НАҚШ ВА МАҚОМИ ИЛМҲОИ РИЁЗӢ ДАР ШАРОИТИ МУОСИРИ ТОҶИКИСТОН

 01.04.2022

Эълон гардидани солҳои 2020-2040 – “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маъориф” аз чониби Асосгузори сулҳу ваҳдади миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба олимони соҳаи илмҳои дақиқ, махсусан ба риёзидонони мамлакат рӯҳи илҳоми эҷодӣ бахшид. Ин паём барои мардуми Тоҷикистон, бахусус омӯзандагони фанҳои риёзӣ муҳиму сарнавиштсоз ба шумор меравад.

Зеро тағйирёбии вақту замон ва шароит аз ҷомеаи муосири Тоҷикистон дараҷаи баланди илмию методологии рушди илмҳои риёзиро талаб менамояд. Ин аст, ки дар фазои истиқлол таҳкиму рушд ва устувории илмҳои дақиқ ҳамчун пойдевори рушди соҳаи саноати кишварро тақозо мекунад.

Ба назари мо, иқдоми “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маъориф” аз ҷониби Пешвои миллат ҷавонони моро умедвор аз ояндаи дурахшони давлат намуда, ҷиҳати татбиқи ин амал ба дарку омӯзиши илмҳои риёзӣ вобаста месозад. Дар шароити Тоҷикистони соҳибистиқлол омӯхтани фанҳои дақиқ, хусусан, математика масъалаи аввалиндараҷа аст. Дар баробари, ин ҳамаи он пешравиҳои ҷойдошта дар соҳаҳои илмҳои риёзӣ маҳз аз мероси гаронмояи гузаштагонамон Ал-Хоразмию Хайём ва Берунию Синои бузург дарак медиҳанд. Тамоми эҷодиёти вуҷуддоштаи ниёгонамон тақозо мекунад, ки туфайли баландсозии илмҳои риёзӣ дар рушди саноати кишвар саҳмгузор ва воситаи азбайнбарии мушкилоти иқтисодию иҷтимоии шаҳрвандон дар кишвар гардем.

Дар ин асос, ба назари мо яке аз усулҳои дастрас дар ин самт назорати пурзӯр дар азхудкунии донишҳои замонавии ҷавонон мебошад. Хусусан, насли наврасро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ намудан, қобилияти эҷодии онҳоро тақвият бахшидан ва дар ин замина сафарбар намудани онҳо дар таълими фанҳои риёзӣ ва дақиқ масъалаи мазкур маҳсуб меёбад.

Аз ин рӯ, эълон гардидани солҳои 2020-2040 – “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” мо – мутахассисони соҳаи математикаро водор менамояд, ки ба чунин самтҳои стратегии ин соҳа назари ҷиддӣ намоем:

Аввалан, он потенсиали кадрие, ки дар кафедра дорем, побарҷо нигоҳ дошта, баҳри мустаҳкамтар намудани заминаҳои методологӣ, илмӣ ва эҷодии омӯзгорон бояд саъй намоем.

Дуюм, роҳу воситаҳои ҷалб намудани донишҷӯёни болаёқатро дар сатҳи донишгоҳ ва берун аз он ба фанҳои дақиқ ҷоннок намоем. Зеро дар Донишгоҳи техникӣ ҳастанд шогирдоне, ки якчанд забонҳои хориҷиро медонанд, илми математикаро хуб мефаҳманд. Барои онҳо шароити хуби корӣ муҳайё сохтан ба мақсад мувофиқ мебошад.

Сеюм, дар доираи имкон истифода бурдани грантҳои хориҷӣ дар ин самт мебошад. Бо ин максад, мо бояд аз мактаби миёна сар карда, то ба сатҳи донишгоҳӣ чавононро тайёр намуда, барои комёб шудан ба лоиҳаҳо аз фанни математика чораандешӣ намоем. Чунки замони он расидааст, ки дар заминаи эълон гардидани 20-солаи рушд фанҳои риёзӣ Фонди илмҳои математикаро ташкил намуда, бо дастгирии ин фонд олимони ҷавони ҷумҳуриро метавонем ҷиҳати иштирок дар конфересияҳои байналмилалӣ ва маърӯза намуданро пайдо намоем.

Ҳамин тариқ, барои дар сатҳи баланд тайёр намудани қадрҳои баланихтисос ва мустаҳқам намудани таҳкурсии заминавӣ моро лозим аст, ки ҳама он мушқилиҳои дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ вуҷуддоштаро бартараф созем. Яке аз мушкилоти аввалиндараҷа нарасидани омӯзгорони баландихтисос дар муассисаҳои таълимӣ мебошад. Имрӯз мо омӯзгоронро зарур аст, ки баҳри дар амал татбиқ намудани ин бистсолаи рушд, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбияи насли наврас ва тайёр намудани кадрҳои баландихтисос дар соҳаи илмҳои математика камари ҳиммат бандем.

Яқубов Н. – н.и.м., кафедраи математикаи олии ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ.


Back to list