КИТОБИ “ТОҶИКОН”-И АЛЛОМА БОБОҶОН ҒАФУРОВ ШИНОСНОМАИ МИЛЛАТИ ТОҶИК АСТ

 04.05.2022

Хирадманде гуфтааст: “Шарт нест, ки барои аз байн бурдани як миллат китобҳояшро бисӯзонед. Фақат коре кунед, ки мардумонаш китоб нахонанд”.

Тоҷик аз бостон то остон ба китоб арҷ мегузошт ва офаридаҳои гузаштагонро меомӯхт ва омӯзаҳои нав меофарид. Аз таърих огоҳем, ки ҳамлаварони ҳарису бадхоҳ борҳо сарзамини сарсабзу обшор, ороставу перостаи онҳоро дида, бо ҳилаҳову шабехунҳо бар сарашон метохтанд ва дороияшонро рабуда, китобҳояшонро месӯзонданд ва андешаву биниши ноёбашонро аз худ медонистанд. Аммо доноёни сарбаланду бузурге дубора пайдо мешуданд, ки хома ба даст гирифта, кӣ будани мардумонашонро, саргузашти ҳазорсолаҳои фарҳанговариашонро нигошта, дар пеши рӯйи ҳама ҷаҳониён мегузоштанд.

Искандари Макдунии ғоратгар, ки китоби муқаддаси “Авасто”-ро ба оташ афканд, натавонист суханҳои оташини онро аз синаи миллионҳо тоҷикзодагон битарошад. «Авасто» аз забон ба забон, аз дил ба дил гузашта, то ба замони мо омада расид. Абурайҳон Берунӣ дар китоби худ «Осор-ул-боқия» дар ин бора менависад: «Вақте ки Қутайба ибни Муслим Сардор Ҳаҷҷоҷ бори дувум ба Хоразм рафт ва онро кушод, касе ки хатти хоразмӣ менавишт ва аз таърих, илмҳо ва хабарҳои гузашта бохабар буд, бидуни дудилагӣ аз теғи риштарошӣ мегузашт ва коҳинону чӯпонон ба таври умда мардум ва китобро комилан несту нобуд мекард. Ҳашан ҳамаи онҳоро сӯзонд ва нобуд кард...».

Бад-ин тартиб сарзамини Хуросон аз китоби саргузашти тоҷиктаборон омӯзаҳои илму фарҳанги онҳо тиҳӣ гашт. Аммо модари Ватан писареро бо номи Фирдавсӣ ба мардумаш бахшид, ки бо сухани раъдосову ҳикматбор саргузашти бунёдгарони сарзамини озодзодагонро ба ёд овард. Фирдавсӣ чун бахше аз достонеро меофарид, шогирдони бешумораш онро бознавис карда, дар байни мардум паҳн мекарданд.

Замони ҳамлаҳои муғулону туркони бодиянишин низ китобсӯзиҳо поён наёфтанд ва дар рӯзгори ҳамроҳи ҳукуматрониҳои Иттиҳоди Шӯравӣ будан ба китобҳову офаридаҳои таърихиву адабӣ бо чашмони сиёсӣ нигариста мешуд. Маҳз дар ҳамон рӯзгоре, ки оҳангҳои миллатгароӣ ва худбузургбинии тангназарон дар Иттиҳоди Шӯравӣ меафзуд, шахсияти дигари таърихии тоҷикон аллома Бобоҷон Ғафуров чун Ҳаким Фирдавсӣ қад боло карда, шоҳасари худ «Тоҷикон»-ро ба чоп расонд.

«Тоҷикон» ба сони раъду барқе буд, ки танинаш гӯё аз осмонҳо ба замин фуруд омад. Ба сони барқе буд, ки ҳама шамъҳои нимхомӯшро фурӯзон кард. Тоҷик дубора бо сари баланд, бо ғуруру ифтихор мегуфт: «Ман тоҷикам! Маро кам набинед. Ман аз он мардумоне мебошам, ки испори барзгарӣ, досу осиёбу кӯзагарӣ ва ҳазорон шеваҳои росту дурусти кору пайкору зиндагиро кашф кардаам. Нахустин хонасозу боғкор, хатнавису нақшорой, шаҳрсозу суханорой будаму мемонам!».

Бобоҷон Ғафуров то рӯзҳои вопасини зиндагии худ пайваста машғули тавзеҳ ва такмили асари асосиаш – «Тоҷикон» буд. Дар бадали 30 соли кори эҷодии худ дар сари таърихи халқи тоҷик Б. Ғафуров ҳаҷми асарашро се марортиба зиёд намуда, онро аз як китоб ба ду китоб мерасонад. Ин асар ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ дар шаҳрҳои Душанбе ва Маскав шаш маротиба ба табъ расидааст. «Тоҷикон» на танҳо аз ҷиҳати ҳаҷм ва гунҷоиш, балки бештар мазмунан низ ғанӣ ва пурра гардидааст. Академик Бобоҷон Ғафуров китоби худро пурра намуда, орзу дошт, ки «Тоҷикон» ҳарчӣ зудтар ба забони тоҷикӣ нашр шуда, дастраси доираи васеи хонандагон гардад, вале ин орзуи олим пас аз маргаш ҷомаи амал пӯшид. Ҳангоми ба чоп омода намудани «Тоҷикон» ба забони тоҷикӣ бо назардошти афзоиши ҳаҷми нашрия (75 ҷузъи чопӣ, бо сабабҳои техникӣ) муҳаррири масъули китоб – Аҳрор Мухторов мувофиқи ризоияти муаллиф асарро ба ду ҷилд тақсим намудааст. Воқеан, ҷилди аввал, чаҳор фасли нахустин (то асри 16), ҷилди дуюм бошад, давраи аз асри 16 то ғалабаи Инқилоби Октябрро дар бар мегиранд. Соли 1983 нашриёти «Ирфон» китоби якум ва соли 1985 бошад, китоби дуввуми «Тоҷикон»-ро ба хонандагони деринтизор тақдим намудааст. Бобоҷон Ғафуров ҳангоми ба забони тоҷикӣ тайёр кардани асари худ маълумоти манбаъҳо ва тадқиқоти гуногунро то аввали соли 1977 моҳирона истифода бурда, иловаҳои эҷодӣ ва тасҳеҳ ворид намудааст.

Шоҳасари академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» на танҳо дар таърихнигории ватанӣ, балки дар миқёси кишварҳои хориҷӣ низ шуҳрату шаҳомати беандозаро дорад.

Ҳатто муҳаққиқ дар он масъалаҳои муҳим ва тадқиқталаберо, ки мавриди баррасӣ ва таҳқиқи проблемавӣ гузоштааст, ба муҳаққиқони оянда роҳи васеъ мекушояд ва ҳамзамон муайян месозад, ки тадқиқотчиёни ҷавон ба кадом масъалаҳои мубрам ва тадқиқталаб бештар таваҷҷуҳ зоҳир намоянд.

Шоҳасари «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров дар ҳаёти илмиву фарҳангии на танҳо кишварамон, балки Иттиҳоди Шӯравӣ ҳодисаи намоёне гардид ва дар саҳифаи рангини таърихшиносии Шӯравӣ бо хати заррин сабт ёфтааст.

Яке аз бостоншиносони барҷастаи Шӯравӣ, академики АИ ИҶШС, Қаҳрамони меҳнати мотсиалистӣ, Лауреати мукофоти давлатии ИҶШС А.П. Окладников, ки дар таҳқиқи таърихи бостонии халқҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла, тоҷикон саҳмгузорӣ намудааст, дар рӯзномаи «Известия» доир ба «Тоҷикон» чунин навишта буд: «Рисолаи муҳташаму бунёдии Б. Ғафуров дониши моро доир ба таърих ва анъанаҳои яке аз халқҳои қадимтарини мамлакати мо – тоҷикон ғанӣ мегардонад ва ҳиссаи арзанда дар омӯзиши таърихи Ватан аст».

Китоби «Тоҷикон» дар хориҷи кишвар низ шуҳрат ёфта, дар байни шарқшиносони маъруфи хориҷӣ бо истиқболи гарм пазируфта шуд. Ба ин китоб дар ИМА, Олмон, Чехословакия, Ҳиндустон, Афғонистон, Покистон ва дигар кишварҳо тақризҳои мусбати илмиву эҷодӣ ба чоп расиданд. «Беназирии академик Б. Ғафуров дар таҳқиқи масъалаҳои марбут ба Осиё на танҳо аз он аст, ки ӯ фарзанди миллати тоҷик аст. Ӯ директории Институти шарқшиносии АИ ИҶШС – бузургтарин маркази ховаршиносие мебошад, ки таҳти раёсаташ дар кӯтоҳтарин муддат муваффақиятҳои гӯшношунидро ноил гаштааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш дар баробари зикри масоили муҳими сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар ба масъалаҳои тарбияи насли созанда, мустаҳкам кардани пояҳои ахлоқии ҷомеа, ташаккули афкори эҷодиву созандаи халқ доимо таъкид менамоянд.

Чӣ тавре ки Пешвои миллат дар Паёми имсолаи худ таъкид карданд:

“Таърихи пурифтихори халқи тоҷик мактаби бузурги худшиносӣ мебошад ва мо вазифадорем, ки ба он арҷ гузорем, саҳифаҳои дурахшони қаҳрамониву диловарии гузаштагони худро омӯзем ва онро ҳамчун асоси ғояи ватандӯстиву садоқат ба Ватан ташвиқ намоем”.

Он гуна ки Сарвари хирадманди давлат таъкид доштанд:

“Мо кӣ будани аҷдоду гузаштагони худро бояд донем, ба онҳо арҷ гузорем ва бо насли ориёӣ, яъне ориёитабор будани худ ифтихор кунем”.

Президенти кишвар дар ин робита дар Паёми хеш ба Ҳукумати мамлакат супориш доданд, ки бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари Бобоҷон Ғафуров – китоби “Тоҷикон”-ро аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп карда, то ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатӣ аз номи Роҳбари давлат ба ҳар як оилаи кишвар туҳфа намояд.

Тақдими шоҳасари “Тоҷикон” ба ҳар як хонаводаи кишвар боз як иқдоми хирадмандона ва дурбинонаи Пешвои муаззами миллат аст ва итминон дорем, ки пас аз мутолиаи ин китоб ва пайдо кардани шинохти дуруст аз фарҳангу таърихи гузаштаи хеш мардуми сарбаланди мо боз ҳам беҳтару бештар барои ободсозиву гулгулшукуфии Ватан камари ҳиммат баста, талош мекунанд, то ному пайкори созандаи онҳо низ дар таърихи кишвари соҳибистиқлоли мо сабт гардад. Ҳамчунин мутолиаи ин китоб бешак ба ҷавонони мо таъсири амиқ гузошта, ба худшиносиву худогоҳӣ ҳидоят менамояд ва онҳоро аз зери таъсири гурӯҳу ақидаҳои ифротӣ берун кашида, дар маҷмӯъ ба ватандӯстиву ватанпарастӣ роҳнамоӣ мекунад.

Ғуриев Фаридун – донишҷӯйи курси 2, г. 53010403, факултети энергетикии ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ.


Back to list