МУШКИЛОТИ ГЛОБАЛИИ ЭКОЛОГИИ ЗАМОНИ МУОСИР

 30.04.2026

МУШКИЛОТИ ГЛОБАЛИИ ЭКОЛОГИИ ЗАМОНИ МУОСИР

Таҳти чунин унвон санаи 28 апрели соли равон дар литсейи техникии ДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ бахшида ба ҷашни муқаддаси умумимилии 35 – солаги Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-назариявӣ бо иштироки мудири кафедраи БФИва Э дотсент Иброҳимов С.Ҷ. ва д.и.т., и.в. профессори кафедра Гулаҳмадов Ҳ.Ш., роҳбарияти литсей, омӯзгорон ва хонандагон баргузор гардид.
 
Кори конфронсро директори литсей Далер Шарифзода ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки мушкилоти глобалии экологӣ дар замони муосир яке аз масъалаҳои марказии экология ба ҳисоб рафта, бо таъсири афзояндаи фаъолияти инсон ба муҳити зист алоқаманд аст. Аз ҷумла, тағйирёбии иқлим, ифлосшавии ҳаво ва об, коҳиши гуногунии биологӣ ва биёбоншавӣ ба устувории экосистемаҳо таҳдиди ҷиддӣ эҷод мекунанд.
 
Таъкид гашт, ки ин мушкилот натиҷаи истифодаи ғайриоқилонаи захираҳои табиӣ, рушди босуръати саноат ва афзоиши аҳолӣ буда, ба саломатии инсон ва иқтисодиёти ҷаҳонӣ таъсири манфӣ мерасонанд. Дар чунин шароит, татбиқи технологияҳои «сабз», идоракунии устувори захираҳо ва тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ барои коҳиши паёмадҳои экологӣ аҳамияти калидӣ доранд.
 
Дар қисмати интиҳоӣ хонандагони синфҳои 8 ва 11 бо маърузаҳои гуногун баромад намуда диққати ҳамагонро ҷалб намуданд, баъдан саволу ҷавоб дар атрофи мавзуъҳои баррасишуда оғоз гардида, маърузачиён ба саволҳои ҳозирин ҷавобҳои мушахас пешниҳод намуданд.
 
685653482_1603482355113891_3504773290563693069_n684286908_1603487831780010_5687552725462078959_n683780882_1603486835113443_3430191177105755791_n682939896_1603487668446693_3970055080456424757_n

Back to list