АРТИШ СИМОИ МИЛЛАТ ВА БАҚОИ УМРИ ДАВЛАТ АСТ

 08.02.2022

Хизматчиёни Қувваҳои Мусаллаҳ бояд пеш аз ҳама дорои ҳисси баланди ватандӯстӣ, интизоми қатъӣ, маҳорату малакаи ҳамаҷонибаи ҳарбӣ бошанд.Чунки артиш симои миллат ва бақои умри давлат аст. Интизоми оҳанин нишондиҳандаи беҳтарини ҳайати шахсии артиш ва шарти аввалини обрӯи он аст.

Эмомалӣ Раҳмон.

Хизмат дар сафи Артиши миллӣ ва ҳифзи марзу буми Ватан вазифаи муқаддаси шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ҳифзи Ватан ӯҳдадорӣ ва муқаддаси ҳар як шаҳрванд буданашро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи олии ҳуқуқӣ эълон мекунад. Тибқи моддаи 43-юми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст. Тартиби хизмати ҳарбиро қонун муайян мекунад”.

Рӯзи 23-юми феврали соли ҷорӣ аз таъсисёбии Артиши милли Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 сол пур мешавад. Дар тӯли 29 соли фаъолият сохторҳои гуногуни ҳарбӣ ба бисёр дастовардҳои назаррас ноил гадид, ки онро дар чанд ҷумла дарҷ кардан ғайриимкон аст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин самт назари махсус зоҳир намуда, рушди Қувваҳои Мусаллаҳро пояи асосии давлатдорӣ меҳисобад ва маҳз ин буд, ки баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ Артиши миллии худро таъсис дода, оромию осудагӣ ва амнияти кишварро фароҳам овард.

Дар солҳои аввали таъсисёбӣ, азбаски дар саросари ҷумҳурӣ ҷанги шаҳрвандӣ идома дошт, вазъият дар ин самт ниҳоят душвор буд. Дар қисмҳои ҳарбӣ шароит он қадар хуб ба чашм намерасид. Хушбахтона, имрӯз Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳама мушкилиҳоро паси сар намуда, ба сӯйи қуллаҳои баланд ҳаракат карда истодааст.

Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи истиқлолият буда, дар шароити вазнин таъсис ёфтаанд. Бинобар ин. мо бояд шукронаи истиқлолияти ин хонаи обод намоему дар ободтару шукуфонтар гардонидани Тоҷикистон саҳми хешро гузорем. Дар ин муддати нисбатан кӯтоҳи таърихӣ ҷузъу томҳои он ба неруи қудратманд, муҳофизи сулҳу субот ва фазои орому осудаи мамлакат табдил ёфта, ҳоло ба Ватан ва халқи худ содиқона хизмат мекунанд.

Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон рӯзҳои сахту сангинро пушти сар карда, аз озмоишҳои шадиди ин солҳо гузаштанд ва имрӯз ба неруи қудратманди низомӣ, муҳофизи сулҳу субот ва фазои орому осудаи кишвар табдил ёфтаанд ва барои ҳифзи боэътимоди марзу буми ватани азиз собитқадамона рушду такомул меёбанд. Имрӯз афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарки баланди масъулияти касбӣ вазифаҳои худро содиқона ба ҷой оварда, барои пешгирии ҳар амалу кирдоре, ки амният ва ҳаёти осоиштаи сокинони кишварро зери хатар мегузорад, омода мебошанд.

Боиси ифтихору сарфарозист, ки имрӯз мо дар фазои дӯстиву рафоқат ва суботу оромӣ ҳаёт ба сар бурда, ҳар як пешрафту комёбӣ ва дастовардҳои арзандаи давлату миллатро дар сиёсату иқтисодиёт, фарҳангу маданият ва илму маориф бо ин санаҳои хотирмон ҷашн мегирем. Аз фурсати муносиб истифода бурда, ҳамаи ҳамватанони азиз, сарбозони шуҷои Ватан, дӯстон, бародарон ва устодони гиромиро ба муносибати ин рӯзи фархунда самимона табрику таҳният гуфта, ба ҳамагон бурдбориҳо, ҳаёти осоишта, саломатии қавӣ ва дар кору фаъолият муваффақиятҳои беназир таманно менамоям!

Одиназода С.Ҳ. – донишҷӯйи курси 3-юми факултети технологияҳои инноватсионии ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ.


Back to list