ҶАВОНОН-ОЯНДАСОЗИ МИЛЛАТ

 03.06.2022

Пешрафт ва бақои ҳар як давлату миллат аз вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ, фарҳангию сиёсӣ, илму маърифати ҷавонон вобастагии беназир дорад.

Тоҷикистони мо ватани ҷавонон аст ва баҳри онҳо ҳама шароитҳои зарурӣ барои илмомӯзӣ, касбҳои мухталифро аз худ кардан, ба ҷойи кор таъмин будан шароитҳои хуб муҳайё карда истодааст. Дар ин ҷода заҳматҳои зиёди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беназир мебошанд. “Дар шароити пешрафти босуръати илму техника ва технология, баланд бардоштани сатҳу сифати дониши хонандагон ва ба роҳ мондани усулҳои пешрафти таълиму тарбия аз ҷумлаи масъалаҳои мубрами рӯз ба ҳисоб мераванд”-дар суханрониҳояш қайд намудааст Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Бояд қайд кард, ки ҳар як сухани ифшонамудаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пояи устувори воқеӣ дошта, барои амалӣ гардидани сиёсати давлат нисбати ҷавонон бо таҷрид ва суръати баланд амалӣ гардида истодаанд.

Озмунҳои “Илм-фурӯғи маърифат”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” дар миёни ҷавонон кашфи ҳақиқии истеъдодҳо гаштаанд. Ҳар як ҷавони боистеъдод зери сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, аз ғамхориҳои падаронаи ӯ нафъи беандоза мебарад.

Дар ҷумҳуриямон 41 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ арзи вуҷуд дорад ва дар онҳо 245 ҳазор  нафар ҷавонон таҳсил мекунанд. Беш аз 40 ҳазор  нафар ҷавони ватанамон дар хориҷи кишвар айни замон таҳсили илм карда истодаанд.

Барои ҷавонони лаёқатманд дар ҳар як шаҳру ноҳияҳо марказҳои махсусгардонидашудаи таълимӣ бунёд гардида, амал карда истодаанд. Барои хонандагони муассисаҳои таълимии олии касбӣ 3 ҳазор стипендияи Президентӣ  таъин карда шудааст, ки 70 фисади он ба донандагони фанҳои дақиқ ва риёзӣ равона карда шудааст. Ин яке аз заминаҳои асосии амалӣ гардидани ҳадафи чоруми стратегӣ-Саноатикунонии босуръати кишвар мебошад.

Аз мо ҷавонон нисбати ин қадар ғамхориҳои беназир як чиз талаб карда мешавад: илм омӯхтан, соҳибкасб шудан ва ба ватан хизмати содиқона кардан.

Ҳакимов Азимҷон Абдувалиевич – донишҷӯйи курси 3 рурӯҳи 430103Б.


Back to list