ДАСТОВАРДҲОИ БУЗУРГИ ЗАМОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

 07.02.2022

Истиқлолият воқеан як калимаи муқаддас ва бузург мебошад, ки миллатҳо солҳову асрҳо баҳри ба даст овардани он ҳар он чизе доранд, харҷ мекунанд, вале боз ноком мегарданд ва орзуҳои худро ба олами хомӯшӣ мебаранд. Истиқлолият калимаест, ки ба ҳеҷ иборае онро наметавон баён намуд, онро танҳо эҳсос менавон кард. Истиқлолият калимаест, ки миллатро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд. Истиқлолият мафҳумест, ки шаъну шараф ва ҳуқуқу озодиҳои ми0ллатро таъмин менамояд. Истиқлолият калимаест, ки шахси баҳри ноил гаштан ба ӯ ҷонсупурдаро дар саҳифаҳои заррини таърих қаҳрамон ва шуҷоу далер сабт менамояд.

Бале, Истиқлолият моҳияти ҳастии озоди инсонро ифода месозад. Имрӯз миллати мо аз он ифтихор дорад, ки соҳиби давлати мустақил аст, яъне ба Истиқлолияти комили сиёсӣ даст ёфтем, давлати миллӣ ва соҳибихтиёри Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъсис додем, ки дар таърихи навини давлатдориамон рӯйдоди бузурги нодири таърихист. Зеро миллатҳое буданд, ки мавҷудияти миллати куҳанбунёди тоҷикро эътироф намекарданд ва ӯро ҳамчун миллат намешинохтанд. Ҳамин боис гардид, ки баъди Инқилоби Октябр Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун ҷумҳурии автономӣ ташкил карданд ва ин таҳқирро бузургоне, чун устод Айнӣ бардошт карда натавонистанд ва ба шиносондани ин миллати куҳанбунёду фарҳангӣ пардохтанд ва асари бузурги худ “Намунаи адабиёти тоҷик”-ро иншо карда, аз миллати худ дифоъ намуданд. Мешавад гуфт, ки аз ҳамон лаҳза аввалин хишти Истиқлолияти сиёсии миллати мо гузошта шуда буд, гарчанде ки ин як муддати дигар дар қалбҳои хирадмандону миллатдӯстон парвариш меёфт. Танҳо дар охири солҳои 90-уми асри бист дубора ба истиқлолияти сиёсӣ расидем ва соҳибихтиёрии миллиро ба даст овардем.

Истиқлолияти сиёсӣ аз истиқлолияти миллӣ, марзӣ, фарҳангӣ ва забонӣ иборат буда, дар маҷмӯъ истиқлолияти давлатиро ифода месозад. Аз ин рӯ, истиқлолият мазҳари ормонҳои таърихӣ, ҷавҳари ҳуввияти миллӣ, саргаҳи Ватану ватандорӣ ва асли давлати миллӣ мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар баромаду суханрониҳояшон Истиқлолиятро бузургтарин ва муқаддастарин дастоварди миллати тоҷик номида, аҳамияти ин масъалаи муҳимро баён менамоянд ва мардумро барои ҳифзу нигоҳдории он чун гавҳараки чашм роҳнамоӣ карда, онро тантанаи адолати таърих ва бо силсилаи давлатдориҳои чандинҳазорсолаи ниёгонамон пайвастани оини давлатдории навини миллиамон меноманд: «Маҳз Истиқлолият ба мо имконияти таърихие фароҳам овард, ки Ватани худро соҳибӣ кунем, давлатдории миллии худро барпо намоем, суннату арзишҳои миллиамонро эҳё созем, ормонҳои деринаи халқамонро амалӣ гардонем ва зиндагии озодонаи мардумамонро ба роҳ монем». Дар ҷойи дигар таъкид намуда мефармоянд: «Дар натиҷа мо дар зарфи беш аз ду даҳсолаи гузашта ба як силсила дастовардҳои бунёдие ноил гардидем, ки сарнавишти минбаъдаи давлати соҳибистиқлоламон ба онҳо вобастагии мустақим дорад. Муҳимтарин дастоварди мо дар ин давра таъмини сулҳу оромӣ, аз хатари нобудӣ наҷот додани давлатдории миллиамон ва аз парокандагӣ раҳо бахшидани миллатамон мебошад». Бояд қайд намоям, ки имрӯзҳо аз харитаи сиёсии ҷаҳон чандин давлат маҳв мешавад, шояд барои ҳамешагӣ дигар дар харита пайдо нагардад, яъне парокандагӣ на он қадар кори душвор ва номумкин гаштааст. Аз ин рӯ, бузургтарин дастоварди замони истиқлолият ҳифзи якпорчагии марзу буми кишвар мебошад. Зеро хона бошад, ҳамаи чизи дигар мешавад, бе хона маъвое нест, ки ба он паноҳ барӣ ва ӯро обод намоӣ. Акнун вазифаи мо аст, ки он хонаро ободу зебо гардонем ва Сарвари давлат низ таъкид менамоянд, ки: «Дар айни замон, итминони комил дорам, ки мардуми сарбаланду бо нангу номус, ватандӯсту ватанпарвар ва соҳибтамаддуни тоҷик бо дарки қадру қимат ва арзиши таърихии истиқлолият ва дастовардҳои бузурги ин давра сиёсати давлату Ҳукумати мамлакатро минбаъд низ самимона ва ҳамаҷониба дастгирӣ менамоянд. Зеро мо ҳанӯз дар зиндагии ҷомеа ва давлатамон мушкилоти зиёд дорем. Вале дар айни замон итминони комил ва азму иродаи қавӣ дорем, ки ҳамаи мушкилоти мавҷударо бо дастгирии мардуми заҳматкашу таҳаммулгароямон, бо заҳмати аҳлонаву софдилона бартараф месозем ва нақшаву ниятҳои созандаамонро ба хотири ободии сарзамини аҷдодӣ ва пешрафти давлати соҳибистиқлоламон амалӣ мегардонем».

Давлати тозамустақил ва халқи азиятдидаи тоҷик барои устувории истиқлолият, нигоҳдошти якпрачагии марзу бум, идораи давлат ва ба роҳ мондани истеҳсолот ва барқарории муносибат бо ҷомеаи ҷаҳонӣ лозим буд, ки Конститутсияи кишвари орзую ормонашро бо якдилӣ қабул намояд. Агар гӯем дуюмин дастоварди бузурги сиёсии замони истиқлолият ба шумор меравад, ҳеҷ иштибоҳ нахоҳем кард. Зеро барои расидан ба сулҳи куллӣ ва Ваҳдати миллӣ пеш аз ҳама пояи қонунии фаъолияти ҳокимият лозим буд ва инро танҳо Конститутсияи мукаммал ва мутобиқ ба талаботи замони муосир бароварда менамуд. Роҳбари хирадманду дурандеши давлат ин масъаларо хуб дарк намуда, дар ин санади тақдирсоз ба чунин нуктаҳо аҳамияти махсус доданд:

  1. Қотеона эълон намудани Тоҷикистон ҳамчун давлати дунявӣ; дар ибтидо ин мафҳум ба зиддияту мухолифатҳои зиёде чӣ аз дохил ва чӣ аз берун рӯбарӯ гардид. Дар доираҳои илмӣ баҳсҳо мешуд, ки давлати “дунявӣ” давлати “зидди динӣ ва бехудоист”, аммо пушти ин суханҳо розҳои дигаре пинҳон буданд, ки Пешвои миллат дар суханронии охири худ санаи 4.05.2018 дар маросими ифтитоҳи конференсияи байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо тероризм ва ифротгароии хушунатомез” парда аз рӯйи он бардошта қайд карданд, ки: “Ҳадафу нақшаҳои пасипардагиву ғаразноки саркардаҳои аслии он амалҳои харобиовар (ҷанги шаҳрвандӣ) ва хоҷагону сарпарастони онҳо, ки аз ғояҳои ифротгароӣ ва террористӣ сарчашма мегирифтанд, бо роҳи зӯрӣ ва қатлу куштор ба сари мардум таҳмил кардани фарҳанги бегонаву тафаккури асримиёнагӣ ва дар Тоҷикистон таъсис додани давлати исломӣ буд”. Бояд гуфт, ки давлати дунявӣ усули эътирофшудаи модели давлатдории муосир буда, ҳеҷ гоҳ бар зидди дин нест, балки озодсозии дин аз олудагиҳое аст, ки ба дин таҳмил мешаванд. Дар ин хусус Пешвои миллат дар мулоқот бо намояндагони аҳли ҷомеаи мамлакат фармуда буданд: “Таҷрибаи бисёр кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон як нуқтаро собит менамояд: маҳз дунявият шароит фароҳам меорад, ки фарҳанги миллӣ бо арзишҳои динӣ вобаста ба ниёзҳои ҷомеа рушду такомул ёбанд ва мардум расму оинҳоро озодона риоя карда, талаботи эътиқодии худро қонеъ созанд”. Маҳз ҳамин дунявият буд, ки кишвари мо дар як муддати кӯтоҳ аз сӯйи ҷомеаи ҷаҳонӣ хуш пазируфта шуд ва давлати баробарҳуқуқ эътироф гардид. Агар ин тавр сурат намегирифт, кишвар ҳоло бо кадом баҳонае ба мисли ҳамсоякишварамон майдони набардҳои эътиқодию мазҳабӣ мегардид.

Ба таъбири худи Пешвои миллат: “Яке аз муҳимтарин дастовардҳои мо дар даврони истиқлолият давлатсозӣ ва давлатдории муосири миллӣ мебошад, ки моҳиятан шакли ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва дунявиро дорад”.

  1. Фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти озодонаи ҳар шаҳрванд, таълиму тарбия ва табобати бепулу имтиёзнок.
  2. Таъмини озодии муошират ва таҳсил бо забонҳои модарии ақаллиятҳои миллии мамлакат.
  3. Таъмини озодии виҷдон, матбуот, афкору андеша ва ибрози ақидаи ҳар сокини кишвар.

Соҳиби давлати мустақил ва Конститутсия будан, барои ҳар инсони соҳибдил бахти бузург аст. Махсусан дар ин рӯзҳои воқеаҳои гӯшношунида ва чашмнодидаи ҷаҳони муосир.

Пас аз гузашти солҳо ва ба даст овардани комёбиҳои муҳими сиёсӣ давраи нави давлатсозию давлатдории мустақилона заруратро пеш овард, ки қонунеро ба ҷомеа пешкаш намоем, то ки мардумро аз буҳрони маънавию иқтисодӣ раҳоӣ бахшида, рӯ ба ташаккули иқтисодиёти миллӣ намояд. Чӣ қонуне аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” буда метавонист.

Бале, қонуне буд, ки бо дархосту пешниҳодоти якдилонаи мардум қабул гардид. Ҳадафҳои аввалини ин қонун танзими ҷашну маросимҳои беососу серхарҷ, ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ, эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ ва баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии мардуми шарифи Тоҷикистон буд. Бо гузашти беш аз 10 сол мушоҳида намудем, ки чӣ тавр ин қонун манфиатҳои иҷтимоии мардумро ҳифз намуда, барои паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ хидмати шоён намуда истодааст, маҳз ҳамин буд, ки ин қонун ба мақоми Қонуни миллӣ расид.

Дар ин радиф дастоварди дигари сиёсии миллати мо дар замони Истиқлолият метавон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”-ро номид, зеро ин қонун имкон дод, ки дар шароитҳои сахти иқтисодӣ падару модар ва шахсони онҳоро ивазкунанда набояд нисбат ба таълиму тарбияи онҳо бетараф бошанд. Маҳз ҳамин буд, ки имрӯз дар кӯчаҳо ҳеҷ мактабхонеро мушоҳида намекунем, ки ба оворагардию беҳуда гузаронидани вақт машғул бошад ва ҳеҷ падареро намебинем, ки нисбат ба таълиму тарбияи фарзанди худ беэътиноӣ зоҳир намояд.

Бо шарофати Истиқлолият ба дастовардҳои назарраси сиёсӣ комёб шуда бошем ҳам, дар марҳилаи мураккабу ҳассоси ҷаҳони имрӯза ба иттиҳоду якдилӣ, ваҳдати миллӣ, маърифату зиракии сиёсӣ, худшиносиву хештаногоҳӣ ва эҳсоси баланди ватандӯстиву ватандорӣ бештар ниёз дорем.

Сарвари давлат борҳо таъкид намуданд ки: “Солҳои охир дар ҷаҳон як силсила тамоюлоти хатарнок, аз қабили таҳдиди тероризми байналмилалӣ, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи силоҳ ва фаъолияти гурӯҳҳои ҷинояткори трансмиллӣ қувват мегиранд, ки инҳо метавонанд ба оромиву суботи минтақа ва амнияти давлатии кишварҳои алоҳида таъсири ногувор расонанд. Аз ин рӯ, мову шумо бояд тақдири миллат, таъмини ваҳдати миллӣ ва амнияти давлат, пойдории сулҳу субот ва оромии ҷомеа тадбирҳои мушаххас андешем. Мо сиёсати пойдории сулҳу субот, ризоияти ҷомеа ва ваҳдати миллиро, ки давлати тоҷиконро аз нобудшавию миллатро аз парокандагӣ наҷот бахшид, яке аз дастовардҳои бузурги даврони Истиқлолият мешуморем”.

Бигзор, Истиқлолият барои ҳар шаҳрванди соҳибдилу озодаи мамлакат саломатӣ, бахту саодат, зиндагии осуда ва комёбиҳо оварад! Поянда бод давлати соҳибистиқлоли тоҷикон!

Ҳаитзода Сипеҳр – донишҷӯйи к. 3, г. 530105-01А, факултети энергетикӣ.


Back to list