ЗАНОН – МУҲАРРИКИ СУЛҲУ СУБОТ ДАР ЗАМОНИ ТАЗОДҲО

 02.05.2026

ЗАНОН – МУҲАРРИКИ СУЛҲУ СУБОТ ДАР ЗАМОНИ ТАЗОДҲО

Бо ташаббуси бахши кор бо занони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон вохӯрии судманде бо шурои духтарони муассиса доира ба аъзо гаштани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба вазъи занон (CSW) барои солҳои 2027-2031 баргузор гардид.
 
Чорабиниро Гуландом Раҷабзода ифттитоҳ намуда, иброз дошт, ки мақоми зан ва махсусан донишҷӯдухтарон дар ҷомеаи муосир ҳамчун яке аз омилҳои калидии рушди устувор ва пешрафти иҷтимоӣ арзёбӣ мегардад. Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва инкишофи босуръати илму технология, иштироки фаъоли занон дар соҳаҳои маориф, илм, иқтисод ва идоракунии давлатӣ аҳамияти стратегӣ касб намудааст. Таҳсилоти олӣ барои духтарон на танҳо воситаи боло бурдани сатҳи дониш ва малака, балки заминаи муҳими ташаккули тафаккури интиқодӣ, худшиносӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ мебошад.
 
Донишҷӯдухтарон ҳамчун қишри фаъоли ҷомеа дар таҳкими арзишҳои демократӣ, рушди фарҳанги муосир ва пешбурди навовариҳо саҳми назаррас мегузоранд. Онҳо бо иштироки худ дар таҳқиқот, лоиҳаҳои иҷтимоӣ ва фаъолияти илмӣ-назариявӣ, ба ташаккули ҷомеаи донишбунёд мусоидат менамоянд. Ҳамзамон, дастгирии давлатӣ ва фароҳам овардани шароити баробар барои таҳсил ва фаъолият, ба баланд гардидани нақши занон дар равандҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ замина мегузорад.
 
Бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатии кишвари мо ба ҳисоб меравад. Дар ин замина барои фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати иштироки фаъолонаи занон дар идоракунии давлатӣ, соҳибкорӣ, илм, маориф ва дигар бахшҳои ҳаёти ҷомеа тадбирҳои мушаххас амалӣ гашта истодааст, таъкид дошт мудири бахши кор бозанони муассиса.
 
Дар идома донишҷӯдухтарон атрофи масъалаҳои мубрам мубодилаи афкор баргузор намуда, роҷеъ ба коҳиш додани осебпазирии занон ба падидаҳои ифротгароӣ, инчунин тақвияти нақши онҳо дар равандҳои бунёди сулҳ, миёнаравӣ ва қабули қарорҳо дар бахшҳои амният ва зиракии сиёсӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд.
 
688944782_1605911404870986_1928867219219027439_n685905766_1605911514870975_7057792034162850246_n685300979_1605909688204491_5010765613323626550_n685975801_1605910178204442_6657116078177574621_n

Back to list