ДАСТ БА ДАСТИ ҲАМ ВАТАН ОБОД МЕСОЗЕМ!

 20.06.2022

Тибқи дастуру супоришҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаҳд бар он дорад то дар бунёду тақвият бахшидани дӯстиву  бародарӣ байни ҷавонони ҳамаи манотиқи мамлакат нақши калиди дошта бошад.

Бо ин мақсад аз санаи 21- то 24 -уми апрели соли 2022 бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон меҳмонии ҷавонон ҷумҳурӣ  таҳти унвони "Дӯст ояд гарм дар оғуш гир" баргузор гардид,  зиёда аз 150 ҷавони фаъолияти  вилоятҳои Суғду Бадахшон, Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳури ва ш. Душанбе бо мақсади шиносоӣ аз мавзеҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва бедор намудани ҳисси баланди   худшиносии милли ба шаҳру ноҳияҳои Дарвози ВМКБ, Восеъ, Ховалинг ва Кӯлоби вилояти Хатлон сафар карданд.

Нахуст дидорбинии гурӯҳи ҷавонон аз ноҳияи Восеъ оғоз гардид. Дар даромадгоҳи ноҳия гурӯҳи ҷавононро роҳбарият, аъзоёни фаъол ва  ҷавонони сарбаланди ин ноҳияи таърихиву зебоманзари ҷумҳурӣ истиқбол гирифтанд. Ҷавонон махсусан  , аз меҳмонхонаи "Сайёҳон" , ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуда буд, қалъа ва осорхонаи Ҳулбук, боғи марказии парчами миллӣ дидан намуданд. Бо арзи эҳтиром, аз тарафи ҷавонони саодатманди Тоҷикистон дар назди сарбози номаълум гулчанбар гузошта шуд.

Дар анҷом ба намояндагони ҷавонони минтақаҳои Тоҷикистон тӯҳфаҳои хотирмон  аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ супорида шуд Сипас меҳмононро ба ноҳияи Ховалинг гусел намуданд.

Дар даромадгоҳи ноҳияи Ховалинг гурӯҳи ҷавононро роҳбарият, аъзоёни фаъол ва  ҷавонони фаъоли ин ноҳия истиқбол гирифтанд. Ҷавонон нахуст  оромгоҳи “Ҳазрати султон Увайси Қаранӣ” зиёрат намуданд ва аз таърихи пурифтихори миллати хеш огаҳӣ пайдо карданд. Ҳамзамон, аз мавзеҳои фарҳангии “Оромгоҳи Хоҷабиансорӣ” ,”Шаҳри Мунк”, “Дараи Мухтор”, ва дигар мавзеҳои таърихию фарҳангии ноҳияи хушбоду ҳавои Ховалинг дидан намуданд ва  ба шаҳри Кӯлоб  раҳсипор шуданд.

Меҳмононро дар ҷамоати Зиракӣ раиси шаҳр ва намояндагони МИҲД пешвоз гирифта, ҳамчун рамзи дӯстӣ ба ҳамаи ҷавонон тоқии Кӯлобӣ тӯҳфа намуданд. Ҷавонон мақбара ва боғи Мир Сайид Алӣ Хамадониро дидан намуданд. Бо пайи қадами меҳмонон, дар Кӯлоб лигаи олии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои "Равшан"-и Кӯлоб ва "Равшан"-и Зафаробод баргузор гардида, ҷавонон мухлисӣ намуданд.

Дар анҷом бо иштироки раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ чорабинии фарҳангӣ доир гардида , иштирокчиён ва фаъолон бо сипоснома ва гувоҳномаҳо қадрдонӣ шуданд.

Субҳидам дар маркази шаҳр ҷавонони вилояти Суғд  ШНТМ ва ш. Душанбе бо ҷавонони Бадахшон рақсу сурудхонӣ намуда дар охир ҷавонони В. Суғд , шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе ҷавонони Бадахшонро дар оғӯш гирифта, гусел карданд.

Баъдан ҷавонони вилояти Суғд ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе ба ноҳияи Данғара раҳсипор гаштанд. Дар ноҳияи Данғара аз Осорхонаи мактаби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Призденти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дидан намудаанд.

Боиси қайд аст , ки ин гуна чорабиниҳо, ки бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегарданд вс ҳамоно идома доранд, метавонанд дар ташаккули шахсияти инсон нақши калидӣ дошта бошанд. Воқеан ҳам ба маврид аст, ки дӯстӣ байни ҷавонони мамлакат ин пайванди ногусастании Тоҷикистон буда , бо анҷом додани ин амалҳо метавон ояндаи дурахшони Ватанро тавъам дид.

Ҳамроҳи  гурӯҳи ҷавонон ба ноҳияи Восеъ  омадаму дубора аз миллати соҳибтамаддуни хеш ифтихорманд гаштам, болидам.  Боду ҳавои тоза, манзараҳои базеб, ёдгориҳои беназири таърихӣ ва Ҳулбуки қадима  ба Васеъи мо шукуҳу шавкати хосса бахшидаанд.

Ҳангоме ки аз Ҳулбук дидан менамудем, беихтиёр таърихи бою рангини Ватани азиз пеши назар меомад. Шуҷоату мардонагии Сомониву Деваштичу Спитамену Шерак... Ҳулбук ҳамчун ёдгории беназири таърихӣ, ки асрҳо побарҷову бошукӯҳ боқи мондааст, дар қалби ҳар як ҷавони соҳибдили тоҷик ҳисси ватандӯстиву меҳанпарастӣ ва худогоҳию хештаншиносиро бедор месозад.

Аз 18 мавзеи ҷолиби Восеъ ҳавзи Қайнар бароям таассуроти нек бахшид. Табиати биҳиштосою манзараҳои нотакрор ҳар бинандаро ба худ ошиқ мегардонанд. Бешубҳа, Тоҷикистони моро "Биҳишти рӯйи дунё" - хондан беҳуда нест. Мо - ҷавонон бо Ватани хеш, бо Саразму Ҳулбуку Ҳисору Қайнари хеш мефахрем ва барои гулгулшукуфоии меҳани азиз камари ҳиммат мебандем.

Худойназаров Б.А. – донишҷӯйи курси 3-юми гурӯҳи 430101 А2, факултети энергетикӣ.


Back to list