САҲМИ АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ИСТИҚРОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТ (Бахшида ба Рӯзи Президент)

 19.11.2021

Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи давлатдории халқи тоҷик падидаи тозае мебошад, ки воқеан барои гиромидошти арзишҳои миллии мо аҳамияти ҳаматарафа дорад. Таҷлили ин рӯз на танҳо маънои эҳтиром ба шахсияти барҷастаест, ки тамоми ҳастии худро барои ободии кишвар ва беҳдошти зиндагии мардум сарф менамояд, балки нишонаи шинохт ва гиромидошти арзишҳои миллии халқи тоҷик аст.

Боби чоруми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Президент бахшида шудааст. Маънои калимаи “Президент” сардори давлат мебошад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори давлат ва Ҳукумат ба ҳисоб рафта, ӯ ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат мебошад. Президент баёнгари ягонагии давлат буда, ҷумҳуриро дар муносибатҳои байналмилалӣ намояндагӣ мекунад, ҳуқуқи аз номи тамоми халқи Тоҷикистон сухан гуфтанро дорад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ва Раиси Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини қобилияти мудофиавии Тоҷикистон ва омодагии доимии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми чораҳои заруриро меандешад.

Тибқи қисми якуми моддаи 72-и Конститутсия Президент ҳуқуқи дахлнопазирӣ дорад. Дахлнопазирӣ ба манзили истиқоматӣ, ҷойи кор ва нақлиёти Президент паҳн мешавад. Дар асоси қисми дуюми ҳамин модда бошад, асоси бекор кардани ҳуқуқи дахлнопазирии Президент ҳангоми аз тарафи ӯ содир шудани хиёнат ба давлат муқаррар гардидааст. Пеш аз бекор кардани ҳуқуқи дахлнопазирӣ гирифтани хулосаи Суди конститутсионӣ барои он амали зарурӣ мебошад.

Мутобиқи Конститутсияи амалкунанда Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи шаҳрвандони Тоҷикистон бо тариқи овоздиҳии пинҳонӣ ба муҳлати ҳафт сол интихоб карда мешавад. Ҳар шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба синни 30-солагӣ расидааст, дорои таҳсилоти олӣ мебошад, забони давлатиро медонад ва на камтар аз 10 соли охир дар Тоҷикистон истиқомат кардааст, метавонад ба номзадии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шавад. Шахсе ба номзадии Президент ба қайд гирифта мешавад, ки на камтар аз панҷ фоизи интихобкунандагон ба пешниҳоди номзадии ӯ имзо гузошта бошанд.

Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи садоқат ва вафодорӣ ба Ватан, Президент ва миллат буда, дар сатҳи баланд баргузор намудани он нишонаи шукргузорӣ аз озодиву соҳибихтиёрӣ ва эҳтиром гузоштан ба арзишҳои давлатдориву соҳибистиқлолӣ арзёбӣ мегардад. Зеро мардуми мо Истиқлолияти давлатиро ба осонӣ ба даст наовардааст. Ба қадри сулҳу субот ва ободии Ватан бирасем ва хизмати софдилонаву содиқона ба Ватан мазмуни асосии зиндагиамон гардад.

Тоҷикистони муосир марҳилаҳои душвор, тақдирсоз ва бунёдиро паси сар намуда, дар таҳкими давлатдорӣ аркони бузургеро ба шакл даровард ва сиёсати бисёр хирадмандонаву устуворро ба роҳ монд.

Сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати ҷумҳурӣ маорифпарварона, фарҳангсоз ва миллатсоз буда, таҳти роҳбарии абармарди сиёсати ҷаҳонӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон татбиқ мегардад, ки имрӯз бузургтарин сиёсатмадорону шахсиятҳои шинохтаи ҷаҳонӣ тарзи давлатсозии онро эътироф кардаанд. Ваҳдатофариву давлатсозии халқи тоҷикро Президенти Русия Владимир Путин чунин баҳогузорӣ кардааст: «Эмомалӣ Раҳмон яке аз симоҳои барҷаста буда, дар давраи сиёсат байни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мавқеи намоёнро ишғол менамояд. Тамоми ҷидду ҷаҳди ӯ аз он шаҳодат медиҳад, ки дар Тоҷикистон раванди сулҳ тавре пойдор аст, ки назираш дар ҳеҷ мамлакате, ки ҷанги гражданиро аз сар гузаронида бошад, дида намешавад».

Имрӯз ба Сурияву Ироқи ҷангзада менигарем ва сад шукр мегӯем ба Офаридгори пок, ки наҷотбахши миллат Эмомалӣ Раҳмонро ба мо ато намуд. Ба ӯ қуввату ҷасорат дод, то ӯ ҳастии худро баҳри наҷоти миллат, ҳифзи марзу буми Ватан ва хотима бахшидан ба низои шаҳрвандӣ бахшид. Буҳрони шадиди сиёсии солҳои аввали истиқлолияти давлатии мо маҳз бо ибтикори стратегии Пешвои миллат бартараф гардид. Хусусиятҳои фавқулоддаи сарварии Пешвои миллат ба ӯ имкон доданд, ки ниҳоди қавии Президентиро дар Тоҷикистон ташкил кунад, ки он дар давраи ҷаҳонишавии босуръат ба тамоми хатару таҳдидҳои дохилӣ ва берунӣ муқовимат карда тавонад. Аҳамияти амалӣ ва таърихии ташаккули ниҳоди президентӣ пеш аз ҳама, аз он иборат мебошад, ки он ҷараёни ҳаводиси фоҷиабори ҷомеаи тоҷиконро, ки ба як буҳрони бенизомиву беқонунӣ расида буд, ба фазо ва доираи қонун бозгардонд, ҳокимияти сиёсиву мудириятро, ки ҳам дар сатҳи амудӣ ва ҳам дар сатҳи уфуқӣ пурра фалаҷ шуда буд, аз нав барқарор намуда, асоси қонунӣ бахшид.

Тоҷикистон бо ба даст овардани истиқлолият ҳадафи лоиҳаҳои низоъангези абарқудратҳо ва хусусан як гурӯҳ мамлакатҳои Шарқи Наздик гашт, ки мехостанд дар Тоҷикистон давлати исломӣ барпо намоянд ва як гурӯҳ гумроҳони миллатро бар сари қудрат биоранд. Президенти Тоҷикистон ҳамчун ватандори асил ин ҳадафҳои ғаразноки душманони миллат ва хоҷагони хориҷии онҳоро сари вақт ифшо намуда, бо тамоми ҳастиаш бар зидди онҳо мубориза бурд.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун шермарди даврони худ ба низои шаҳрвандӣ хотима бахшида, сохти конститутсиониро дар кишвар барқарор гардонид. Вақте ки ӯ ҳамчун сулҳофар ба сӯйи мухолифини сиёсии миллати мо дасти дӯстӣ дароз кард, пеш аз ҳама манфиатҳои миллии моро, ояндаи ҳамватанони худро дар пеши назар дошт. Иродаи қавии сиёсии Пешвои миллат зери фишори душманони миллат ва хоҷагони хориҷии онҳо шикаст нахӯрд ва ӯ тавонист, ки бо истодагарӣ ва ҷасорати худ ҷанги шаҳрвандиро ба анҷом расонида, сулҳу суботро дар Тоҷикистон таъмин намояд. Сулҳе, ки Пешвои миллат ба халқи ба ҷон баробару маҳбубаш овард, кафили истиқлолияти сиёсии Тоҷикистон гашт. Ҷомеаи ҷаҳонӣ ва дӯсту душманони сарзамини мо шоҳиди он гаштанд, ки миллати тоҷик Пешвое дорад ва ӯ миллатро сарҷамъ намуда, истиқлолияташро маҳфуз дошта метавонад.

Мо, тоҷикон, дар таърихи худ ба касе душманӣ надоштему ҷангҷӯ набудем. Дар фарҳанги мо, дар ҳофизаи таърихи мо афкоре аз ҷангу низоъ набуд, нест ва нахоҳад буд. Лекин агар душман ба сари мо ояд, таслим нахоҳем шуд. Ҳар як қитъаи замини Ватанамонро ҳамчун Шерак, Спитамену Темурмалик ҳифз мекунем.

Баъди ба эътидол омадани вазъи сиёсиву ҳарбӣ дар ватани мо рушди босуботи кишвар дар шоҳроҳи демократкунонии ҷомеа ва ваҳдати миллӣ маҳз бо заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон амалӣ шуда истодаанд.

Мо шоҳиди тағйироти бузург дар молия ва иқтисоди ҷаҳон, бархӯрди тамаддун ва фарҳангҳо, муташанниҷ гардидани вазъи геополитикӣ дар минтақаҳои гуногуни сайёра ҳастем, ки ин падидаҳо бевосита ба раванди ҷаҳонишавӣ вобаста мебошанд. Тоҷикистони азизи мо ҳамчун як узви комилҳуқуқи ҷомеи ҷаҳонӣ аз таъсири мусбат ва манфии раванди чаҳонишавӣ эмин монда наметавонад. Аз ин рӯ, Пешвои миллат ба ин масъала диққати хеле ҷиддӣ медиҳад.

Яке аз ҷузъҳои муҳими истиқлолиятро таҳкими истиқлолияти иқтисодӣ метавон номид. Баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ низоми ягонаи иқтисодии кишвар аз байн рафт ва мушкилиҳои зиёди иқтисодиву иҷтимоиро барои Тоҷикистони тозаистиқлол ба бор овард. Чунин мушкилиҳо тамоми соҳаҳои иқтисодии кишвар, хосатан соҳаҳои энергетика, саноат, нақлиёт, кишоварзӣ ва ғайраро фаро гирифта буданд. Баъд аз он ки дар кишвар сулҳу субот пойдор гардид, дар назди Ҳукумати Тоҷикистон масъалаи таъмини рушди устувори иқтисодии кишвар ба миён омад. Бинобар ин Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои инкишофи минбаъдаи кишвар се ҳадафи стратегии таъмини рушди босуботи иқтисодиёти Тоҷикистон, аз ҷумла таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ҳифзи амнияти озуқавориро муайян намуд.

Аз ин рӯ, Пешвои миллат борҳо таъкид намудааст, ки рушди мунтазами иқтисодиёти кишвар бе истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини пурраи ҳамаи соҳаҳо бо неруи барқ ғайриимкон аст. То имрӯз бевосита бо ташаббуси Пешвои миллат чандин лоиҳаи бузурги иқтисодӣ дар Тоҷикистон амалӣ шуда, шоҳсутуни истиқлолияти иқтисодӣ шуда истодаанд.

Дар давраи ҷаҳонишавӣ масъалаи ҳифзи фарҳанги миллӣ низ ба миён меояд. Қобили зикр аст, ки бо ибтикори Пешвои миллат ташаккули фарҳанги замони истиқлолият дар заминаи фарҳанги ахлоқӣ ва ҳаёти маънавии халқи тоҷик дар рӯҳияи сулҳпарварӣ ва таҳаммулгароӣ асос ёфта истодааст. Дар муқобили идеяҳои таҳмилшудаи хориҷӣ, ки ҳадафашон аз сар задани низои миллӣ ва мазҳабӣ иборат аст, фарҳанги миллии мо бо ҷалби қувваҳои фарҳангии дунявӣ ба сӯйи ризоият ва ваҳдати миллӣ қадам мезанад.

Имрӯз мақсади ягонаи халқи тоҷик бунёди ҷомеаи демократӣ ва барпо намудани давлати ҳуқуқбунёди дунявӣ мебошад. Барпо намудани давлати ҳуқуқбунёди дунявӣ имкон медиҳад, ки дар ҳудуди он ҳар як шаҳрванд нафаси озод кашида тавонад, баробарҳуқуқии ҳар як узви ҷамъият, озодии ҳақиқии виҷдон, сухан таъмин бошад, барои баландшавии дараҷаи зисту зиндагии мардум шароити зарурӣ фароҳам оварда шавад. Давлати дунявӣ сохтори сиёсие мебошад, ки дар он дин аз сиёсат ҷудо карда шудааст. Дар давлати дунявӣ муносибатҳои ҷамъиятӣ на дар асоси меъёрҳои динӣ, балки дар асоси меъёрҳои шаҳрвандӣ танзим мегарданд.

Хизматҳои шоёни муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди тағйироти нави бунёдкориву созандагӣ, аз ҷумла бунёди неругоҳҳои барқӣ, кушодану васли роҳу нақбҳо, бедору ғанӣ гардонидани ифтихори миллӣ, вусъат бахшидан ба вазъи таълиму тарбия ва тандурустӣ ҷойгоҳи махсус дорад. Дар баробари ин Президенти кишвар дар иншои асарҳои гуногуни таърихиву фарҳангии миллат ва зиндаву ҷовид гардонидани чеҳраҳои мондагори илмию адабӣ, қаҳрамонони миллат ва сарнавишти мардуми тоҷик ҳусни тафоҳум бахшида, бо пешниҳоду ташаббусҳои байналмилалӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ мақоми хосса дорад, ки ин маҳбубият на танҳо боиси боварию эътиқоди мардуми Тоҷикистон, балки ифтихори тамоми тоҷикони ҷаҳон аст.

Мактаби сарварии Пешвои миллат таълимгоҳест, ки дар марҳилаи бисёр мураккабу пуртазод ташаккул ёфта, мавқеи созандагиву бунёдкорӣ касб намудааст. Ин мактаби сиёсӣ дорои хусусиятҳои универсалӣ мебошад, ки ҳокимият ва муносибатҳои он аз ҷониби ин ниҳоди сиёсӣ бо риояи принсипҳои демократӣ амалӣ гашта, манфиати давлату миллат аз ҳама боло гузошта мешавад.

Ҳамин тавр Президенти кишвар танзими хавфу хатар ва таҳдидҳои нави ҷаҳониро ба назар гирифта, таъмини суботи сиёсиро вазифаи аввалиндараҷаи худ шуморид ва тамоми ҳастии худро ба пешравии миллату давлат бахшид. Ин аст, ки мавқеъ ва нуфузи ниҳоди сарварии Пешвои миллат имрӯз дар арсаи байналмилалӣ эътироф гашта, аз ҷониби Кумитаи академикии Шӯрои Аврупо Президенти мамлакат – Эмомалӣ Раҳмон сазовори Ҷоизаи «Пешвои асри ХХI» гардидааст.

Ба назари мо чунин муносибат аз бисёр ҷиҳат ба нуфузу эътибори шахсии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобастагӣ дошт. Ӯ чун шахсияте шинохта мешавад, ки мардум ба ӯ ҳамчун фарзанди фарзонаи миллат эҳтирому эътиқоди самимӣ доранд. Ҳамзамон боварӣ доранд, ки ӯ аз уҳдаи ҳалли тамоми масъалаҳое, ки имрӯз ҷомеа ба онҳо рӯ ба рӯ гаштааст, баромада метавонад.

Сироҷиддинзода М.М. – н.и.ф, дотсенти кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ.

Абдуллоев А.Ш. – ассистенти кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ.


Back to list