НАВРӮЗ – ҶАВҲАРИ ФАРҲАНГИСТОНИ МИЛЛАТИ ОЗОДАГОН

 25.03.2022

«Чун Ҷамшед барои худ тахт бисохт, дар ин рӯз ба он савор шуд ва ба ҷину шайтон ҳамла кард. Ва ба як рӯз аз кӯҳи Дамованд ба Бобул омад ва мардум бо дидинаи ин воқеа дар шигифт шуданд ва ин рӯзро ид гирифтанд».

Абӯрайҳони Берунӣ

Воқеан, Наврӯз аз ҷумлаи он ҷашнҳоест, ки дар баёни тамаддуни чандинҳазорсолаи миллати тамаддунофари тоҷик мавқеи аввалин дорад. Ин аз ҷашнҳои бошукӯҳтарини қавмҳои Ориёӣ, алалхусус мардуми форсизабон мебошад. Инро ба назар гирифта, бо талоши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахсан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷонибдории якчанд давлатҳои Ховари Миёна, 23 – феврали соли 2010 – ум қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ қабул шуд, ки дар он ҷашни Наврӯз мақоми байналмилалӣ касб кард.

Наврӯз натанҳо дорои ҷанбаҳои табиӣ чун бедоршавии табиату оғози кишту кор, балки дорои ҷанбаҳои фалсафӣ-ахлоқӣ низ мебошад. Яъне, пирузии некӣ бар бадӣ, сардӣ бар гармӣ, хурсандӣ бар андӯҳ ва амсоли инҳо. Ҷиҳати пажӯҳиш ва таълифи ҷашни Наврӯз мутаффакирони барҷастаи форсу тоҷик, аз ҷумла Абулқосим Фирдавсӣ, Абурайҳони Берунӣ, Низомулмулк, Муҳаммад Ҷарири Табарӣ, Абӯалӣ Муҳаммади Балъамӣ, Умари Хайём ва ғайра таваҷҷӯҳ зоҳир кардаанд.

Ибни Балхӣ дар асари худ “Форснома” сабаби аз тарафи Ҷамшед ҷашн гирифтани Наврӯзро чунин шарҳ додааст, ки Ҷамшед писари Виванҷахон, бародари Таҳмурас будааст. Ҷамшед 717 – сол умр дида, ба мардум ҳар гуна ҳунарҳоро меомӯзонидааст, шаҳре бо номи Истаҳр бунёд карда, онро пойтахт қарор додааст. Пас аз ин рӯйдод мардум ӯро ба тахти шоҳӣ шинонида, ба сараш тоҷ мениҳанд. Ба ин муносибат ҷашне барпо гардид, ки онро Наврӯз номиданд.

Умари Хайём нобиғаи ситорашиноси тоҷик чунин ақида доштааст: “Мардум чун бидонистанд, офтобро ду давр бувад: яке он, ки ҳар 365 – рӯзу рубъе аз шабонарӯз бо аввалин дақиқаи ҳамл боз ояд, ба ҳамон вақту рӯз, ки рафта бувад, бадин дақиқа натавонад омадан, чӣ ҳар сол аз муддате ҳаме кам шавад. Ҷамшед он рӯзро дарёфт, ном ниҳод ва оин овард”.

Баргузории ҷашни Наврӯз вобаста ба оини ҳар минтақаҳои гуногун шаклҳои гуногун дорад, ки ҳар яке бозгӯи паҳлӯҳои гуногуни таърихии он аст. Дар замонҳои қадим низ таҷлили ин ҷашн бо роҳҳои гуногун амалӣ мегашт. Масалан, дар давлати Сосониён ҷашн на кам аз шаш рӯз давом мекард ва ба ду давра тақсим мешуд. Наврӯзи омма, ки панҷ рӯз аз якум то панҷуми фарвардин тӯл мекашид. Дар ин маврид Хоҷа Ҳофиз дар ишораи сарбастае, ба таъбири худаш “дар парда” вобаста ба ин мегӯяд:

Сухан дар парда мегӯям, чу гул аз ғунча берун ой,

Ки беш аз панҷ рӯзе нест ҳукми мири наврӯзӣ.

 

Рӯзи шашумро чун Наврӯзи хосса ҷашн мегирифтанд.

Шукӯҳу шаҳомати ҷашни Наврӯзро дар Ватани биҳиштосои мо бояд махсус қайд кард. Эҳтирому самимияти халқи тоҷик ба ин иди аҷдодӣ аст, ки ҳангоми фарорасии он ҳама ҷойро рангорангиву хурсандӣ фарогир мешавад. Ҳатто дарёчаҳо аз омадани Наврӯз хабардор шуда, пуртуғёнтар мешаванд. Табиати бе ин ҳам дилорои Тоҷикистон шаҳомати дигаре касб мекунад. Деҳқон боз меҳнатро оғоз карда, хони мардумро пур аз нозу неъматҳо мегардонад. Хулоса, ҳама ҷойро ободиву покиву нуру сафо фаро мегирад.

Пас, бо ин ободиву покиву сафо яъне, ҷашни Наврӯз кулли халқи шарифи Тоҷикистонро, инчунин кулли халқое, ки Наврӯзро ҷашн мегиранду эҳтиром ва арҷ мегузоранд табрик мекунам. Бигузор, ҳама рӯзашон Наврӯз бошаду дар қалбашон покиву самимият ва эҳтиром ҳукмфармо!

Наврӯз муборак, халқи фарҳангпарвар ва поснигоҳдорандаи мероси гаронбаҳои таърих!

Ҷамолиён Озодмеҳр – донишҷӯйи курси 3-юми факултети сохтмон ва меъморӣ.


Back to list