Зани зиёӣ ин шуълаест, ки ҳамеша роҳи ҷомеаро мунаввар месозад

 26.05.2022

Дар таърихи башарият ҳар як миллатро бо фарзандони содиқу номдораш мешиносанд. Зеро онҳо ҳаёту фаъолият ва ҳастиро барои некӯаҳволии мардум, пешрафту ободии Ватан мебахшанд. Дар баробари сиёсатмадорон, аҳли зиёву олимон низ аз ҷумлаи чунин ашхосанд. Барҳақ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зиёиёну олимон ва аҳли эҷодро «ҳамчун хазинаи тиллоии миллат» арзёбӣ намуда, таъкид мекунанд: «Зиёӣ ин шуълаест, ки ҳамеша роҳи ҷомеаро мунаввар месозад ва мардумро ба роҳи рост ҳидоят менамояд». Бо ҳисси баланди худшиносии миллӣ зиёиёну олимон бо кору эҷод ва ихтироот ба рушду инкишофи давлат ва ташаккули тафаккури созандаи ҷомеа мусоидат менамоянд. Тавассути заҳмати беғаразона ва таҳқиқоту омӯзишҳои пайваста онҳо ҷомеаро ба сӯи қуллаҳои нави тараққиёт роҳнамоӣ мекунанд.Бешак, заҳмати аҳли зиё дар рушду такомули пояи давлатдорӣ ва болоравии эътибори миллат беназир аст. Дар ин хусус Муҳаммад Иқбол фармудаанд:
Илму давлат назми кори миллат аст,
Илму давлат эътибори миллат аст.
Бо ин дебоча аз фаъолияти мудири кафедраи дизайни муҳити меъморӣ ва тармими Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ, ки хамзамон раиси Шӯрои занони факултети сохтмон ва меъморӣ мебошад, Фирӯза Ёфтуллоевна Эмомова нақл хоҳем кард. Мавсуф баъди хатми мактаби миёна ба Омӯзишгоҳи рассомӣ ба номи М.Олимов дохил шуда, соли 1988 бо ихтисоси рассом, устои кулолгар ба итмом расонд. Сипас, барои гирифтани маълумоти олӣ ба Донишкадаи политехникии Тоҷикистон ҳуҷҷат супурда, солҳои 1988-1994 донишҷӯи ин боргоҳи илму маърифат буд. Донишгоҳро бо ихтисоси меъмор хатм карда, соли 1994 ҳамчун мутахассиси ҷавон дар кафедраи асосҳои лоиҳакашӣ ва меъмории ин донишкада ба кор монд. Фирӯза Эмомова аввал ба ҳайси ассистент, аз соли 1999 ҳамчун муаллими калон заҳмат кашида, бо фармони ректори ДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ аз соли 2021 ба ҳайси иҷрокунандаи мудири кафедраи меъморӣ ва дизайн, аз моҳи сентябри соли 2021 иҷрокунандаи мудири кафедраи дизайни муҳити меъморӣ ва тармим таъйин шуд. Ӯ кушиш мекунад, ки барои мустаҳкам кардани савияи дониш ва малака ва ҷаҳонбинии ҷавонон саҳмгузор бошад. Аз соли 2015 аъзои Иттифоқи меъморони Тоҷикистон аст. Дорандаи ифтихорномаҳову сипосномаҳо буда, давоми солҳои фаъолият дар соҳаи санъати меъморӣ муаллифи зиёда аз 25 мақолаи илмӣ, 6 дастури методӣ, 50 асари эҷодӣ ва 1 монография мебошад. Таҷрибаи зиёда аз 28-солаи бенуқсони педагогӣ дар равияи меъморӣ ва дизайн дар байни ҳамкорон ва донишҷӯён соҳиби обрӯ гардидааст. Машғулиятҳои таълимиро дар сатҳи зарурии тахассусӣ гузаронида, омӯзгори дилсӯзу ғамхор мебошад. Рассом, устои хуб дар соҳаи кулолгарӣ ва ҳайкалтарошӣ буда, дар вақтҳои холигияш шаклҳои хурди меъморӣ сохта, онҳоро дар намоишҳои ҷумҳуриявӣ ва донишгоҳ пешниҳод мекунад. Ҳамзамон, соли 2019 ӯ раиси занон ва духтарони факултети сохтмон ва меъморӣ таъйин шуда, дар ҷамъомаду конфронсҳо ва симпозиумҳо бо маърӯзаҳо баромад мекунад ва дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона ширкат меварзад. Супоришҳоро сари вақт иҷро карда, дар пешрафти илм ва соҳаи маориф, дар таълиму тарбияи мутахассисони соҳаи меъморӣ ва дизайни кишвар саҳм мегузорад. Хизматҳои ӯро дар таълиму тарбияи мутахассисони баландихтисоси соҳаи меъморӣ ва рассомӣ ба инобат гирифта, бо ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми ҶТ қадрдонӣ намуданд. Дар самти оиладорӣ низ Фирӯза Эмомова муваффақу комёб буда, модари 3 шоҳписар Шоҳин, Нурафшон ва Муҳаммадҷон мебошад. Серталабӣ ва меҳнати самараноки модари мушфиқ буд, ки писари хурдиаш Муҳаммадҷон ки ҳамагӣ 12 сол дорад дар озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон Ватани азизи ман” дар жанри эстрада сазовори ҷойи якум гардид.
Роҷеъ ба фаъолияти кафедраи дизайни муҳити меъморӣ ва тармим маълумот дода, зикр кард, ки аз аввали даврони шуравӣ то соли 1962 меъморон дар муассисаи олии Иттифоқи Шӯравӣ хононда мешуданд. Зеро он солҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мутахассисиони соҳаи меъморӣ намерасиданд. Дар солҳои 60-уми асри ХХ дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 30 меъмор кор мекард ва аз онҳо 5 нафарашон меъморони маҳаллӣ буданд. Соли 1960 бо пешниҳоди Иттифоқи меъморон ва Кумитаи сохтмони РСС Тоҷикистон дар назди {укумати Шӯравӣ масъалаи кушодани «шуъбаи меъморӣ» дар Донишкадаи политехникии Тоҷикистон гузошта шуда, дастгирӣ ёфт. Худи ҳамон сол курси якуми меъморӣ ташкил гардида, соли 2003 ихтисоси дизайн ба меъморӣ илова карда шуда, кафедра аз соли 2007 номи меъморӣ ва дизайнро гирифт. Соли 2010 тарзи дузинагии хониш ба роҳ монда шуда, донишҷӯёни бакалавр ва магистр омӯзонида мешаванд.
Хеле ба маврид аст, ки дар замони имрӯза дар ДТТ ба номи академик М.Осимӣ факултети сохтмон ва меъморӣ боз як кафедра дар равияи дизайни муҳити меъморӣ бо номи кафедраи Дизайни муҳити меъморӣ ва тармим ба фаъолият шурӯъ кард. Давраи нав ба аҳёи инкишофи ин ихтисос яке аз қадамҳои нав ба сӯи талаботи ҳаёти имрӯзаи мо мебошад. Ихтисоси дизайни муҳити меъморӣ дар азнавсозии шаҳр яке аз равияҳои зарурӣ шуморида шуда, вазифаи мутахассиси ин соҳа дар ташаккули шаҳр, тарҳрезии ҷаҳони объективии он давра ба давра тағийрёбанда буда, фазои муайян ва дорои алоқаи визуалӣ мебошад.
Рушду равнақи меъморӣ ва шаҳрсозӣ солҳои охир хеле назаррас буда, барои ободии Тоҷикистони азиз меъморону дизайнерон саҳми арзанда мегузоранд. Устодон низ мекӯшанд, то мутахассисони варзидаи замонро ба камол расонида, соҳиби ихтисоси меъмор-дизайнер гардонанд.
*Мавод аз маҷаллаи «Тоҷикони ҷаҳон».

Back to list