ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМОНИ ҶАВОНИ ДОНИШГОҲ - ИФТИХОРИ МО!

 11.09.2021

 

Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дорои нерӯи пуриқтидори илмӣ-техникии ҷавобгӯй ба талаботи замона буда, вобаста ба рушди соҳаи нақлиёт ва коммуникатсия, технологияи иттилоотӣ, шабакаҳои алоқа, сохтмон ва меъморӣ, радиотехника, металлургия, технологияи кимиёвӣ ва ғайра аз рӯйи барномаҳои муҳими илмӣ-техникии аҳамияти ҷумҳуриявӣ дошта, корҳои илмӣ-тадқиқотиро ба роҳ мондаст.

Масъалаи омодасозии кадрҳои илмӣ-педагогӣ доимо дар маркази диққати раёсати донишгоҳ аст. Айни замон, зиёда 55%-и устодони донишгоҳ дорои унвони илмӣ мебошанд, ки аксарияти онҳоро олимони ҷавон ташкил медиҳанд.

Яке аз дастовардҳои назарраси олимони ҷавон ин сазовор шудан ба Ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ дар соҳаи илму техника мебошад. Мавриди зикр аст, ки дар даврони Истиқлоли давлатӣ зиёда аз 15 нафар олимони ҷавони донишгоҳ сазовори ин ҷоиза гардиданд.

               

Ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2020 -2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон карда шуд.

Ташаббуси мазкур баҳри комилан ба сатҳи нав баровардани сатҳи донишомӯзии насли ҷавон ва таваҷҷӯҳи онҳо нисбати фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ гардид. Дар ин замина шароит барои баланд бардоштани саводнокии доираи васеъи ҷавонон ва ба ин васила таъмини рушди босуботи кишвар фароҳам оварда шуд.

Бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 феврали 2021, №АП-44 баҳри рушди фаъолияти ихтироъкориву навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари донишҷӯён ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, ҳамчунин дарёфти истеъдодҳои нав дар ин самтҳо байни донишҷӯён, магистрон, аспирантон, докторантон аз рӯи ихтисос (PhD), унвонҷӯён ва омӯзгорон бори аввал озмуни ҷумхуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ бо фармоиши ректори Донишгоҳ (№150-3/4 аз 02.03.2021) гузаронида шуд. Омӯзгорону донишҷӯён дар озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” иштирок намуда, 8 нафари онҳо дар даври ноҳиявии озмун сазовори ҷойҳои намоён гаштанд. Айни замон, ин ҳайат барои муаррифии донишгоҳ дар даври шаҳрии озмун омодагӣ дида истодаанд.

Дар доираи ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати мустаҳкам кардани захираҳои кадрӣ дар ҳамаи соҳаҳои илм соли 2012 Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт, ки дар баробари имконияти татбиқи фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ барои ҷалби бештари ҷавонон ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ мусоидат намуд.
Олимони донишгоҳ пайваста дар самти ба роҳ мондани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ чораандешӣ намуда, барои татбиқи амалии ин ҳадафҳо аз ҷониби онҳо лоиҳаҳои илмии фармоишӣ-буҷавӣ ва Фонди Президентии тадқиқоти бунёдӣ пешниҳод мешавад.

Тадқиқоти олимони ҷавони донишгоҳ ҷиҳати коркарди хулаҳои нав дар асоси алюминий дар солҳои охир натиҷаҳои махсусан хуб нишон дода истодаанд. Дар баробари ин, истифодаи арматураҳои базалтӣ дар конструксияҳои бетонӣ ва конструксияҳои синҷи беболор аз ҷумлаи навовариҳои зарурӣ ба ҳисоб мераванд.

Дастгириҳои пайвастаи давлату ҳукумат ва роҳбарияти донишгоҳ имконият дод, ки дар даврони соҳибистиқлоли аз ҷониби олимону устодони донишгоҳ соҳиби зиёда аз 300 патенту шаҳодатнома гардиданд. Ин нишондиҳанда боиси ифтихор ва сарфарозист, чун нишонаи фаъолияти босамар ва масъулияти хосаи ҳайати олимону устодони донишгоҳ аст.

Бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши олимони ҷавон ва донишҷӯён аз ҷониби масъулини самти илм ва инноватсияи донишгоҳ мунтазам симпозиумҳо, конференсияҳо, мизҳои мудаввар, семинар, тренингҳо ва дигар чорабиниҳои илмӣ ташкил ва баргузор карда мешавад, ки зимни баргузории ин чорабиниҳои олимони ҷавон ва донишҷӯён маърӯза омода намуда, дар доираи ҳайати илмӣ ироа менамоянд.

Ардашер Шерзодиён, [11.09.21 11:40]
Барои мустаҳкам кардани иқтидории кадрии донишгоҳ олимони ҷавон бо маблағгузории донишгоҳ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии муваффақ таҳсил карда, пас аз хатм дар донишгоҳ ба фаъолияти омӯзгорӣ фаро гирифта мешаванд.

Боиси зикр аст, ки дар даврони Истиқлол 44 рисолаи докторӣ ва 272 рисолаҳои номзадӣ аз ҷониби устодону кормандони донишгоҳ дифоъ карда шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбатан мусбат арзёбӣ мегардад. Айни ҳол, шумораи зиёди дастпарварони донишгоҳ дар мақомоту идораҳои давлатӣ ифои вазифа менамоянд.

Дар назди раёсати илм ва инноватсия Институти илмӣ-тадқиқотии “Политехник” фаъолият менамояд, ки вазифаи аввалиндараҷаи он мусоидат намудан дар тақвияти фаъолияти илмӣ-тадқиқотии олимони ҷавон ва татбиқи амалии онҳо мебошад.

Боиси зикр аст, ки дар донишгоҳ Ҷамъияти илмии донишҷӯён фаъолият менамояд. Донишҷӯён бо истифода аз имкониятҳои ин иттиҳоди илмии донишҷӯён корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, илмию ташкилӣ, мутобиқаткунонӣ, илмию нақшавӣ ва ғайраро мукаммал мегардонанд.

Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ ҳамчун маркази бузурги илмию таълимӣ барои татбиқи ҳадафҳои стратегӣ – расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бумбасти коммуникатсионӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар мунтазам талош варзида, иқтидори илмӣ ва зеҳнии олимони ҷавони донишгоҳ барои расидан ба ин ҳадафҳо истифода хоҳад шуд.

 

Раҳмонзода Аҳмадҷон Ҷамолиддин - сардори раёсати илм ва инноватсия, аъзо-корреспонденти Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Back to list