Warning: unlink(/var/www/web.ttu/sessions/sess_cs49a5p7vf4d1q5mhqk0tmcvf1): No such file or directory in /var/www/web.ttu/index.php on line 20

Warning: filectime(): stat failed for /var/www/web.ttu/sessions/sess_h1jp75mqdllg63vrhg88tui0qi in /var/www/web.ttu/index.php on line 20

Warning: unlink(/var/www/web.ttu/sessions/sess_h1jp75mqdllg63vrhg88tui0qi): No such file or directory in /var/www/web.ttu/index.php on line 20
ВУСЪАТИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ БО МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ

ВУСЪАТИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ БО МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ

 10.02.2024

ВУСЪАТИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ БО МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ
 
Рӯзҳои 8-9 феврали соли ҷорӣ дар доираи амалисозии созишномаи тарафайн мулоқоти роҳбарияти донишгоҳ бо намояндагони Донишгоҳи миллии таҳқиқотӣ - техникии Иркутск ва Донишгоҳи давлатии техникии Новосибирск баргузор гардид.
Дар мулоқот масъалаҳои марбут ба фаъолияти байналмилалӣ, омӯзиши таҷрибаи пешқадам, таҳияи барномаҳои муштарак, табодули устодону донишҷӯён ва анҷом додани корҳои илмӣ таҳқиқотӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Зимни мулоқот роҳбарияти донишгоҳ пешбурди тағйироти рақамиро омили муҳими рушди соҳаи маориф арзёбӣ намуда, иброз доштанд, ки таҳкими ҳамкориҳо бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Федератсияи Русия самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои дуҷониба маҳсуб меёбад.
Дар фарҷом, ҷонибҳо барои мулоқоти пурмазмун изҳорӣ қаноатмандӣ намуда, зикр гардид, ки дар доираи созишномаи ҳамкорӣ ояндаи наздик баргузории дарсҳои кушод, иштирок дар маҳфилҳои илмӣ ва дигар чорабиниҳо тақвият хоҳанд ёфт.

Back to list