи Ҷумҳурии Афғонистон гардид. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро дар тамоми нишастҳои байналмилалӣ ба ҳалли маслиҳатомези қазияи Ҷумҳурии Афғонистон ҷалб менамояд, чунки вазъияти мураккаби ин кишвари ҳамсояро истифода намуда, бадхоҳон ва манфиатталабон сулҳу оромии Тоҷикистонро низ халалдор менамоянд.

Мардуми шарифи Афғонистон аз ҷангу ҷидоли таҳмилӣ, ки пеш аз ҳама бар асари мудохила кардан ба умури дохилии он сар задааст, мусибати зиёд мебинад. Мутаассифона, раванди халалёбӣ дар ин кишвар имрӯзҳо рангу тобишҳои нав пайдо карда истодааст, ки мояи нигаронии на танҳо кишвари мо, балки тамоми минтақа мебошад.

Қайд намудан зарур аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин кишвари ҳамсояи худ дар қатори дигар давлатҳо муносибатҳои хуби иқтисодӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ дошт ва мехоҳад ҳар чӣ зудтар ин муносибатҳоро барқарор намояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Афғонистон якчанд роҳҳои мошингардро тавассути пулҳо кушод, мутахассисонро барои соҳаҳои энергетика, сохтмон, нақлиёт ва дигар соҳаҳои мухталифи ин давлат омода намуд.

Муносибатҳо бо Ҷумҳурии Афғонистон ба сифати яке аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор мераванд.

Мавриди зикр аст, ки нақши Ҷумҳурии Афғонистонро дар таъмини сулҳу субот дар минтақа ба назар гирифта, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми паёмҳояшон ба Маҷлиси Олии кишвар ва нишастҳои байналмилалӣ ба масъалаи мушкилоти Ҷумҳурии Афғонистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд.

Чуноне ки дар нишасти 15-уми сарони кишварҳои Созмони ҳамкории иқтисодӣ санаи 28-уми ноябри соли 2021 дар шаҳри Ашхободи Ҷумҳурии Туркманистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон чунин қайд намуданд: “Афғонистон имрӯзҳо дар остонаи фалокати башарӣ қарор дорад. Бо фаро расидани мавсими сармо вазъият метавонад дучанд шиддат гирад ва боиси гуруснагии оммавӣ гардад. Вобаста ба ин расонидани кӯмаки гуманитариро ба мардуми Афғонистон тавассути сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид ва созмонҳои байналмилалии башарӣ зарур медонем”.

Пешвои миллат барои ҳар чӣ бешатар ва беҳтар таваҷҷуҳ кардан ба дастгирии давлати Афғонистонро таъкид намуда, аз ҷумла тавсия карданд, ки «ҳамон зарурати ҳамоҳангии бештар ва ҷалби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба татбиқи лоиҳаҳо ва барномаҳои мушаххас дар Афғонистон эҳсос мешавад. Дар ин ҷо дар фаъолияти “Қалби Осиё – Раванди Истамбул” аз замони ташаккулёбии дар соли 2011 то ба имрӯз, бешубҳа нуфузу мақоми муҳим дорад».

Пешвои миллат ҳамчунин зикр намуданд, ки “Тоҷикистон татбиқи стратегияи фарогири байналмилалиро ҷиҳати таъмини субот ва барқарорсозии ҳаёти осоишта дар Афғонистон ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд”.

Мо ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ итминон дорем, ки ҳалли мушкилоти бамиёномада дар кишвари ба мо ҳамсоя бо ташкили ҳарчӣ зудтари ҳукумати фарогир бо иштироки ҳамаи қавму миллатҳо амалӣ хоҳад гашт.

Раҳимов Ҷ.Б. – декани факултети энергетикии ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ.


Back to list