БЕХАТАРИИ ФАЗОИ ИТТИЛООТӢ ДАР РАВАНДИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ ҶАВОНОН

 18.12.2021

Имрӯз ҷаҳон дар вазъияти хеле мураккаби сиёсӣ, бархӯрди тамаддунҳо, раванди ҷаҳонишавӣ, авҷи ҷангҳои иттилоотӣ ва инчунин ҷараёни босуръати рушди техникаю технологияи навин қарор дорад. Бо пайдо шудани алоқаи кайҳонӣ имрӯз дар курраи Замин воситаи нави паҳн намудани иттилоот ба вуҷуд омадааст, ки яке аз онҳо «шабакаҳои интернетӣ» ба шумор меравад. Маҳз яке аз омилҳои асосии ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгароию террористӣ истифодаи васеи сомонаҳои интернетӣ дар байни ҷавонон мебошад.

Василаи асосии чунин фаъолияти тахрибгарона дар имкониятҳои нави воситаҳои интиқоли иттилоот ва технологияи иттилоотӣ арзёбӣ мегардад. Ифротгароии иттилоотӣ асосан тариқи Интернет сурат мегирад. Ба ибораи дигар, ғояҳои ифротгароию террористӣ ба воситаи Интернет, шабакаҳои иҷтимоии мухталиф ба объекти мавриди назар, аз ҷумла ҷавонон расонида мешаванд. Бояд тазаккур дод, ки ба фарқ аз амалҳои террористии ошкоро (инфиҷор, оташзанӣ, гаравгонгирӣ, қатли мансабдорон ва ғайра) ифротгароии иттилоотӣ ба таври ноаён таъсир мерасонад ва муайян кардани манбаи он номумкин мегардад. Бинобар ин, аксарияти ҷавонон, ки ба Интернет ва шабакаҳои гуногуни иҷтимоӣ алоқамандӣ доранд, бо сабаби ноогоҳии сиёсӣ ба доми субъектҳои ифротгарои иттилоотӣ афтиданашонро нафаҳмида мемонанд.

Пиёдакунандагони ғояҳои ифротгароии иттилоотӣ бо истифода аз технологияҳо ё абзори мухталифи ҷолиб (саволу ҷавоб, бозиҳои мухталиф ва ғайра) батадриҷ мағзи ҷавононро ҷалб ва идора мекунанд. Дар қатори маводи пешакии ҷолиб ё ҷаззоб ғояҳои ифротгароиро ба ҷавонон талқин менамоянд. Ҷавонони таҳти таъсири ифротгароии иттилоотӣ қароргирифта хориҷ аз ихтиёри худ ба иҷрои супоришҳои тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ва Интернет додашаванда даст ба амалҳои экстремистию террористӣ мезананд. Дар натиҷа як нафар, ки аз рӯйи ангезаҳои ифротӣ амал мекунад, метавонад аз рӯйи миқёс нисбат ба гурӯҳҳои аз ҳама сершумори террористӣ харобии бештар ба ҷомеа расонад.

Ифротгароии иттилоотӣ дар баробари рушди технологияи иттилоотӣ такомул меёбад. Ин шакли ифротгароӣ, мутаассифона, дар байни ҷавонон рушд карда (паҳн шуда) истодааст. Яъне имкониятҳои эҳтимолии он маълум аст ва онҳо номаҳдуданд. Ҳадафи асосии он заиф ва вайрон кардани сохти конститутсионӣ мебошад. Ҷавонон объекти асосии таъсиррасон ба ҳисоб мераванд, зеро дар марҳилаи кунунӣ онҳо неруи созанда ва офарандаи мамлакат маҳсуб мешаванд. Аз ин лиҳоз, ифротгароии иттилоотӣ дар талоши он аст, ки тавассути идоракунии мағзи ҷавонон тамоми ҷомеаро фаро гирад. Ин як хатари ҷиддӣ мебошад. Ҷавонон ва пеш аз ҳама волидайни онҳо ин хатарро бояд хуб дарк карда, барои пешгирӣ аз ифротгароии иттилоотӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Муайян карда шудааст, ки имрӯз дар шабакаҳои иҷтимоию Интернет на як нафар, балки гурӯҳҳои ифротӣ фаъолият доранд. Ин гурӯҳҳо бо риояи ҷиддии мартаба дар байни аъзои он, ки пеш дар як гурӯҳ шомил буданд, имрӯз аз ҳисоби рушди воситаҳои алоқа шакли роҳбарии шабакавиро ба кор мебаранд. Ин маънои онро дорад, ки имрӯз гурӯҳҳои ифротӣ фақат як пешвои харизматӣ надоранд, ки идеология ва стратегияи худро ба тамоми гурӯҳ таҳмил намоянд. Ҳоло дар худи як гурӯҳ чанд хоҷагоне амал мекунанд. Ҳар кадоми онҳо сарчашмаҳои маблағгузории худро доранд ва фазои иттилоотии аксарияти мамлакат ва минтақаҳои мавриди назарро тасхир кардаанд.

Гурӯҳҳои ифротӣ соҳаҳои нав ба нави фазои иттилоотиро фаро гирифта, дар ниҳоят, ба оммаи васеъ ғояҳои худро бомуваффақият талқин мекунанд. Метавон таъкид кард, ки ифротгароии иттилоотӣ зинаи омодагӣ барои намудҳои дигари ифротгароӣ мебошад. Дар оянда он муҳити мусоидро барои паҳншавӣ ва қабули ғояҳо ва идеалҳои ифротӣ фароҳам меорад.

Ба ақидаи мо имрӯз насли ҷавон пойбанди Интернету шабакаҳои иҷтимоӣ гардидаанд. Ҷавонон ҳарчӣ бештар вақти худро дар назди телефон ва компютер сипарӣ мекунанд ва ба ҷаҳони маҷозӣ нисбат ба воқеият афзалият медиҳанд. Дар Интернет ва шабакаҳои гуногуни иҷтимоӣ бе зикри ном ё бо номи мустаор (тахаллус) дар як лаҳза иттилооти мухталиф паҳн мешавад. Даҳҳо ҳазор Интернет-сайт ва вебпорталҳои амалкунанда имрӯз мавриди истифодаи террористону ифротиён қарор доранд. Тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ онҳо тарафдорони нав ҷалб карда, ғояҳои ифротгароиро таблиғ менамоянд.

Имрӯз дар таркиби ташкилоти байналмиллалии террористӣ Интернет – хадамоти комили касбӣ фаъолона кор мекунад ва ҳудуду имкониятҳои он хеле вусъат ёфтааст. Бо кумаки Интернет-манбаъҳо имрӯз маъракаҳои иттилоотӣ барои дастгирии гурӯҳҳои гуногуни террористӣ роҳандозӣ гардида, ҷараёни амалиёти террористӣ ба нақша кашида мешавад ва иттилооти муфассал дар бораи ҳадафҳо ва объектҳои ҳамла ҷамъоварӣ карда мешаванд.

Террористон дар Интернет воситаҳои пардохти электронии маблағ ва дигар системаҳоро васеъ истифода мебаранд. Воситаи асосӣ барои даъват, муроҷиат ва интиқоли навору дискҳои видеоӣ ва аудиоӣ низ Интернет мебошад. Дар маҳсулоти мазкури Интернетӣ иттилоот дар бораи амали террористӣ дар шароити мухталиф, дастурамал барои таҳияи дастгоҳҳои худсохти мунфаҷира ва шумораи зиёди видео дар бораи «қаҳрамониҳо»-и терррористон ғунҷонида мешаванд.

Саъю талоши давлатҳо барои мониторинг ва аз байн бурдани сайтҳои ҷараёнҳои ифротӣ ва террористӣ на ҳама вақт самарабахш мегарданд.

Дар асл онҳо аз озодии сухангӯйи истифода намуда, онро васеъ ба кор мебаранд. Таҷриба нишон медиҳад, ки аз байн бурдани сайтҳои террористӣ мушкил аст, чунки онҳо провайдерҳои хориҷиро истифода мебаранд. Дар натиҷа як давлат наметавонад ба бастани сайти ғайриқонунӣ дар давлати дигар муваффақ шавад. Чунин сурат гирифтани кор шаҳодат медиҳад, ки имрӯз проблемаи терроризм дар Интернет ба як мавзӯи асосию мубрам барои ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Аз ин рӯ, ҷавонон ва пеш аз ҳама падару модарони онҳо, ҳар як аъзои солимфикри ҷомеаро зарур аст, ки аз дастовардҳои замони муосир самаранок истифода бурда, фарзандон ва насли ҷавонро таҳти назорати қатъӣ қарор диҳанд.

Тоҷикистон, ки ҷанги таҳмилшудаи шаҳрвандиро аз сар гузаронидааст, аз оқибатҳои фоҷиабори фаъолияти ташкилотҳои экстремистӣ-террористии байналмилалӣ хуб огоҳ аст ва дар тӯли солҳои истиқлолияти давлатӣ тарафдори муборизаи беамон ва муташаккилонаи зидди экстремизм ва терроризм мебошад.

Дар ҳақиқат чи тавре, ки аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи дониш (аз 1 сентябри соли 2019) бармеояд “Зеро мо хуб медонем, ки ҷанг бенизомиву беқонунист, хунрезиву куштори одамони бегуноҳ аст ва ҳамеша гуруснагиву қашшоқӣ ва харобиву бадбахтӣ меорад. Сулҳу оромӣ шарти ободиву пешрафт ва амалӣ гардидани ҳамаи нияту орзуҳои неки ҳар як инсон мебошад. Маҳз ба ҳамин хотир, мардуми Тоҷикистон ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ мерасанд ва аз зиндагии орому осудаи имрӯза шукрона мекунанд”.

Мураккабшавии авзои сиёсии ҷаҳон ва минтақа дар меҳвари манфиатҳои геополитикии баъзе аз кишварҳо боиси боз ҳам вусъат ёфтани фаъолияти ташкилоти байналмилалии экстремистӣ-террористӣ гардидааст. Боиси таассуф аст, ки баъзе аз давлатҳо дар ҳудуди худ ба терроризм ва экстремизм мубориза бурда, дар навбати худ барои ҳифз намудани манфиатҳои геополитикиашон бо таври бевосита ва ё бавосита терроризми фаромиллиро дар дигар давлатҳо ва минтақа дастгирӣ ва пуштибонӣ менамоянд, онҳоро ҳамчун ҳаракатҳои озодихоҳ ва ё ҷунбишҳои сиёсӣ эътироф ва ҳифз менамоянд.

Қайд кардан зарур аст, ки фаъолияти ташкилотҳои байналмилалии экстремистӣ-террористӣ аз рӯи ангезаҳои динӣ-сиёсӣ аз солҳои 90-уми асри гузашта дар Тоҷикистони соҳибистиқлол оғоз гардида, то айни замон бо дигаргун ва такмил сохтани шаклҳои фаъолияти экстремистӣ-террористии худ, идома дорад. Омӯзиши таҷрибаи судиву тафтишотӣ нишон медиҳад, ки афкори ифротии ин гуна ташкилотҳо барои мардуми тоҷик бегона буда, асосан аз хориҷи кишвар таҳмил мешаванд.

Аз ҷумла, фаъолияти экстремистӣ-террористии Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон (фаъолияташ дар асоси Ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 сентябри соли 2015 манъ карда шудааст) собит сохт, ки дар тӯли солҳои 1993-2015 роҳбарон ва аъзоёни фаъоли он бо дастгирӣ ва пуштибонии хоҷагони хориҷии худ даст ба даҳҳо ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин зада, ҳадафи асосии онҳо ноором сохтани авзои сиёсӣ ва бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ ва ғасб намудани ҳокимият буд.

Бояд хотиррасон шуд, ки мувофиқи талаботи моддаи 8 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсие, ки нажодпарастӣ, миллатгароӣ, хусумат, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабиро тарғиб мекунанд ва ё барои ба зӯрӣ сарнагун кардани сохти конститутсионӣ ва ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳ даъват менамоянд, манъ аст.

Ҳамчунин, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эҳсоси таҳдидҳои афзояндаи экстремизм ва терроризм ба амнияти миллӣ ва рушди босуботи худ ба пайгирӣ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва кишварҳои минтақа, муборизаро дар ин самт пурзӯр намуда, зина ба зина қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм», «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм», «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом» ва даҳҳо санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигарро қабул намудааст.

Дар баробари ин, соли 2007 қонун «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)» қабул шудааст, ки дар он низ мақсади қабули қонун мафҳуми экстремизм, кирдорҳои экстремистӣ, субъектҳои муборизабаранда, масъулияти дигар сохторҳо дар мубориза бар зидди терроризм дарҷ гардидааст. Дар баробари ин, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Консепсияи ягона оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм қабул шудааст, ки дар он низ нуктаҳои асосии мубориза бар зидди терроризм ва мубориза бар зидди экстремизм инъикос ёфтааст. Дар Консепсияи мазкур ҳадафҳои асосии қабули он ва таҳдиди ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистӣ дошта нишон дода шудааст.

Бояд тазаккур дод, ки дар солҳои охир ҷиноятҳои содиршаванда  аз тарафи ташкилоти экстремистӣ-террористии «Ал-Қоида», «Бародарони мусалмон», «Гурӯҳи 24», «Давлати исломӣ», «Ҷамоати Ансоруллоҳ», «Ҷамъияти Таблиғот», «Ҳаракати Исломии ӯзбекистон», «Ҳаракати Толибон», «Ҳизб-ут-Таҳрир», «Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон», «Салафия» ва дигар гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ содир карда шудаанд.

Мо этминони комил дорем, ки актҳои террористии ба қатлу куштори мардуми осоишта равонабуда дар ҳеҷ як шаклашон аз арзишҳои фарҳангӣ, сиёсӣ, миллӣ ва динии умумиинсонӣ манша намегиранд.

Надоштани донишҳои амиқи дунявӣ ва динӣ табиати ботинии ҷавононро осебпазир карда, ҷисми онҳоро ба гирдоби ҳалокат мекашад. Аз ҷумла, то имрӯз дар задухӯрдҳои мусаллаҳона дар хориҷи кишвар садҳо нафар ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон фавтидаанд.

Муҳаққиқон дар баробари мавҷуд будани проблемаҳои номбурда яке аз сабабҳои асосии моилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротиро дар бо таври мунтазам бо воситаи Интернет тарғибу ташфиқ ёфтани идеологияи экстремистӣ-террористӣ арзёбӣ менамоянд.

Асосан ҷавонони моилшуда аз телефонҳои мобилии пуриқтидор ва барномаҳои Viber (Вайбер), WhatsApp (Ватсап) хеле васеъ истифода мебаранд. Бо воситаи ингуна телефонҳо алоқаи арзони гуфтугӯи телефонӣ, равон сохтани ахбороти матнӣ, видео ва аудио имконпазир мебошад. Моилкунандагон аз соддагӣ ва камтаҷрибагии ҷавонон истифода бурда, онҳоро бо воситаи шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ ба монанди «Одноклассники», «Mail.ru», «Twitter», «YouTube» ва амсоли онҳо бо таври мунтазам ба гурӯҳҳои ифротӣ ҷалб менамоянд.

Пешгирии моилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ чораҳои комплексӣ ва бисёрҷонибаро (иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, динӣ, ҳуқуқӣ, психологӣ ва ғ.) тақозо менамояд, ки дар амалӣ сохтани онҳо бояд тамоми мақомоти давлатӣ ва қишрҳои гуногуни ҷомеаи шаҳрвандӣ фаъолона ширкат варзанд.

Новобаста ба ҳамкориҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ дар ин самт, асосан ҳар як давлат проблемаи мубориза ба экстремизм ва терроризмро бо қувваи худ ҳал карда истодааст. Аммо фаъолияти бархе аз ин ташкилотҳои экстремистӣ-террористӣ дар ҳудуди давлатҳои дигар роҳандозӣ ва маблағгузорӣ гардида, дар давлатҳои дигар таълимоти террористӣ-диверсионӣ гирифта, сипас, дар ҳудуди давлатҳои сеюм амалҳои террористӣ амалӣ сохта мешаванд.

Аз ин лиҳоз, ҳамоҳангии фаъолияти тамоми давлатҳои минтақа ва ҷаҳон дар ин самт омӯзиши амиқ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва қудратии давлатҳоро тақозо менамояд.

Мардуми мусалмон бояд аз талаботи зерини ояти Қуръони шариф баҳраманд бошанд: «Мусалмонҳо бо ҳам бародаранд. Оштӣ андозед бародарони худро ва битарсед аз Худо, шояд шумо бахшида мешавед» (Сураи Ҳуҷурот - 49, ояти 10).

Гуфтан ҷоиз аст, ки китоби муқаддаси мусулмонон – Қуръони маҷид чаҳор маротиба аз забони арабӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума гардида, бо таври ройгон ба аҳли зиё ва мардуми Тоҷикистон тақдим гардид. Соли 2009 дар Тоҷикистон соли бузургдошти Эмоми Аъзам (Абуҳанифа) - асосгузори яке аз мазҳабҳои муқтадиртарини дини мубини Ислом эълон шуд, ки бо шукӯҳу шаҳомати хоса истиқбол гардид. Инчунин, айни замон дар пойтахти маҳбуби ватанамон сохтмони яке аз масчидҳои калонтарин дар Осиёи Марказӣ, ки барои 115 ҳазор нафар ибодаткунандагон пешбинӣ шудааст, ба охир расида истодааст. Дар маҷмӯъ дар ҷумҳурӣ беш аз 4000 масҷидҳо расман ба қайд гирифта шуда, фаъолият доранд. Ҳар сол аз тарафи мақомоти салоҳиятдори давлатӣ беш аз садҳо чорабиниҳои фарҳангӣ ва таблиғотӣ дар самти пешгирии шомилшавии ҷовонон ба гурӯҳҳои ифротӣ баргузор карда мешаванд.

Кӯшишҳои Ҳукумати Тоҷикистон танҳо ба манфиати мусалмонон, ақоиди бунёдкоронаи дини ислом ва муқовимат намудан ба идеологияи таҳрифшудаи динии ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ равона мебошанд, зеро ин таҳаввулоти номатлуб ба амнияти мардуми шарифи Тоҷикистон низ хатари ҷиддӣ  эҷод кардаанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми шартномаҳо ва конвенсияҳои байналмилалӣ ва минтақавиро дар самти муқовимат ба терроризм ва экстремизм ба имзо расонида, уҳдадориҳои худро дар ин самт бо таври устувор иҷро менамояд.

Аз ҷумла, дар қатори 150 кишвари ҷаҳон Тоҷикистон Конвенсияи СММ оид ба мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккили трансмиллиро ба тасвиб расонида, бо ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ ба монанди Интерпол, Сохтори минтақавии зиддитеррористии Ташкилоти ҳамкории  Шанхай (ШОС), Шартнома дар бораи амнияти дастаҷамъии давлатҳои аъзои ИДМ (ОДКБ СНГ), Маркази зиддитеррористии ИДМ (АТЦ СНГ), Қувваҳои муштараки зудамалкунанда (КСОР), Бюро оид ба ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккил (БКБОП) ва ғ. ҳамкорӣ дорад. Дар асоси шартномаҳои дуҷониба бо Ҷумҳурии Исломии Авғонистон, Покистон, Туркия, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Аморати Муттаҳидаи Араб ва дигар кишварҳои минтақа ва ҷаҳон низ ҳамкориро дар ин самт ба роҳ мондааст. Инчунин, Шартномаҳои тарафайн байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва қудратии кишварҳои минтақа баста шуда, мавриди амал қарор доранд.

Дар марҳалаи ҳозира кишвари мо бо мақсади вокуниши саривақтӣ ба таҳдиду хатарҳои ҷаҳонӣ дар раванди ташаккули иқтидори муносиби дохилӣ ва хориҷӣ тадбирҳои муассир меандешад.

Дар ин раванд, барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамгироии бештар бо ҷомеаи ҷаҳон ва минтақа, сохторҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, инчунин, ба роҳ мондани ҳамкориҳои фарогир муҳим мебошад.

Мо ҷонибдори низоми ҷаҳонии одилона, бидуни ҷангу низоъ, густариши ҳамкориву шарикии баробар ва судманди ҳамаи кишварҳои олам, таъмини амнияти ҷаҳониву минтақавӣ бо роҳи созишу муколамаи созанда бар асоси Оинномаи Созмони Миллали Муттаҳид мебошем.

Бо дарназардошти воқеияти кунунӣ ва бо мақсади таъмини амнияти устувор ҷиҳати пешгирӣ аз хатарҳои афзояндаи терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдидҳои замони муосир мо омодаем ҳамкориҳои густурдаро бо созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва кишварҳои шарик тақвият бахшем.

Ногуфта намонад, ки кирдорҳои террористӣ ва экстремистӣ мутобиқи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин эътироф шуда, дар дар боби 21-и Кодекси мазкур, яъне дар боби ҷиноятҳои ба муқобили амнияти ҷамъиятӣ мафҳуми терроризм ва ҷиноятҳои мазкур дарҷ гардида, ҳамчунин намудҳои ҷавобгарӣ низ барои ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистӣ дошта нишон дода шудаанд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба маблағгузории кирдорҳои террористӣ ва экстремистӣ дошта Қонуни махсус «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм» қабул шуда, маврид амал қарор дорад ва ҷавобгарӣ ба кирдорҳои мазкур низ дар боби 21-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.

Ғайр аз ин, бо ташаббуси мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо Қонуни Ҷумурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 17 майи соли 2004, №35, инчунин аз 14 майи соли 2016, №1359 ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон  моддаҳои зерин ворид карда шуда, баъдан онҳо вобаста ба тағйир ёфтани симои ин намуди ҷиноят боз ҳам такмил дода шуданд:

  • Даъвати оммавӣ барои амалӣ намудани фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ) ва сафедкунии оммавии экстремизм (м. 3071 КҶ ҶТ);
  • Ташкили иттиҳоди экстремистӣ (м. 3072 КҶ ҶТ);
  • Ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ (м. 3073 КҶ ҶТ).

Инчунин бо мақсади тақвият бахшидани мубориза дар ин самт бо қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» 2 августи соли 2011, №750 ба  Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи 3074 – Ташкили таълим ё гурӯҳи таълимии хусусияти динии экстремистидошта ворид гардид.

Зарурати иҷтимоии ворид намудани моддаи мазкур дар он зоҳир мегардад, ки ташкилотҳои экстремистӣ-террористӣ аз аввали солҳои 90-уми асри гузашта то инҷониб бо роҳи таълимоти хонагӣ-динӣ тафаккури ҷавононро ифротӣ гардонида истодаанд.

Бинобар сабаби дар солҳои охир зиёд гардидани иштироки ғайриқонунии шаҳрвандони Тоҷикистон дар задухӯрди мусаллаҳона дар хориҷи кишвар, бо қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 26 июли соли 2014, №1088 ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи 4011 – Ҷалб ва иштироки ғайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони бешаҳрванд дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар қаламрави дигар давлатҳо, ворид карда шуд.

Дар эзоҳи моддаи мазкур муайян гардидааст, ки «шахсе, ки ихтиёран аз иштироки ғайриқонунӣ дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо то қатъ гардидани фаъолияти воҳиди мусаллаҳ, анҷом ёфтани задухӯрди мусаллаҳона, ё амалиёти ҷангӣ даст мекашад, агар дар кирдори ӯ аломатҳои таркиби ҷинояти дигар мавҷуд набошанд, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад».

Дар асоси муқаррароти мазкур беш аз 100 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ватан баргардонида шуда, айни замон ҳаёти озоду осоишта доранд.

Инчунин, дар моддаҳои 298-304 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷиноятҳое, ки ба муқобили амнияти иттилоотӣ содир карда мешаванд, ҷавобгарии ҷиноӣ муайян карда шудааст, ки шахсони ҷиноят содир карда ба мӯҳлатҳои гуногун аз озодӣ маҳрум карда мешаванд.

Ҷиҳати пешгирии кирдорҳои номатлуб ва шомил нагардидани фарзандон ва насли ҷавон ба гурӯҳҳои тундраво ва хусусияти террористӣ ва экстремистӣ дошта, дар моддаи 8-и ҚҶТ “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, аз 2 августи соли 2011, таҳти №762 (Ӯҳдадориҳои падару модар дар тарбияи фарзанд), аз ҷумла, чунин омадааст:

Падару модар дар тарбияи фарзанд ӯҳдадориҳои зерин доранд.....

- фарзандро дар рӯҳияи эҳтиром ба Ватан, қонун, арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ тарбия намоянд;

- гаштугузори фарзанди то шашсоларо бо ҳамроҳии шахси то чордаҳсола дар кӯча ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ иҷозат надиҳанд;

- дар вақти шабона ба марказҳои дилхушӣ рафтани фарзанди то ҳаждаҳсолаашонро манъ намоянд;

- аз соати 18.00 то соати 6.00 ба марказҳои пешниҳоди бозиҳои компютерӣ ё хизматрасонии интернетӣ рафтани фарзанди ноболиғи худро иҷозат надиҳанд;

- кирдорҳои зиддиҷамъиятӣ, муомилаи дағалона бо атрофиён, халалдор намудани оромӣ, истифодаи суханҳои қабеҳ, рафтори дағалона дар кӯчаҳо, хиёбонҳо, майдонҳо, муассисаҳои фароғатӣ, дохили нақлиёт, хобгоҳҳо, манзили зист, дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва муносибати тахрибкоронаи фарзандро ба муҳити зист пешгирӣ намоянд;

- ба фарзанди то синни мактабӣ ва фарзанде, ки дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқии онҳо, таҳсил мекунанд, бо худ овардан ва истифодаи телефонҳои мобилиро манъ намоянд;

- ба фарзанд тамошои филмҳои дорои хусусияти шаҳвонӣ, зӯроварӣ, экстремистӣ ва террористиро манъ намоянд;

-аз тарафи фарзанд мақсаднок ва мувофиқ ба таълиму тарбияи ӯ истифода шудани интернетро назорат намоянд; (ҚҶТ аз 15.03.2016 сол №1294)

- ба фарзанд мутолиа ва паҳн кардани сабтҳои электронӣ (аз ҷумла тариқи телефонҳои мобилӣ), китобҳо, варақаҳо, рӯзномаҳо, маҷаллаҳо ва дигар маводи чопии дорои хусусияти шаҳвонӣ, зӯроварӣ, экстремистӣ ва террористиро манъ намоянд;

- иштироки фарзандро дар фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ, ба истиснои фарзандоне, ки ба таври расмӣ дар муассисаҳои динӣ ба таълим фаро гирифта шудаанд, иҷозат надиҳанд;

- барои фарзанди то бистсола истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ (аз ҷумла оби ҷав), воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ, маҳсулоти тамоку ва маводи сахттаъсирро манъ намоянд;

- иштироки фарзандро дар чорабиниҳои барои ӯ тавсиянашуда иҷозат надиҳанд;

- гирифтани шаҳодатномаи ҳуқуқи ронандагӣ ва рондани автомобилро барои фарзанд иҷозат надиҳанд;

- ба оворагардӣ ва дигар рафторҳои зиддиахлоқӣ машғул шудани фарзандро роҳ надиҳанд;

- бе ҳамроҳии шахси болиғ гаштугузор кардани фарзанди то шонздаҳсоларо дар ҳудуди биною иншооти техникӣ, таҳхонаҳо ва болохонаҳои биноҳои истиқоматӣ, корхонаҳо, муассисаҳо, дигар ташкилотҳо, ҳудуди нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ, саристгоҳҳои роҳи оҳан, фурудгоҳҳо ва саристгоҳҳои нақлиёти мусофирбар манъ намоянд;

- дар ҷойҳои ҷамъиятӣ навиштан, ифлос намудан ва расонидани зарарро аз ҷониби фарзанд манъ намоянд;

- дастрасии фарзандро ба маводи сӯзандаю тарканда пешгирӣ намоянд;

- истифодаи ҷавоҳирот, зару зевар, дигар ашёҳои қиматбаҳо (ба истиснои як ҷуфт гӯшвора барои духтарон)-ро аз тарафи фарзанд дар муассисаҳои таълимӣ ва холкӯбиро барои фарзанд манъ намоянд;

- ба шикастани панҷараҳо, санги болои қабрҳо, ҳайкалҳо, нимпайкараҳо ва дигар ороишоте, ки дар оромгоҳҳо ва ҷойҳои таърихию фарҳангӣ мавҷуданд ва таҳқир кардани онҳо аз тарафи фарзанд роҳ надиҳанд;

- дигар ӯҳдадориҳоеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, иҷро намоянд.

Бо мақсади пешгирӣ кардани ифротгароии иттилоотӣ чунин пешниҳодот манзур мешавад:

Истифодаи Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ бояд ба як низоми муайян мутобиқ карда шавад.

Корҳои тарғиботию ташвиқотӣ (тариқи телевизиону радио бо воситаи роликҳои иҷтимоӣ) оид ба зарари ифротгароии иттилоотӣ дар ҳамаи мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо роҳи гузаронидани суҳбату вохӯриҳо ҷоннок карда шаванд.

Ғафуров М.Ҳ. – н.и.т., дотсент, декани факултети ТИваК,

Қурбоншоев И. - н.и.ф., и.в. дотсенти кафедари фанҳои ҷомеашиносӣ,

Ҳусейнов Ш. - муаллими калони кафедари фанҳои ҷомеашиносӣ,

Самадов Ҳ. - муаллими калони кафедари фанҳои ҷомеашиносӣ.


Back to list