НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР БАРТАРАФ НАМУДАНИ ТАҲДИДҲОИ ЗАМОНИ МУОСИР

 31.12.2021

Чунончӣ ба мо маълум аст, ҳамасола паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ шуда мегузарад, ки фарогири ҳама ҷабҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ мебошад.

Дар паёми имсола ба Маҷлиси Олӣ, ки дар таърихи 21-уми декабри соли ҷорӣ шуда гузашт, Пешвои миллат як қатор масъалаҳои муҳимтарини ҳаёти ҷамъиятие, ки баҳри таҳкими амнияти дохилию хориҷии кишвар равона гардидааст, матраҳ намуданд. Аз ҷумла, ба таҳияву қабули қонунҳо, риоя ва иҷрои қатъии онҳо, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, ифротгароӣ, савдои одамон ва хариду фурӯши силоҳ, терроризм, паҳн гардидани бемориҳои сироятӣ (COVID-19) муҳоҷирати ғайрирасмӣ, тағйирёбии иқлим, масъалаи сарҳадӣ, бахусус сарҳади Афғонистон ва ғайраҳо таваҷҷуҳи бевоситаи хешро равона намуданд, ки аҳамияти бузург дорад.

Вобаста ба таҳияву қабули қонунҳо, риоя ва иҷрои қатъии онҳо Пешвои миллат чунин қайд намуданд: «Мо сабақҳои талхи мухолифату нооромиҳо ва беназмиву беқонунии солҳои 1991 – 1997-ро ҳаргиз набояд фаромӯш кунем. Бинобар ин, Прокуратураи генералӣ вазифадор аст, ки назорати риоя ва иҷро гардидани қонунҳоро аз ҷониби вазорату идораҳо ва дигар ташкилоту муассисаҳо, сарфи назар аз мансубият ва шакли моликият, инчунин, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандонро пурзӯр намояд».

Масъалаи дигаре ки ҳамеша таваҷҷуҳи аҳли башариятро ба худ ҷалб намудааст, қочоқи маводи мухадир мебошад ва сол то сол шумораи нашъамандон бештар гардида, ба амнияту оромии ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ба кишвари азизи мо низ таъсири манфии худро мегузорад. Пешвои муаззами миллат дар баромадашон оид ба ин масъала чунин ибрози назар намуданд: «Муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир яке аз сарчашмаҳои асосии маблағгузории терроризми байналмилалӣ ба ҳисоб рафта, бо дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, аз ҷумла, ифротгароӣ, савдои одамон ва хариду фурӯши силоҳ робитаи ногусастанӣ дорад».

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз аз рӯзи ба даст овардани истиқлолияти давлатии хеш дар сиёсати хориҷиаш муносибати дӯстона ва сулҳҷӯёнаро пеша намуда, ҷонибдори сиёсати «дарҳои кушода» мебошад. Дар ин хусус президенти кишвар ҳамеша дар баромадҳояшон чунин қайд менамоянд: «Мизони асосии усули «дарҳои кушода», ки мо дар сиёсати хориҷии худ пеш гирифтаем, роҳандозӣ кардан ва пешбурди муносибатҳои дӯстона, ҳамсоягии нек, шарикӣ, ҳамкории судманд бо кишварҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ мебошад».

Имрӯзҳо мо бо боварӣ гуфта метавонем, ки Тоҷикистон дар сиёсати хориҷиаш нисбат ба давлатҳои ҳамсоя пешсаф буда, бо 180 давлати дунё муносибатҳои дипломатӣ барқарор намудааст ва узви комилҳуқуқ ва фаъоли Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони Ҳамкории Исломӣ ва дигар сохторҳои бонуфузи глобалӣ ва минтақавӣ мебошад. Дар баробари ин Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти ҷаҳон ва минтақа, аз ҷумла дар масъалаҳои вобаста ба об ва тағйирёбии иқлим, мубориза бо терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводди мухаддир ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ саҳми арзишманд дорад.

Дар шароити ниҳоят ҳассосу мураккаби минтақа ва ҷаҳон дар назди мо вазифаҳои бағоят мубрами амниятӣ, аз ҷумла мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводди мухаддир, силоҳ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, инчунин, муҳоҷирати ғайрирасмӣ қарор доранд, ки вобаста ба ҳодисаҳои Афғонистони ҳамсоя торафт шиддат гирифта истодаанд.

Солҳои тӯлонист, ки дар ҳамсоякишвари мо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳамоно вазъият ноором аст ва рӯз то рӯз вазъият печидатар гардида истодааст. Мушкилоти Афғонистон ҳеҷ гоҳ аз мадди назари Ҳукумати кишвар ва мардуми шарифи Тоҷикистон дур набуд ва буда ҳам наметавонад. Дар ин росто Ассосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон чунин иброз медорад: «Зиёда аз бист сол мешавад, ки Тоҷикистон аз минбари созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ диққати ҷомеаи ҷаҳониро ба қазияи Афғонистон ҷалб менамояд. Бори дигар такрор мекунам, ки ҳолати фоҷиабори дар ин кишвар баамаломада гуноҳи мардуми дорои тамаддун ва таъриху фарҳанги бисёр қадимии Афғонистон нест, балки натиҷаи дахолати хориҷӣ ба корҳои дохилии он мебошад, ки беш аз 43 сол ин ҷониб идома дорад. Бинобар ин, мо, ки чунин таҷрибаи талхи таърихӣ дорем, ҳеҷ гоҳ ба масъалаҳои дохилии ҳамсояҳои худ дахолат намекунем ва дар муносибат бо онҳо ягон ҳадафи ғаразнок надорем».

Мо ҳамеша ҷонибдори он ҳастем, ки дар кишварҳои ҳамсояи мо сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ ҳукмфармо бошад ва мо тавонем, ки бо онҳо дар фазои ҳамсоягии нек ва ҳамкории созанда зиндагӣ кунем.

Умуман қайд намудан ба маврид аст, ки дар даврони буҳрони бемории сироятии ҳамарофарогир (COVID-19) як қатор мушкилиҳо ва таҳдидҳое ҷой доранд, ки инро танҳо бо азму иродаи қавӣ, эътимод ба фардои нек ва заҳмати софдилонаву дастаҷамъона бартараф хоҳем намуд.

Расулов Ҷ.Г. – ассистенти кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ.


Back to list