РУШДИ КОМПЛЕКСИ НАҚЛИЁТ ДАР ЗАМОНИ ИСТИҚЛОЛ

 11.09.2021

Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 

 

     Бо дарназардошти афзоиши ҳамгироии иқтисодӣ ва сиёсӣ байни давлатҳо ва ҳамзамон афзуншавии ҳамгироӣ, нақлиёт қисми таркибии рушди ҷомеа ва ҷузъи муҳими иқтисодӣ ва сиёсӣ мебошад.

     Фалсафаи нақлиёт ба таври кофӣ омӯхта нашудааст, гарчанде баъзе ҷанбаҳои нақлиёт дар корҳои Г.А. Голтс[1] таҳқиқ карда шудаанд, ки мушкилоти асосии фалсафаи нақлиётро ба таври ҷиддӣ ва дақиқан таҳия карда буд: “... Нуқтаи муҳим, файласуфон оид ба нақлиёт ба чӣ кор машғуланд, – ин онтология (чӣ гуна ва чаро нақлиёт дар ҳамкорӣ ва бо дигар зерсохторҳо ва хусусан бо инсон инкишоф меёбад”.

    Инчунин, метавон ба мақолаи Ю.С. Сотиртский “Транспорт: опыт философской рефлексии (Наќлиёт: инъикоси таљрибаи фалсафї)»-ро, ки омӯзиши ҷанбаҳои муҳимтарини ин соҳаро фаро мегирад, таваҷҷӯҳ намуда онро таъкид намуд. Имрӯз мафҳуми нақлиётро бе омӯзиши фалсафаи нақлиёт, ки имконияти фаҳмидани функсияҳои системаҳои нақлиётӣ, таъсири онҳо ба иқтисоди ҷаҳонӣ ва дурнамои рушдро дар бар мегирад, имконнопазир аст.

     Ба таърифи мафҳуми “нақлиёт”, ки аз калимаи лотинии transportare “ҳаракат кардан, ҳаракат кунонидан”, ки дар навбати худ аз ибораҳои trans “тавассути, барои” ва portare “кашидан, ҳаракат кунонидан” ташкил ёфтааст назар кунем: Ҳамин тариқ, имрӯз мафҳуми «нақлиёт» - ро ҳамчун санъати истеҳсоли моддӣ, ки одамон ва молҳоро интиқол медиҳанд, маънидод кардан мумкин. Аксар вақт бо истилоҳи нақлиёт тамоми маҷмӯи инфрасохтори нақлиёт, воситаҳои нақлиёт ва ширкатҳои пешрафтаро, ки дар бозори хизматрасонии нақлиётӣ фаъолияти иқтисодӣ мебаранд ва ё самти иқтисодиётро муайян мекунанд.

     Бо вуҷуди ин, мафҳуми «нақлиёт» - ро набояд танҳо ҳамчун ба системаи нақлиётӣ ва ё ҷузъи алоҳидаи он мансуб донист. Ин мафҳум дар илмҳои бисёре во мехӯрад, ки ҳамчун далели бисёрҷабҳагии он хизмат мекунад. Аз ин рӯ, баррасии мафҳуми «нақлиёт» аз нигоҳи фаласафӣ хеле фарогир буда,  на танҳо аз навъҳои гуногуни нақлиёт, балки аз табиати он низ муайян карда мешавад.

    Нақлиёт ҳамчун воситаи интиқоли молҳо дар ҳама ҷо вуҷуд дорад - ин ҳам ҳаракати молекулаҳо, ва ҳам ҳаракати якҷояи системаҳои гуногуни нақлиётии бадан мебошад (масалан: системаҳои ҳозима, гардиши хун ва системаҳои асаб) ва ҷузъҳои нақлиёти дар табиат низ бидуни баҳс мавҷуданд, ки дар чунин шаклҳо, ба монади об, ҷараёни дарё, вулқонҳо, гардиши замин дар системаи офтобӣ зоҳир мегарданд.

    Илова бар ин, мафҳуми нақлиёт гардиши бевоситаи объектҳоро дар маъноҳои анъанавӣ дар бар мегирад. Ҳамин тавр, ба маънои васеъ, нақлиёт нақши ҳаётро дар тамоми гуногунӣ ва пурраи он дорад.

    Нақлиёт сеюмин соҳаи пешбари истењсолоти моддист ва асоси таќсимоти байналмилалии мењнатро муайян мекунад, ба инкишофи махсусгардонӣ ва њамкорї ва мутобиқан равандњои њамгирої мусоидат мекунад. Ба мафҳуми васеъ ҳамаи воситаҳои нақлиёт, инфрасохтори нақлиёт, воситаҳои алоқа, корхонаҳое, ки дар соҳаи хизматрасонии нақлиёт фаъолият мекунанд, системаи нақлиётии ҷаҳониро, ки системаи иқтисодиёти ҷаҳонӣ мебошад, ташкил медиҳанд.

    Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ соҳаи нақлиёт дар таъмини рушди устувори иктисодиёти ҷумҳурӣ мавқеи муҳим дошта, яке аз соҳаи афзалиятноки кишвар маҳсуб меёбад. Бо мақсади иҷрои саривақти ва сифатноки дастуру супоришхои Асосгузори сулҳу ваҳдати  миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини нишондиҳандаҳои макроиқтисодии соҳа ва татбиқи тадбирхои тархрезишуда, дар ин давра дар кишвар корҳои муайяне ба анҷом расонида шудаанд.

     Рушди соҳаҳои комплекси наклиёт дар даврони Истиқлол аз соли 1997 огоз ёфтаааст. Дар ин солхо ҳамагӣ 42% роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявидошта ва 20% роҳҳои аҳамияти маҳаллидошта болопӯшашон мумфарш доштанд, ки аз ин 73% дар ҳолати паст, 26% дар ҳолати миёна ва танҳо 1% дар ҳолати хуби техникӣ қарор доштанд.

     Дар ин давра яке аз вазифахои соҳа ин бунёди инфрасохтори наклиёт бо мақсади рахой намудани ҷумҳурӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил ёфтан ба кишвари транзитӣ ба шумор меравад, ки яке аз ҳадафи стратегии давлат мебошад.

    Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати амалӣ намудани ин вазифаи стратегии гузошташуда, дар ҳамкории босамар бо шарикони рушд ҳаллу фаслсозии масъалаҳои ривоҷ додани шабакоти ягонаи роҳҳо, пайваст намудани коридорҳои  нақлиётии байналмилалӣ, таъмини алоқаи пайвастаи нақлиётӣ бо кишварҳои ҳамсоя, такмилу таҳия ва ба талаботҳои байналмилалӣ мутобикгардонии санадҳои меёрию ҳуқуқии соҳаро чун афзалиятҳои аввалиндараҷа муайян намуд.

    Марҳилаи аввалини вазифаи стратегӣ - раҳоёбӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, бо ҷахду талошҳои ҳукумати кишвар ва дастгирию кӯмаки Шарикони Рушд иҷро гардид. Имрӯз мо на танҳо дорой шабакаи доимамалкунандаи нақлиётии дохилӣ ҳастем, балки ба кишварҳои хаммарз робитаи пайвастаи нақлиётӣ барқарор намудаем.

   Ҳамкориҳо дар бахши инфрасохтори нақлиётӣ бо давлат-донорҳо, аз ҷумла: Ҷопон, Ҷумҳурии Халкии Хитой, Ҷумҳурии Исломии Эрон, ИМА, Фаронса ва созмонҳои байналмилалии маблаҳгузор (Шарикони рушд) ба монанди Бонки Осиёгии Рушд, Бонки Исломии Рушд, Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд, Фонди Кувейтии Рушди Иктисодии Араб, Фонди ОПЕК, Фонди Абу Дабӣ, Фонди Рушди Саудӣ, Бонки Умумиҷахонй, Бонки Осиёгии сармоягузории инфрасохторӣ, Хазинаи Оӯохон ба роҳ монда шудааст ва натиҷаҳои самарабахш додаанд.

    Ҷиҳати расидан ба ин хадаф то имруз дар комплекси нақлиёти ҷумҳурӣ 44 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии беш аз 12 миллиард сомонӣ татбиқ гардида, зиёда аз 2 ҳазор километр роҳҳои мошингард, 31 км нақбҳо, 200 адад пулҳо ва 173,2 километр роҳи оҳан сохтаву таҷдид шуда, терминали мусофирбари дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе ба истифода дода шудааст. Ҳамчунин 374 адад техникаву механизмҳои роҳдорӣ харидорӣ шудаанд.

   Маҳз, дар солҳои  Истикдолият аз хисоби маблағгузориҳои хориҷй аз соли 2000 то ин давра - 44 лоиҳаи инвеститсионӣ оид ба сохтмону таҷдиди инфрасохтори нақлиётӣ татбиқ шудааст.  

    Дар доираи лоиҳаҳои  сармоягузорӣ ҳамчунин лоиҳаҳои  як қатор роҳҳо ва таҷдиди роҳҳои махаллй низ татбиқ карда шуданд. Баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба қаламрави транзитӣ табдил додани Тоҷикистон яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар муайян шудааст. Ба ин мақсад, айни замон, дар соҳаи наклиёт бо роҳнамой ва дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати  миллӣ  - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 12 лоиҳаи  сармоягузорӣ ба маблағи умумии 641 млн. 237 ҳазор доллари ИМА тибқи Созишномаҳои қарзию грантӣ ва 459 млн. 299,7 ҳазор доллари ИМА тибқи қарордодҳои имзошуда, мавриди татбиқшавӣ қарор доранд. Аз ин 11 лоиҳа ба соҳаи роҳдорӣ рост омада, 88,8% (569 млн. 244 ҳазор доллари ИМА)-и маблағҳои лоиҳавиро ташкил медиҳанд.

    Дар ин самти омӯзиш ва тарбияи мутахассисони ҷавон низ дарсовардҳо хеле назаррасонад.Аз ҷумла, дар ин самт ҳамкорӣ бо Япония дар соҳаи нақлиёт аз соли 1999 огоз гардида, тариқи Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ «JIСА» ба роҳ монда шудааст.

    То соли 2018 зиёда аз 90 нафар мутахассисони соҳаи нақлиёт, аз чумла, мутахассисони хоҷагии роҳҳо давраҳои омӯзиширо дар шаҳрҳои мухталифи Япония омӯхта, таврибаи пешрафтаи Японияро дар фаъолияти кориашон истифода бурда истодаанд.

     Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ низ ихтисосҳои нави соҳаи нақлиёт, аз ҷумла нақлиёти роҳи оҳан, авиатсияи граджанӣ ва логистикаи нақлиётӣ ба роҳ монда шуданд, ки ҳамасола хатмкунандагони зиёдро барои кор ба сохторҳои мухталифи комплекси нақлиёт равона мекунад.

    Дар солҳои  аввали истиқлолият дар ҷумҳурӣ бо сабабҳои ноустувории сиёсӣ ва иктисодӣ 80 фоизи инфрасохтори системаи нақлиётӣ корношоям гардида буд. Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ва танзиму назорат бо қарори Ҳукумати кишвар 27 июли соли 1998 дар назди Вазорати нақлиёт Инспексияи нақлиётӣ (Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт) таъсис дода шуд. Дар самти амалигардонии сиёсати созандагии Ҳукумати кишвар ва Сарвари давлат аз соли 2000 cap карда стратегияи махсуси рушдии комплекси нақлиёт то соли 2025 қабул гардид, ки натиҷаҳои ин стратегия имрӯз баръало дида мешаванд. Дар ин давра ҳамкори бо 40 кишвари хориҷи дуру наздик тариқи 14 созишномахои дуҷониба ва 12 созишномаҳои бисёрҷониба ҳамлу нақли автомобилӣ ба роҳ монда шудааст. Ҳамзамон, ҷиҳати рушди равобити байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти нақлиёти автомобилӣ 12 конвенсия ва созишномаҳои байналмилалӣ ба имзо расонида шуд, ки ба ҳамлу нақли байналмилалӣ мусоидат намуданд. Ҳоло дар ҷумҳурӣ 27 ширкати нақлиётӣ автомобилӣ дар ҳамлу нақли байналмилалӣ фаъолият доранд.

   Ҷумҳуриии Тоҷикистон бо чунин ташкилотҳои байналмилалӣ ҳамкорӣ дорад, аз чумла, IRU, ИКАО, МАК, ЭСКАТО ООН, МСД, ОСЖД, JIСА, ЭКО, ҲИМОМ (ЦАРЭС), КТС, СПЕКА, ТРАСЕКА, ШОС ва ЕЭК ООН. Дар доираи роҳҳои автомобилгарди Осиё 3 долон, дар доираи қарордоди аврупой оид ба шоҳроҳҳои автомобилгарди байналхалхй 1 долон ва дар доираи Ҳамкориҳои ихтисодии минтақавии Омиёи Марказӣ (ҲИМОМ) 4 долон фаъолият доранд. Шоҳроҳҳои ҷумҳурӣ ба руйхати долонҳои ЭСКАТО ООН, ҲИМОМ, ШОС, ЭКО ва ғайра ворид карда шудаанд.

    Дар солҳои  Истиклолият 9 терминали байналмилалии боркашонӣ, 5 терминали мусофирбарӣ сохта, ба истифода дода шудаанд. Аз ҷониби ҶСП «Холдинги Осиё групп Тоҷикистон» терминали марказии шаҳри Душанбе азнавсозӣ шуд.  

    То солҳои  2000-ум агар миқдори корхонаю муассисахои нақлиётӣ автомобилӣ агар 70 ададро ташкил медод. Айни хол, дар бозори хизматрасониӯои нақлиёти автомобилӣ 1422 адад субъектхои хоҷагидор, аз ин 214 адад корхонахои нақлиётӣ, 51 адад терминалҳои мусофирбарӣ, 11 адад терминалҳои боркашонӣ, 1062 адад нуктахои хизматрасонии техникию таъмири воситахои наклиёт ва 84 адад қароргоҳҳои нақлиётӣ фаъолият дошта, 832 адад хатсайрҳои мусофирбарӣ, аз ҷумла 163 адад шаҳрӣ, 544 адад наздишаҳрӣ, 123 адад байнишаҳрӣ ва 2 адад байналмилалӣ расман амал мекунанд.

    Дар заминай барқарор шудани муносибатхои иктисодй-иҷтимоии Ҷумхурии Тоҷикистон бо Ҷумхурии Узбекистон фаъолияти 8 гузаргоҳи сарҳадии каблан аз фаъолият бозмонда, аз ҷумла, гузаргоҳҳои сарҳадии Айвоҷ (н.Шаҳритус) - Узбекистон, Саразм (ш.Панҷакент) - Узбекистон, Хаштяк (н.Спитамен) - Узбекистон, Навбунёд (н.Айнй) - Узбекистон, Равот (ш.Конибодом) - Узбекистон, Зафаробод (н.Зафаробод) - Узбекистон, Хаватог (н.Зафаробод) - Узбекистон ва Уротеппа (ш.Истаравшан) - Узбекистон аз семоҳаи якуми соли ҷорӣ аз нав барқарор карда шуданд.

   Кушодашавии гузаргоҳҳои сарҳадии болозикр дар рушди иҷтимоӣ - иқтисодии кишварамон, ба хусус ба болоравии сатқи зиндагии аӯолии ноҳияҳои наздисарҳадӣ ва ба афзоиши нишондиҳандаҳои хаҷми боркашонию мусофирбарии нақлиёти автомобилӣ мусоидат хохад кард.

     Айни замой, интиқоли байналмилалии бору мусофирон бо нақлиёти автомобилӣ тавассути ин гузаргоҳҳо амалӣ шуда истодааст.

   Дар даврони истиклолияти давлатии кишвар соҳаи ҳавопаймоӣ низ ботадриҷ ривоч ёфт. Дар ҷумҳурӣ солҳои  1991 - 2008 танҳо як коргоҳи хавопаймоии «Тоҷикистон» фаъолият дошт. Бо қарори Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон соли 2008 КВД «Тоҷикистон» ба ҷамъиятҳои саҳҳомии кушодаи «Тоҷик Эйр», фурудгоҳҳои байналмилалии Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб, Курӯонтеппа, Ҷамъияти саҳҳомии пушидаи «Ширкати таъминоти сузишворӣ» ва Корхонаи вохиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» ҷудо карда шуд ва минбаъд ҷугрофияи парвозҳои ширкатхои ватанӣ васеъ гардид. Ҳамин тарик, дар доираи ҳамкориҳои байналмиллалӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 26 кишварҳои хориҷи дуру наздик Созишномаҳо оид ба алоқаи ҳавоӣ ба имзо расонидааст, ки аз онхо 9 кишвари ИДМ ва 12 кишвари Осиё мебошанд.

     Айни замон, лоиҳаҳои  Созишномахо оид ба алокаи ҳавоӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳуриҳои Финляндия, Фаронса, Шри-Ланка, Ветнам, Малайзия, Гурҷистон, Молдова, Аморати Мутаҳидаи Араб, Салтанати Уммон ва Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар сатҳи баррасии ҷонибҳо қарор дорад.

    Дар соҳаи авиатсияи гражданин кишвар дар ҷумҳурӣ айни замон 2 ширкати ҳавопаймоии ватанӣ (ҶСК “Тоҷик Эйр” ва ҶДММ “Сомон Эйр”), 4 фурудгохи байналмилалӣ (Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб ва Курғонтеппа), 29 фурудгоҳҳои махаллӣ (аз ҷумла, фаъолияткунанда Хоруғ, Ванҷ, Рушон, Мургоб, Дарвоз, Панчакент, Айнй, Исфара, Панҷ, Хамадонӣ, Фархор, Рашт ва Лахш) ва ҳамчунин КВД “Тоҷикаэронавигатсия”, ҶСП “Кейтринг сервис”, ҶДММ "Таъминоти сузишворӣ” ва ҶСП “Агентии алокаи ҳавои” фаъолият доранд.

     Инчунин, бо қарори Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон аз 29.12.2017с., №596 Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст. Агентии мазкур макоми идораи давлатӣ дар соҳаи авиатсияи граждании Ҷумхурии Тоҷикистон муайян шуда, сиёсати давлатии ҳавопаймоӣ, ки ба конеъ гардонидани талаботи аҳолӣ ва эҳтиёҷоти иқтисод ба ҳамлу нақли ҳавоӣ ва намудҳои дигари хизматрасонӣ, инчунин фароҳам овардани шароитро барои амнияти парвозҳо амалӣ менамояд.

     Дар ҷумҳурӣ имрӯзҳо 13 адад ширкатхои хориҷӣ аз фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон 6 адад аз Россия (“Сибир”, “Ют Эйр”, “Уралские авиалинии” ва “Глобус”, “Икар”), “Южний авиалинии” (Чин), “Туркиш” (Туркия), “Осмон” (Эрон), “Кам-Эйр” (Афғонистон), “Эйр- трафик” (Қирғизистон), “Эйр-Астана” (Қазоқистон), “Флай - Дубай” (АМА) ва “Узбекистон ҳаво йуллари” интиколи мусофиронро ичро мекунанд.

     Парки умумии тайёраҳо ва чархболҳои ширкатҳои ҳавопаймоии кишвар ба 51 адад баробар аст. Дар ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ 13 адад ҳавопаймоҳои муосир мавриди истифода қарор дорад.

     Падидаи дигар ин буд, ки дар фурудгохд Душанбе бо хиссагузории Ҳукумати Тоҷикистону Фаронса 3-юми сентябри соли 2014 терминали нави хозиразамони мусофирбарӣ бо иқтидори хизматрасонй ба 500 нафар мусофир дар як соат мавриди истифода қарор гирифт.

     Ҳамзамон, рӯзи 25 июни соли 2018 дар арафаи Рӯзи Ваҳдати  миллӣ  бо иштироки Сарвазири Ҷумхурии Тоҷикистон, роҳбарони вазорату идорахои дахлдор, Агентии Ҷопон оид ба рушди байналмилалӣ «JIСА», Консорсиуми ширкатхои Японии «Ниппон Кое» - Консултант, ДАИ Ниппон Констракшин, терминали бокашонии фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба истифода супорида шуд.

     Терминали мазкур дар масоҳати 3,7 ҳазор метри мураббаъ бо иқтидори солонаи 20 ҳазор тонна молу махсулот бунёд гардида, аз ду кисмат - анбор ва ҳуҷраҳои корӣ иборат буда, бо техникаю тачҳизоти муосири сардкунанада ҷиҳозонида шудааст ва маркази логистикии аввалин дар соҳаи авиатсияи гражданин кишвар ба хисоб меравад.

     Айни замон, дар соҳаи авиатсияи гражданй 3 лоиҳаи  сармоягузорӣ, аз чумла лоиҳаи  “Тачдид ва муҷаҳҳазгардонии техникии фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд” (8,6 млн. доллари ИМА), “Бехтаргардонии хизматрасонии аэронавигатсионии Тоҷикистон” (3,4 млн. доллари ИМА) ва сохтмони манораи назорати - диспетчерӣ (4 млн. доллари ИМА) дар фурудгохи байналмилалии Душанбе мавриди татбиқшавй қарор доранд.

     Дар даврони истиклолият роҳи оҳани Тоҷикистон дар холати ба се кисмии аз ҳам ҷудо қарор дошт. Дар заминаи шуъбаи Душанбегии роҳи оҳани Осиёи Миёна 17 августи соли 1994 «Роҳи оҳани Тоҷикистон» таъсис ёфт.

     Дар ибтидои ин мархила - ҳануз дар соли 1993, ки ҷумҳурӣ дар гирдоби буҳрони шаддиди сиёсиву иктисодӣ қарор дошт, Ҳукумати Ҷумҳурӣ бо ташабус ва ибтикори Асосгузори сулҳу Вахдат - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба сохтмони хатти нави роҳи оҳани Кургонтеппа - Кулоб қарор кабул кард, ки 7-уми сентябри соли 1998 ифтитоҳи марҳилаи якуми ин роҳ бо дарозии 52 километр ва санаи 7- уми сентябри соли 1999 марҳилаи дуввуми ин роҳ- кисмати Данҳара - Қурбоншаҳид - Кӯлоб бо дарозии 80 километр анҷом ёфта, мавриди истифода қарор гирифт.

     Дар арафаи ҷашни 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи оҳани Душанбе-Кургонтеппа-Кӯлоб, кисмати Вахдат - Ёвон сохтмони 40,7 км роҳ, 3 нақб бо дарозии 3,7 км ва 5 пули калон ба истифода дода шуд.

     7-уми сентябри соли 2011 қатораи мусофирбари Хуҷанд - Москва ба фаъолият шуруъ кард. Бори аввал дар даврони истиклолият қатораҳои мусофирбари самти Кулоб - Москва, Худанд - Саратов низ ба фаъолият шуруъ карданд. Айни хол, 34 истгоҳу 2 вокзали роҳи оҳан, ки таҷдиду аз нав сохта шудаанд, дар хизмати мардум қарор доранд.

     Маҳз дар замони Истиқлолият, 9 сентябри соли 2003 аввалин заводи истеҳсоли шпалҳои оҳану бетони (н.Сарбанд) ба фаъолият шуруъ намуд. Ҳамчунин соли 1995 аввалин корхонаи вагонтаъмиркунии “Маҳрам” (ҳозира КФЧ, “Маҳрам”) таъсис дода шудааст.

   Инчунин, қайд кардан ба маврид аст, ки дар даврони Истиклолияти давлатӣ аз ҷониби КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” истгоҳҳои Истиьуюл (қитъаи  Сугд-2008с.), Хонақо (қитъаи  Душанбе-2011с.), истгоҳи Ёвар-(қитъаи  Душанбе-2015с.), ва таъмири мекмонхонаи “Пойтахт” (10,4 млн. сомонӣ) сохта ба истифода до да шуданд. 9 марти соли 2018 дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Узбекистон қитъаи роҳи оҳани Бохтар-Термиз тавассути нуқтаи гузариши байнидавлатии Амузанг-Fалаба (МГСП) ифтитох, гардид.

     Бахри мустаҳкам намудани иқтидори техникии КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» 937 вагони нави боркашу мусофирбар, аз чумла, 769 вагони боркаш, 168 вагони мусофирбар, инчунин 9 тепловоз, 2 вагон - тарабхона ва 1 дизел поезд дастарас гардидаанд.

       Айни ҳол, парки нақлиётии КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” аз 2058 вагони боркаш, 424 вагони мусофирбар ва 42 локомотив иборат мебошад.

     Мо нақлиётчиёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар заминаи сиёсати ояндабинонаву бунёдкорона ва ҳидояту сарпарастии ҳамарӯзаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати татбиқ намудани яке аз ҳадафҳои стратегии рушди иқтисодӣ-иҷтимоии мамлакат, яъне раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон, саҳми арзанда дошта барои рушди минбаъдаи соҳаи басо муҳими иқтисодиёти кишвар соҳвм нақлиёт ва роҳ камари ҳиммат бастаем.

 

Н.и.т., дотсент, мудири кафедраи

“Ташкили интиқол ва идора дар нақлиёт”    

Саломзода Раҳмиддин Саломович

 

[1] Гольц Г.А. О философии транспорта Материалы XI международной (четырнадцатой екатеринбургской) научно-практической конференции URL: http://www.waksman.ru/Russian/Systems/g2005.htm (дата обращения: 14.10.2012)


Back to list