СИГОРКАШӢ ВА ОҚИБАТҲОИ ОН

 15.02.2022

Пайдоиши одати тамокукашӣ ба он вобаста аст, ки никотини тамоку системаи марказии асабро кайфияти хуш мебахшад. Никотин моддаи ниҳоят заҳрнок буда, ҳангоми истифодаи аввалин чунин нишонаҳо, аз қабили дилбеҳузурӣ, чарх задани сар, қайкунӣ, ихтилоҷи гулӯ, сурхрӯда, меъда ва ҳаяҷон, ки ба гарангӣ ва ҳатто ба беҳушшавӣ меорад, мушоҳида карда мешавад. Ин гуна ҳодисаҳо дар ҳар як одами тансиҳат рӯй медиҳад. Вақте ки организм ба никотин одат мекунад, таъсири заҳрҳо суст шуда, одам фақат таъсири форами тамокуро ҳис менамояд. Ин эҳсоси дурӯғин ва фиребанда аст, зеро моддаҳои дуди тамоку барои саломатии инсон ниҳоят хатарнок мебошад.Дар ҷомеаи имрӯза тамокукашӣ дар байни гурӯҳҳои гуногуни аҳолӣ, аз ҷумла занон, наврасон ва ҳатто кӯдакон як одати маъмулист. Тибқи омор, дар ҷаҳон тақрибан як миллиард нафар одамоне ҳастанд, ки мунтазам тамокуро истифода мебаранд. Нашъамандии никотин барои бадани инсон хатари ҷиддӣ дорад. Мутаассифона имрӯз дар ҷомеаи мо наврасон ва ҷавононе ҳастанд, ки ба ин амали номатлуб даст зада, худ ва атрофиёнро зери хатар қарор медиҳанд, зеро аз шахси истифодакунандаи сигор дида ба атрофиён зарараш бештар аст. Тамоми таҳқиқот дар бораи зарари тамокукашӣ нишон медихад, ки дуди тамоку 3000 пайвастагиҳои гуногуни химиявӣ дорад. Таъсири марговари никотин барои калонсолон 60 мг ва барои кӯдакон аз ин ҳам камтар мебошад. Дар сигори истифоданашуда 10 мг никотин вуҷуд дорад, ки ҳангоми истифода аз як сигор то 3 мг никотин ба организми шахси сигоркаш дохил мешавад.Дар таркиби дуди тамоку 60 моддаи сахттарин: бензопирен, хрисен, дибензопирен ва ғайра, инчунин нитрозаминҳо мавҷуданд, ки ба асаб таъсири харобиовар доранд. Сигоркашӣ ба чунин бемориҳо оварда мерасонад: саратони шуш, бронхити музмин, эмфизема ва бемории ишемиявӣ.Чунин ҳисобида шудааст, ки дар одамони аз синни 15-солагӣ ба сигоркашӣ шуруъкарда назар ба одамони аз синни 25-солагӣ шуруъкарда нишонаҳои ин бемориҳо 5 маротиба бештар мушоҳида карда мешавад.Олимон исбот кардаанд, ки нафарони ба сигоркашӣ машғулбуда нисбат ба одамони солим 20ـ25 сол камтар умр мебинанд. Тамокукашӣ инчунин сатҳи маргро аз сактаи мағзӣ дучанд мекунад. Тамокукашӣ хавфи саратони шушро 17 маротиба, саратони даҳон 18 маротиба, саратони ҳалқ 11 маротиба ва саратони масонаро 2 маротиба зиёд мекунад. Сигорҳо бештар аз 7000 моддаи химявӣ доранд, ки 69-тои онҳо маълуманд ва боиси саратон мегарданд. Волидоне, ки тамокукашӣ мекунанд, барои кӯдакони худ мушкилоти саломатӣ эҷод мекунанд, аз ҷумла зиёдшавии бемориҳои шамолкашӣ ва ё бемориҳои гӯш ва бемориҳои фавқуллодаи фавти кӯдакон. Дар соли 2009 зиёда аз 5% хонандагони мактабҳои миёна ва қариб 25% ҳамаи донишҷӯёни мактабҳои олӣ сигор мекашиданд. Тамокукашӣ имконияти ҷисмонии одамро хеле маҳдуд менамояд. Никотин қувваи ҷисмонӣ ва эҳсоси мушакҳоро суст гардонида, мувозинати ҳаракат, суръат ва хусусан тобовариро ба ҳолати бад гирифтор месозад. Мубориза бар зидди тамокукашӣ яке аз вазифаҳои муҳими замони муосир ба шумор меравад, ки ба он ташкилоти умумиҷаҳонии нигоҳдории тандурустии назди Созмони Миллали Муттаҳид назорат менамояд. Вобаста ба ин дар як қатор мамлакатҳо сигоркашӣ дар байни ҷавонон кам шуда истодааст. Мо боварӣ дорем, ки ақли солим рӯзе боло гирифта, аксар одамон аз ин одати бад қатъиян даст мекашанд. Мардуми шарифи Тоҷикистон низ бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муборизаи зидди тамокукашӣ саҳми арзандаи худро гузошта истодаанд.Луқмони Ҳаким – донишҷӯи курси 1, факултети технологияҳои инноватсионӣ, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ.


Back to list