ИҶЛОСИЯИ XVI-УМИ ШӮРОИ ОЛӢ ВА САРНАВИШТИ ТОҶИКИСТОН

 07.02.2022

Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи миллати тоҷик ва фазои нави соҳибистиқлолӣ саҳифаи наверо боз намуд. Ин иҷлосия аз 16-уми ноябри соли 1992 то 2-юми декабри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанди бостонӣ баргузор гардид ва беҳтарину муҳимтарин амал баҳри рушди Истиқлолияти кишвар мебошад. Иҷлосия дар ҳифзи давлатдории миллӣ ва инкишофи ниҳодҳои демократӣ дар Тоҷикистони навин нақши муайянкунанда бозид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 1992 нақш ва мавқеи Иҷлосияро ба сифати рӯйдоди сарнавиштсози миллат муайян намуданд, зеро он дар кишвар гардиши куллиеро ба вуҷуд овард. Маҳз дар ин Иҷлосия муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби намояндагони мардуми кишвар ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, ҳамзамон ваколати сардори давлат ба он кас вогузор гардид. Сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат назми ҷомеаро ба вуҷуд оварда, мардумро ба ояндаи дурахшон бовар кунонид, зеро аз рӯзи аввали ба вазифа шурӯъ кардан ба мардуми шарафманди Тоҷикистон муроҷиат намуда, чунин иброз доштанд, ки «Ман ба ҳар яки Шумо дар давраи барои Ватан хеле душвор муроҷиат карда, ба ақлу заковати Шумо, ки ворисони фарзандони барӯманди миллати тоҷик ҳастед, бовар мекунам. Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам».

Воқеан ҳам муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар савганди худ содиқ монда, барои ба даст овардани сулҳи тоҷикон нахуст дасти мардонагии худро ба сӯйи мухолифини ҳукумат дароз карда, сулҳи ҷовидонаи тоҷиконро ба даст оварданд. Барҳақ, тамоми неруву ғайрат ва ҳам ҳастияшонро барои ояндаи дурахшони Ватан, пойдории сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва зиндагии пурсаодати халқи азизашон сарф намуданд, ки имрӯзҳо халқи Тоҷикистон дар фазои сулҳу оромӣ умр ба cap бурда истодаанд.

Дар Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчам, Нишони давлатӣ тасдиқ гардида, ҳукумати қонунӣ таъсис ёфт, ки созмон додани давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро мақсади асосии хеш қарор дод. Саъю кӯшишҳои хайрхоҳонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи расидан ба мақсадҳои наҷиби меҳанпарастӣ ва умумибашарӣ таҳти роҳбарии дурандешона ва ғамхоронаи Эмомалӣ Раҳмон сулҳу оштии миллӣ, оташбас ва ваҳдату ягонагӣ, муттаҳидию якпорчагии сарзамини тоҷиконро дар заминаи машварату қарордодҳои байналмилалӣ пайваста таъмин намуда, бо дастгирию миёнаравии ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо ва кишварҳои кафили сулҳ – Россия, Қирғизистон, Қазоқистону Туркманистон ва Ӯзбекистон дар доираи ризоият ва ҳамдигарфаҳмии мардуми Тоҷикистон таҳким бахшиданд.

Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд, ки ҳалқаҳои аз ҳам гусастаи Тоҷикистонро ба занҷираи мустаҳками иттиҳод пайвастанд, миллати азияткашидаи тоҷиконро аз вартаи ҳалокат ва нобудӣ ба раҳоӣ оварданд, як меҳани соҳибистиқлолу воҳид эъмор карданд ва худ девору қалъа ва бораи Тоҷикистон гардиданд.

Маҳз бо шарофати иҷлосияи мазкур Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани истиқлолият бо роҳи райъпурсии умумихалқӣ Қонуни асосии кишварро таҳия ва қабул намуд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои асосии пешрафти ҳокимияти давлатӣ ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрвандро мушаххас муайян намудааст.

Метавон қайд намуд, ки давраи навини қонунгузории кишвар аз ин иҷлосияи тақдирсоз оғоз гардидааст ва дар маҷмуъ, Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ тадбирҳои муҳими сарнавиштсози зеринро анҷом додааст: роҳбарияти нави сиёсии мамлакатро таҳти сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон интихоб намуд, сохтори конститутсиониро дар мамлакат барқарор сохт, хатари пош хӯрдани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва парокандагии миллатро пешгирӣ намуд, тадбирҳои мукаммали аз буҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ баровардани ҷомеаро ба миён гузошт, самтҳои асосии сиёсати дохилии мамлакатро муайян намуд, мавқеи байналмилалӣ ва сиёсати хориҷии кишварро муайян сохта, барои ҳамкориҳои судманд бо кишварҳои ҷаҳон роҳ кушод, қонунгузории ҷумҳуриро устувор намуд ва ба рушди он замина гузошт.

Имрӯз низ сиёсати давлатӣ, ки таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон ҷараён дорад, ҳадафҳои стратегӣ – расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва татбиқи сиёсати миллӣ дар сатҳи иҷтимоиро пайгирона дунбол менамояд. Мебояд таъкид намуд, ки дар Ватане, ки мо зиндагӣ ва умр ба cap мебарем, ҳар зарра хокаш муқаддас ва ҳар ваҷаб заминаш маъбади имону ихлос ва музаффариятҳои ҳар яки мову шумо мебошад.

Боварии комил дорем, ки миллати тоҷик бо роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳадафҳои стратегии худ ноил гардида, рушди ҳамаҷонибаи кишвар таъмин карда мешавад.

Ҳафиззода Ф.Ҷ. – донишҷӯйи курси 4, г. 430101А3.


Back to list