АНИСИ КУНҶИ ТАНҲОӢ КИТОБ АСТ

 04.02.2022

Китоб як рукни муҳими тамаддуни башарӣ ва ҷузъи ҷудонопазири зиндагии инсон аст. Аз ин ҷост, ки мардуми олам бо арзи эҳтиром ба ганҷинаи маънавии ниёгон китобҳоро дар хазинаҳои миллии хеш нигоҳдорӣ мекунанд, то ин ки наслҳои имрӯза ва оянда аз онҳо барои рушду камолоти маънавии худ истифода баранд.

Эмомалӣ Раҳмон

Китоб дӯст, ҳамдам, ҳамнафас, ҳамроз, ҳамдил ва ҳамболи инсон аст. Китоб ҳам дору ва ҳам дармони ҳама дардҳои маънавии инсон аст. Китоб ганҷест, ки дар он ҳама маъниҳои дарки зиндагӣ нуҳуфтааст. Китоб ҳикматест, ки аз он ҳамагон баҳра мегиранду роҳи зиндагии худро муайян мекунанд. Китоб ойинаест, ки инсон тамоми камбудиҳои худро ислоҳ карда метавонад. Китоб хазинаест, ки тамаддуну маърифати миллати мо ва ҳама миллати сайёра дар оғӯшаш аст. Китоб муаллимест, ки аз ту чизеро пинҳон намекунад ва мӯниси туст дар танҳоӣ. Ба ҳама маълум аст, ки китоб барои мо дӯсти бовафо, маслиҳатгари беминнат, рафиқи беғараз, ҳамдаму ҳамсуҳбати беназир ва ниҳоят сарвати бебаҳост. Китоб манбаи илму дониш, сарчашмаи дарёи ақл, маҳзани фарҳанги миллӣ, пояи тамаддуни ҷаҳони мутамаддин, хосса ойинаи ҳаёт ва калиди дари ганҷи сухан аст.

Таърихи пайдоиши китобро ба пайдошавии хат, забон ва санъат мансуб донистаанд. Баъди зуҳури хат одамони кадим имкон пайдо карданд, ки дар рӯйи санг, чӯб, сафол, барги дарахтон, устухонҳо, пӯсти ҳайвонот нақш офаранду нависанд. Имрӯзҳо ба ҷойи сангу чӯб аз коғазҳои сафеду замонавӣ васеъ истифода мебаранд.

Албатта, шахсе, ки китоб мехонад, сатҳи донишаш баланд гардида, нутқи шифоҳиаш буррою тоза мешавад. Тавре ки бе калид ба хонаи дарбастае ворид шудан мумкин нест, бе китоб низ ба боғи илму маърифат дохил натавон шуд.

Китоб ганҷи бебаҳо, махзани илму дониш, панду ҳикмат ва роҳнамову ҳамнишини беҳтарини инсон аст. Ҳар як фарде, ки китобхониро пеша мекунад, аз ӯ дар оянда ҳатман шахси некному фарҳангдӯст ва бомаданият ба воя мерасад. Маҳз китоб аст, ки ба мо расму оин ва анъаноти неки миллиамонро бозгӯ карда, имкон медиҳад, ки сатҳи дониши худро пайваста мукаммал гардонем.

Китоб падидаест, ки тавассути он инсон аз бадахлоқиву анҷоми корҳои зишт, муҳтоҷӣ ва ғаму дард озод мегардад. Халқи баруманди тоҷик аз шумораи он халқҳоест, ки ба китобу китобдорӣ эҳтиром ва эътиқоди хосса дорад. Бахусус, кулли бузургони тоҷик, амсоли Хайём, Сино, Фирдавсӣ, Рӯдакӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ маҳз тавассути мутолиаи китоб ба мақомҳои баландтарин расидаанд.

Китоб ба ҳайси маслиҳатгари беминнат ва беҳтарин ёвар қодир аст, ки ба инсон зиндагӣ, кору фаъолият ва донишу масъалаҳои нав ба навро омӯзонад. Нафаре, ки пайваста ба мутолиаи китоб машғул аст, мисоли дарахти пурсамареро мемонад, ки меваҳояш ҳар лаҳза ба дигарон неруву тавон мебахшад. Мутолиаи китоб ва ё асарҳои бадеӣ дар ҳаёту фаъолияти инсон ҷойи асосиро ишғол менамояд. Китоб нутқи инсонро рушд бахшида, барои сухандонию суханварӣ, дарки муҳити атроф ва зуҳуроти табиати олам хизмати босазо мекунад. Мутолиаи китоб ба инсон ҳаёти хушбахтонаро талқин мекунад, меҳру муҳаббатро ба атрофиён зиёд мегардонад, аз бадиву дурӯғ ва хиёнат нигоҳ дошта, дӯст доштани аҳли башар, меҳрубонӣ ва раҳмдилиро тарғиб менамояд.

Хушбахтона имрӯзҳо бо боварии комил метавон гуфт, ки робитаи кӯдакон, наврасону ҷавонон, мутахассисон, омӯзгорону олимон ба китобхонаҳо маҳкамтару қавитар шуда истодааст. Барои ба китобхониву китобхона ҷалб намудани хонандагон ва ба роҳ мондани тарғиби адабиёт дар байни онҳо, қабл аз ҳама, зарур аст, ки хусусиятҳои хосси синну солӣ ва вижагиҳои майлу рағбати ҳар як гурӯҳи хонандагон мавриди омӯзиш қарор дода шавад.

Имрӯзҳо дар саросари кишвар зимни сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ҷиҳати баланд бардоштани маърифати мардум, ҷалби наврасону ҷавонон ба китобхонӣ, бедор намудани ҳисси худогоҳию хештаншиносӣ дар вуҷуди онҳо, дарёфти истеъдодҳои наву тоза, ба роҳ монда шудааст.

Лоиқов Н.М. – донишҷӯйи курси 4-уми ДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ.


Back to list