ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ 110-СОЛАГИИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА, РӮЗИ ҶАВОНОН, РӮЗИ ҒАЛАБА ДАР ДОНИШГОҲ

 08.05.2021

 

      Имрӯз дар фазои тантанавӣ бахшида ба таҷлили 110-солагии Мирзо Турсунзода, Рӯзи ҷавонон, 9-уми май – Рӯзи Ғалаба дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ чорабинии бошукӯҳ доир гардид.

     Дар оғози чорабинӣ сухани табрикотии ректори донишгоҳ – Давлатзода Қ.Қ. бахшида ба ҷашнҳои мазкур аз ҷониби муовини ректор оид ба тарбия – Ашӯрзода А.Н. қироат карда шуд.

      Меҳмонони пурифтихори чорабинии мазкур Шоири халқии Тоҷикистон – Аскар Ҳаким, муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – Аҳмадзода Д.Д., мудири кафедраи “Забон ва адабиёт”-и ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ – Боқиев Ҳ.О. иштирок ва суханронӣ карданд.

     Дастаи ҳаваскорони “Муҳандиси ҷавон” бо барномаи фарҳангии худ хотири ҳозиринро шод гардониданд. Инчунин ба як қатор ҷавонони лаёқтманд ва фаъоли донишгоҳ – омӯзгорони ҷавон сипоснома ва ифтихорномаҳо супорида шуд.

        Рафти чорабинии мазкур аз ҷониби намояндагони ВАО – ТВ “Тоҷикистон”, ТВ “Сафина” ва ТВ “Синамо” наворбардорӣ шуд.


Back to list