НАҚШИ ФАННИ МЕТРОЛОГИЯ, СТАНДАРТИКУНОНӢ ВА СЕРТИФИКАТСИЯ ДАР ТАЙЁР КАРДАНИ МУТАХАССИСОНИ СОҲАИ ТЕХНИКӢ

 09.06.2022

НАҚШИ ФАННИ МЕТРОЛОГИЯ, СТАНДАРТИКУНОНӢ ВА СЕРТИФИКАТСИЯ ДАР ТАЙЁР КАРДАНИ МУТАХАССИСОНИ СОҲАИ ТЕХНИКӢ

Аннотатсия: Дар мақолаи мазкур маълумот оид ба нақши фанни “Метрология, стандартикунонӣ ва сертификатсия” дар тайёр кардани мутахассисони соҳаи техникӣ оварда шудааст. Аҳамияти стандартикунонӣ дар мисоли ҳалли масъала оид ба марҳилаҳои давраи ҳаёти маҳсулот дар бар гирифта шудааст. Инчунин доир ба талабот ба тайёр кардани мутахассисони ин соҳа фикрҳо баён карда шудааст.

Ҷаҳони муосири иқтисоди бозор талаб мекунад, ки маҳсулоти истеҳсолшаванда рақобатпазир бошад. Аз ин сабаб талабот ба сифати маҳсулот рӯз то рӯз меафзояд.

Агар маҳсулоти истеҳсолшуда ба стандарти байналмилалӣ ҷавобгӯ набошад, ҳеҷ гоҳ рақобатпазир нахоҳад буд.

Барои ҳалли ин мушкилот мутахассисони баландихтисос, бахусус дар соҳаи метрология, стандартизатсия, сертификатсия зарурат доранд.

Ҳоло дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар соли таҳсили 2021-2022 аз рӯйи ихтисосҳои 1-540101-01 - Метрология, стандартизатсия ва сертификатсия (дар саноати мошинсозӣ ва асбобсозӣ), 1-540102 – Усулҳо ва дастгоҳҳои назорати сифат ва ташхиси ҳолати иншоот, 1-540101-01.03 – Сертификатсия ва идоракунии сифат қабули бакалаврҳо шуруъ гардид, ки хатми аввал аз рӯйи ин ихтисосҳо соли хониши 2025-2026 амалӣ мегардад. Ғайр аз ин, дар кулли ихтисосҳои донишгоҳ фанни таълимии “Метрология, стандартикунонӣ ва сертификатсия”-ро дар ҳаҷми 240 кредит (5760 соат) меомӯзанд. Ин имкон медиҳанд, ки донишҷӯён дониш ва малакаи заруриро барои омӯхтани ин фан пайдо намоянд. Ҳангоми омӯзиши фанни “Метрология, стандартикунонӣ ва сертификатся” бакалаврҳо пеш аз ҳама, мафҳуми метрология, стандартизатсия, сертификатсия, ҳадафҳо, вазифаҳо, объектҳо, предметҳо ва усулҳои онҳоро меомӯзанд.

Донишҷӯён оид ба қонунҳо «Дар бораи метрология», «Дар бораи стандартизатсия», «Дар бораи сертификатсияи маҳсулот ва хизматрасонӣ», «Дар бораи баҳодиҳии мутобиқат», «Дар бораи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» ва ғайра маълумот мегиранд. Донишҳои ҳангоми омӯзиши ин фан бадастомада ҳангоми омӯзиши фанҳои тахассусӣ, иҷрои лоиҳаи курсӣ, лоиҳаи хатми бакалаврӣ ва оянда дар фаъолияти касбӣ истифода карда мешаванд.

Масалан, ихтисосҳои равияи мошинсозӣ мувофиқи барномаи таълим қабл аз омӯхтани фанни “Метрология, стандартикунонӣ ва сертификатсия” илмҳои дақиқи умумитехникии математикаи олӣ, физика, масолеҳшиносӣ, технологияи масолеҳи конструксионӣ ва ғайраро меомӯзанд. Пас аз омӯзиши ин фанҳо аз худ намудани фанҳои тахассусии ҷузъҳои мошин, дастгоҳҳои металлбурӣ, асбобҳои буранда, технологияи мошинсозӣ ва ғайраро меомӯзанд. Дар маҷмуъ мутахассиси ин соҳа бояд равандҳои технологии истеҳсоли маҳсулотро сохта тавонад. Дар натиҷа масъалаи истеҳсоли маҳсулоти ба нақша гирифташударо дар ҳаҷми додашуда, вақти муайяншуда, харҷи камтарин ва сифати лозимӣ таъмин карда тавонад.

Фоидаи иқтисодӣ аз маҳсулоти истеҳсолшаванда дар маҷмуъ ҳама марҳилаҳои давраи ҳаёти маҳсулотро дар бар мегирад:

  1. Дар марҳилаи таҳия (лоиҳакашӣ) – кам кардани мураккабии таҳия (лоиҳакашӣ) аз ҳисоби истифодаи такрории ҳуҷҷатҳои стандартии техникӣ, истифодаи тасвирҳои графикии шартии стандартӣ, истифодаи усулҳои ҳисобкунии стандартӣ; унификатсияи конструксияи маҳсулот бо мақсади камхарҷ кардани истеҳсоли он ва ғайра;
  2. Дар марҳилаи истеҳсол – интихоби дурусти номенклатура, ягонакунӣ, зиёд кардани истеҳсоли серия; кам кардани меъёрҳои сарфи захираҳои моддӣ; кам кардани мураккабии ивазкунии таҷҳизот; кам кардани арзиши ҷузъҳо ва ҷузъҳои стандартии харидашуда; зиёд кардани маҳсулнокии меҳнат дар раванди истеҳсолот; кам кардани давомнокии сикли истеҳсолот; беҳтар намудани бехатарии меҳнат ва ғайра;
  3. Дар марҳилаи истифода (истеъмол) – кам кардани хароҷоти истифодабарӣ (кам кардани сарфи ашёи хом, масолеҳ, сӯзишворӣ, асбобҳо ва ғайра); кам кардани зарурат ба қисмҳои эҳтиётӣ, кам кардани мураккабии таъмир ва нигоҳдорӣ; баланд бардоштани маҳсулнокии таҷҳизоти коркунанда; баланд бардоштани бехатарии маҳсулот ҳангоми истифодабарӣ, интиқол ва нигоҳдорӣ ва ғайра;
  4. Дар марҳилаи барҳамдиҳӣ (утилизатсия) – камхарҷ будани раванди барҳамдиҳӣ, аз ҷиҳати экологӣ безарар будани ин раванд, имкони коркард ва истифодаи такрории мавод ва ғайра.

Чӣ хеле ки дида мешавад, дар ҳамаи ин марҳилаҳо нақши стандартикунонӣ, метрология ва сертификатсия бонуфуз мебошад. Барои ҳамин ҳам беҳтар кардани таълими ин фан тақозои замон аст.

Барои беҳбудии таълим ва аз худ намудани фан дар қатори дарсҳои лексионӣ ва амалӣ, инчунин дарсҳои озмоишӣ низ гузаронида мешаванд. Кафедраҳои тахассусӣ, ки ин фанро меомӯзонанд, ба қадри лозимӣ бошад ҳам, бо асбобу лавозимоти даркорӣ таъмин мебошанд. Дар марҳилаи ҳозира кафедраи метрология, стандартикунонӣ ва сертификатсия кушода шудааст ва пешбарии дарсҳо ба зиммаи ин кафедра гузошта шудааст. Ба фикри мо хуб мешуд, ки он потенсиали моддие, ки кафедра дорад, нигоҳ дошта шуда, ба он тақвият бахшида шавад. Ба замми ин як озмоишгоҳи мутамарказ, ки бо таҷҳизоти ҳозиразамон ҷиҳозонида шуда бошад, таъсис дода шавад, ки таҷҳизоти он мавриди истифодаи умум қарор гирад.

Ҳамзамон барои пешрафти фаъолияти соҳаи метрология, стандартизатсия ва сертификатсия дар замони муосир барои тараққиёти кулли саноат ва истеҳсолот маҳсулоти босифат ва рақобатпазир ворид намудани барномаҳои ададии коркарди маҳсулот ва санҷиши назорати он аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Дар ин ҷода низ дар донишгоҳ озмоишгоҳҳои бонуфузи барномавӣ ададӣ амал доранд.

Кафедра низ пурра аз имкониятҳои чунин озмоишгоҳҳо бархӯрдор аст ва барои Ҷумҳурии Тоҷикистон манфиатнок мебошад.

Дар умум мехоҳем баён намоем, ки мақсади метрология, стандартикунонӣ ва сертификатсия ба беҳтар кардани сифати тамоми ҳаёти мо нигаронида шудааст. Ҳалли ин масъала, дар сурати мавҷуд будани шумораи зарурии мутахассисони баландихтисос имконпазир аст. Бояд ҳар як мутахассиси техникӣ дар кишвар ва ҳар як истеҳсолкунанда таъминоти метрологии истеҳсолот, талаботи стандартҳо ва зарурати гузаронидани ҳатмии маъракаи сертификатсияро хуб донад, дарк кунад ва дар амал татбиқ намояд.

Адабиёт:

  1. А.С. Якорева, В. А. Бисерова, Н. В. Демидова Метрология, стандартизация и сертификация.
  2. Ю.В. Димов. Метрология, стандартизация и сертификация, 2-е издание.
  3. Пятаков. Эман. Взаимозаменяемость стандартизация и технические измерения: Душанбе, 1983 г.
  4. М.Я. Марусина В.Л. Ткалич Е.А. Основы метрологии, стандартизации и сертификации. Санкт-Петербург, 2009.

Мирзоалиев А.И. – номзади илмҳои техникӣ, и.в. дотсенти кафедраи “Метрология, стандартикунонӣ ва сертификатсия”-и ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ.


Back to list