ВОХӮРИИ НАМОЯНДАГОНИ БОНКИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТОҶИКИСТОН (ББТ) БО ХАТМКУНАНДАГОНИ ДОНИШГОҲ

 13.11.2021

26-уми октябри соли 2021 намояндагони Бонки байналмилалии Тоҷикистон (ББТ) бо донишҷӯёни курсҳои 3-юм ва 4-уми факултети Технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ (ТИваК)-и ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ вохӯрӣ гузаронид. Дар вохӯрии мазкур инчунин мудири шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва рушди касбият – Содиқов Х.С., мутахассиси шуъбаи мазкур – Зайниддинов Т.Н., декани факултети ТИваК – Ғафуров М.Ҳ. ва устодони факултет иштирок намуданд.

Сардори мудирияти технологияҳои иттилоотии ББТ Голубев И.Н. ба донишҷӯён корхонаро муаррифӣ намуда, зарурати кадрҳои тахассусии факултети ТИваК-ро дар фаъолияти кории ин корхона муҳим арзёбӣ кард.

Баъдан намояндагии корхона донишҷӯёнро бо самтҳои фаъолияти бонк, шароити кор шинос намуда, аз онҳо ба таври тестӣ имтиҳон гирифт. Барои ҳамкорӣ дар оянда аз онҳо барои тамос рақами телефон ва суроғаашонро низ гирифт.

Боиси қайд аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ноил шудан ба ҳадафҳо дар самти рушди иқтисодӣ дар назди системаи таҳсилоти олӣ ҳамчун воситаи бунёди сармояи инсонӣ вазифаҳои возеҳе гузоштааст, ки барои мусоидат ва гарави иҷрои он саъю кӯшиш менамояд. Стратегияи миллии рушди соҳаи маориф то соли 2020 вазифаи такмил ва модернизатсияи мундариҷаи мавҷудаи таҳсилоти олиро бо таваҷҷуҳ ба рушди малакаҳои касбӣ бо мақсади қонеъ гардонидани талаботи бозори меҳнат ва рушд дар иқтисодиёти мамлакатро ба миён мегузорад.

Тавре ки Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ хотиррасон карда буд, то давраи истиқлолият дар Тоҷикистон ҳамагӣ 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо 69 ҳазор нафар донишҷӯ фаъолият мекарданд. Имрӯз шумораи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба 41 адад, шумораи донишҷӯён ба 245 ҳазор нафар ва дар якҷоягӣ бо донишҷӯёне, ки берун аз ҳудуди кишвар таҳсил мекунанд, ба 285 ҳазор нафар расидааст.

Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ аз соли 1956 бо такя ба беҳтарин анъанаҳои ҷаҳонӣ ва ватанӣ принсипҳои муосир ва тамоюлҳои замонавии рушдро дар таълим ба роҳ монда, фаъолияти илмӣ ва таълимиро бомуваффақият идома дода истодааст.

Айни ҳол аз тарафи шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва рушди касбият бо 117 корхонаю муассисаҳо шартномаи тарафайн баста шудааст.

Бисёре аз ширкатҳо ҳангоми ба кор қабул кардан аз усули санҷиш ба таври тестӣ истифода мебаран, ки чунин тарзи имтиҳон намудани довталабон объективияти баҳодиҳии номзадро зиёд карда, имкон медиҳад, то принципи баробарҳуқуқӣ амалӣ гардад.

Содиқов Х.С., Зайнидинов Т.Н.

Шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва рушди касбият.


Back to list