ПАРЧАМ – РАМЗИ ДАВЛАТДОРӢ

 25.11.2021

(Аз Дирафши ковиёнӣ то Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Инсоният дар таърихи тӯлонии хеш вобаста ба вазъу ҳолатҳои гуногун ва печида ба ҳадафҳояш рамзҳои зиёдеро эҷод ва корбаст намудааст. Агар ба таҳқиқ бингарем, ҳар як рамз то ҷое рӯшангари саргузашти қавмеву нажоде ва миллатеву давлатест. Аз ин миён парчам ҳамчун рамз таърихи рангинтарину деринтареро дорост. Бостоншиносон истифодаи онро ҳанӯз дар солҳои то милод таъкид ва собит намудаанд. Парчам бо гузашти айём ҳамчун рамз он чунон мавқеъ устувор кардааст, ки имрӯз ҳеҷ як давлатеро наметавон бидуни он тасаввур кард.

Дар саргузашти мардуми тоҷик низ парчам ва парчамдорӣ бо ҳикояте басо ҷолибу ҷозиб ҳамбастагӣ дорад. Ин ҳикоят тавассути «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсии бузўрг то ба рӯзгори мо расида.

Бино ба ҳикояти муаллифи «Шоҳнома» Коваи оҳангар аз зулму истибдоди Заҳҳоки Морон, ки дар радифи ҷавонони зиёди кишвар ҳабдаҳ писари ӯро низ тӯъмаи морон карда буд, ба дод омада, ба рағми ин шоҳи хунхор мешӯрад ва пешгири чармии худро ба сари найза кашида, халоиқро ба шӯриш даъват мекунад ва  ба пирӯзи мерасад. Ба ин васила шоҳ Фариддун ба сари тахт меояд ва он пешгири Коваи музаффарро «ковиёни дурафш» (дирафши Ковиёнӣ) мехонаду бо зару зевар меорояд ва муқаддас медонад. Бояд гуфт, ки дурафш (шакли дигарашдирафш) аз муродифҳои бостонии парчам аст.

Абулқосим Фирдавсӣ дар «Достони Заҳҳок ва Коваи оҳангар» ин ҳикоятро чунин ба риштаи назм кашидааст:

…Чу Кова бурун омад аз пеши шоҳ,

Бар у анҷуман гашт бозоргоҳ.

Ҳаме бархурӯшиду фарёд хонд,

Ҷаҳонро саросар сӯи дод хонд.

Аз он чарм, к-оҳангарон пушти пой

Бипушанд ҳангоми захми дарой

Ҳамон Кова он бар сари найза кард,

Ҳамон гаҳ зи бозор бархост гард…

Биёмад ба даргоҳи солори нав,

Бидидандаш аз дуру бархост ғав.

Чу он пӯст бар найза – бар дид кай,

Ба неки яке ахтар афканд пай.

Биёрост онро ба дебои Рум,

Зи гавҳар бар ӯ пайкару зар-ш бум.

Фурӯ ҳишт з-ӯ сурху зарду бунафш,

Ҳаме хондаш «Ковиёнӣ дурафш».

Баъд аз ин ҳодисаи басо ҷолиби таърихӣ парчам ба рамзи пирӯзи ва пасонтар ба рамзи давлатдорӣ табдил ёфт. Ва ҳар шахсе, ки ба қудрат мерасиду кулоҳи сарварӣ ба сар мениҳод, парчамро азиз медошт ва баланд меафрохт. Ба ин маънӣ боз ҳам Фирдавсии Тӯсӣ фармуда:

Аз ин пас ҳар он кас, ки бигрифт гоҳ,

Ба шоҳи ба сар барниҳодӣ кулоҳ.

Бар он бебаҳо чарми оҳангарон

Баровехтӣ нав ба нав гавҳарон.

Зи зебои пурмояву парниён

Бар он гуна гашт ахтари Ковиён.

Ки дар шаби тира хуршед буд,

Ҷаҳонро ба ӯ дил пуруммед буд.

Яъне, батадриҷ шоҳон дирафши ковиёниро боз ҳам оростатару мунаққаш карданд, то ба ҷое ки дар шаби тор ба гунаи хуршед медурахшид ва ба мардум фараҳу умед эҳдо мекард.

Аслан парчам дар саросари ҷаҳон рамзи маъруфу бостонист. Мувофики маълумоти ин сарчашма сароғоз парчам бештар чун рамзи нерую тавоноӣ, лашкаркашию кишваркушоӣ пазируфта шудааст. Бояд гуфт,ки дар фарҳангу луғатномаҳо ва дар осори бадеӣ муродифҳои зиёди вожаи парчам истифода шуданд, ки аз ин миён шаш вожаи зерин бештар маъруфанд: дирафш, алам, ливо, байрақ парчам, роят.

Вожаи сермаъною тоҷикасли дирафш аз куҳантарин муродифҳои парчам мебошад ва пас аз он дар адабиёти классикиямон вожаи арабии алам дар истифода бартари ёфта. Дар осори боқимондаи устод Рӯдакӣ ба сифати муродифи парчам вожаҳои алам, дирафш ва роят омада. Аз ҷумла устод ҳамон ибораи бостонии «дирафши ковиёни» - ро чунин корбаст намудааст:

Бо дирафши ковиёну тоқдес

Зарри муштафшору шоҳона камтар

Ҳоло вожаи дирафш хеле камистеъмол аст ва то ҷое археисти маҳсуб меёбад. Вожаи парчам дигар ифодагари комили маънии дирафш гардидааст ва аз инҷост, ки яке аз рамзҳои давлатии тоҷикон расман чунин ном гирифта: Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Пас аз таҳия ва барраси дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 майи соли 2007 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомали Раҳмон ба зери Қонуни ҶумҳурииТоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» имзо гузошт, Боби дуюми ин қонун «Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ном гирифтааст ва аз 2 модда (1.Тартиби афрохтани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 2.Ҷойгиркунии тасвири Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон) иборат мебошад. Дар қонуни мазкур тамоми қоидаҳои марбут ба муносибат ба Парчами давлати ва истифодаи он муайян шудааст.

Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии тоҷикистон, иттиҳоди вайрон нашавандаи коргару деҳқон ва зиёиён, дустиву бародарии ҳамаи миллатҳои сокини ҷумҳури мебошад.  Парчами давлатии Тоҷикистон матои росткунҷаест, ки аз се рахи рангаи уфуқи иборат аст: рахи боло ранги сурх дошта, паҳнои он бо рахи поёни сабз баробар мебошад, рахи сафеди мобайни якуним баробари паҳнои ҳар яке аз рангҳои ранга аст. Рӯи рахи сафед дар мобайни парчам бо зарҳал расми тоҷи тансиқ шуда ва болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира кашида шудааст. Мутобиқати бару дарозии умумии парчам 1:2 аст. Тоҷ ва ситораҳои парчам дар шакли росткунҷа ҷой дода шудаанд.

Бо ибтикори Президенти мамлакат 24-ноябр рӯзи парчами давлати эълон гардид ва ин рӯзи муборак минбаъд ҳамасола бошукуҳу тантана таҷлил хоҳад гашт ин рӯз собитгари ифтихору эҳтироми мо нисбат ба муқадасоти давлат аз ҷумла парчами давлатист. Парчаме, ки ҳастии давлати моро ифтихори миллии моро ифода мекунад, парчаме, ки гувоҳи барҷастаи истиқлолияти давлатии мо таҷассумгари ғурури милли ва ору номуси ватандории мост. Оре парчами давлати аз муҳимтарин муқаддасоти давлати мост. Чи қадар лаҳзаҳои муассиру ҳаяҷонбахш ва низ пурифтихор буданд лаҳзаҳое, ки Президенти мамлакат Эмомали Раҳмон баҳри садоқат ба халқу ватан хидмати фидокорона ба мардум қасам ёд карда сари таъзим ба парчами далати фуруд овард ва бо камоли эҳтирому эътиқод гушаи онро бибусид ба чашм молид.

Барои ҳифзи парчам ва посдории мартабаю эътибори он бузургмардони шарафманди миллат дар ҳолатҳои таъдирсоз фидокориҳо нишон доданд ва зеби қиссаву достонҳо шуданд. Адибони номбардори миллат дар бораи ин рамзи муқаддасоти давлат шеърҳо сурудаву асарҳо эҷод намуданд ва Тоҷикистони азизро ҳамбаста бо парчами он тавсиф бахшиданд. Ба ин маъни қитъаи зерини шоири халқии Тоҷикистон  Камол Насрулло шоистаи таваҷҷуҳ аст.

Бодурахши парчами озодагон,

Бо фуруғи тозаи тоҷи каён.

Зинда гаштӣ дар вуҷуди тоҷикон,

Тоҷикистон, Ориёно, Ориён.

Миллати бостониву сарафрохта ва соҳибғуруру тамаддуновари мо давлати соҳибистиқлолу шарафманди мо - Тоҷикистони азиз ҳамеша устувору пойдор ва парчами давлатии он чун дар боми кохи миллат то абад парафшону дурахшон бод.

Шарофов Э.У.н.и.т., дотсенти кафедраи «Фанҳои ҷомешиносӣ».


Back to list