28 феврал дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ маросими оғози намоиши сайёр таҳти унвони "Энергетика дар давраи гузариш –таъмини нерӯ барои фардо" баргузор гардид.
Дар намоиш вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа, сафири Ҷумҳурии Федералии Олмон дар Душанбе ҷаноби Йорг Шуграф, сафири Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Элза Пинёл, муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷуразода Ҷамшед, директори ташкилоти GIZ дар Тоҷикистон хонум Сабине Олтоф, сафири Иттиҳодияи Аврупо дар Тоҷикистон ҷаноби Раймундас Кароблис, менеҷери кишварии Бонки Ҷаҳонӣ ҷаноби Озан Севимлӣ ва дигар ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ, ки дар ин самт кору фаъолият мекунанд, иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ Давлатзода Қудрат Қамбар меҳмонони олиқадрро барои ташриф ва суханронӣ дар кори конференсия, ки “Гузариши энергия: калиди расидан ба бетарафии иқлим, аммо оё мо метавонем ба он омода бошем?” ном гирифта буд, иҳзорӣ миннатдорӣ намуда, қайд намуданд, ки донишгоҳ бо истифода аз таҷрибаи беҳтарин роҳу усулҳои замонавии таълим ва расидан ба ҳадафҳои рушди устуворро тақвият дода, рушди таҳсилоти муҳандисиро дар раванди рақамишавии босуръат пайваста такмил медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки баҳри таъмини истифодаи самараноки сармояи табиӣ, ҷалби сармоягузорӣ, роҳандозии технологияи муосиру инноватсионӣ ва таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар самти «иқтисоди сабз», инчунин вусъат бахшидани иқтидорҳои алтернативии истеҳсоли «энергияи сабз» аз ҳисоби манбаъҳои барқароршавандаи энергия, ҷалби таваҷҷӯҳ ба масъалаи гузариши энергетикии глобалӣ тавассути технологияҳои иттилоотӣ дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ аз 28 феврал то 20 март бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Федералии Олмон дар Душанбе намоиши сайёр таҳти унвони "Энергетика дар давраи гузариш –таъмини нерӯ барои фардо" баргузор мегардад.
Намоиш то санаи 20 март идома намуда, мавзуъҳо вобаста ба бахшҳои энергетика дар раванди гузариш тавассути технологияҳои иттилоотӣ, энергияи тавлидшаванда, самаранокии энергетикӣ дар бахши сохтмон, саноат, нақлиёт ва рушди устувор пешбинӣ гардидааст.