Мулоқоти муовини раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон бо донишҷӯёни факултети сохтмон ва меъморӣ

 12.03.2022

Санаи 2-юми марти соли 2022 дар доираи иқдоми якҷояи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар факултети сохтмон ва меъморӣ муовини раиси Иттифоқи ҷавонони тоҷик Раҳимзода Умед бо донишҷӯёни факултет мулоқот анҷом доданд.
Дар мулоқот декани факултети сохтмон ва меъморӣ Якубов Алиҷон , мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Асоев Комрон, устодон ва донишҷӯён иштирок карданд.
Зимни мулоқот доир ба шарҳи нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», моҳияти омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва дигар мавзӯҳои мубрам маърӯзаҳо ироа карда шуданд.
Инчунин, зимни баргузории чорабинӣ ба як қатор аъзоёни фаъоли Созмони ҷавонони факултет ва Ҷамъияти илмии донишҷӯён ифтихорномаи садорати факултети сохтмон ва меъморӣ тақдим гардид.

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.


Back to list