ЭНЕРГЕТИКА ҲАМЧУН АСОСИ САНОАТИКУНОНИИ БОСУРЪАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 04.05.2022

Ҳангоми сарборӣ қувва дар тамоми узвҳои бадан сарф мешавад. Чунин ҳам дар мавриди истеҳсолот мешавад. Корхонаҳои саноатиро нерӯи барқ ба ҳолати корӣ медарорад, аз ин лиҳоз истифодаи сарфакоронаи он талаботи ҷаҳони имрӯза мебошад. Барои таъмини сарфакорӣ моро зарур аст, ки ба технологияҳои нави замонавие, ки қувваи барқро кам истеъмол мекунанд ва дар навбати худ тавоноии истеҳсолияшонро аз даст намедиҳанд рӯ оварем. Дар асоси ин имконияти иловагӣ барои васеъкунии истеҳсолот ва сохтмони объектҳои нави саноатӣ пайдо мешавад. Масъалан, имрӯзҳо дар кишвари мо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои иловагии истифодаи сарфаҷӯёнаи энергия” амал мекунад, ки мувоқи он ҳамаи намуди лампаҳои тафсон бояд бо лампаҳои каммасраф иваз карда шаванд ва воридоти ин намуди лампаҳо манъ карда шавад. Ин ҳам боз як қадами устувор барои ба даст овардани Истиқлолияти комили энергетикӣ ба ҳисоб меравад, ки яке аз стратегияҳои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Аз гуфтаҳои боло бар меояд, ки азнавсозии саноати технологӣ дар тамоми зинаҳо рафтори  инноватсиониро талаб мекунад. Ба мо кормандони соҳаи барқ зарур аст, ки механизмҳо ва роҳҳои ҳали ин масъаларо дарёфт кунем. Махсусан ин ба муҳандисони ҷавон дахл дорад, чуноне ки Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд мекунанд: “Насли ҷавон-ояндаи миллат аст”. Кашф кардаини муҳаррикҳо бо ККФ баланд, то минимум расонидани талафоти нерӯи барқ дар зинаҳои истеҳсолот ва интиқол- вазифаҳои аввалидараҷа барои мутахассиҳои соҳа мебошанд. Инчунин баъзе таҷҳизотҳоро бояд ба намуди навашон иваз кард. Дар соли 2021 дар шаҳри Душанбе ивази ҳисобкунакҳои анъанавии барқӣ ба ҳисобкунакҳои нав, ки системаи билингиро ташкил медиҳанд, сар шуд. Аз ҳисоби ин бояд талафот дар хоҷагиҳои камуналӣ ва саноатӣ кам шавад. Ғайр аз ин айни ҳол дар дигар объектҳои стратегии ҷумҳурӣ корҳои азнавсозӣ ва сохтмонӣ бомаром идома доранд.

Дар солҳои охир кишвари мо роҳи саноатикунониро пеш гирифтааст. Чи хеле ки ба ҳамагон маълум аст, элементи асосӣ ҳангоми саноатикунонӣ ин нерӯи барқ мебашад. Дар навбати худ истеҳсоли нерӯи барқ кори меҳнатталаб ва гаронарзиш мебошад. Агар саноатро саноатро ба организми одам шабоҳат диҳем, дилаш нерӯгоҳи барқӣ мебошад.

Ҳакимов А.А., Сабуров Ш.М. – донишҷӯёни курси 3 гр 430103Б факултети энергетикӣ.


Back to list